Главная / Илм / ЛОЛАХАСАК

ЛОЛАХАСАК

lolahasakЛОЛАХАСАК (Roemeria refracta), лоласурхак, лолақазоқ, гиёҳест яксола. Аз 10 то 60 см қад мекашад. Пояаш сершохаи патдор. Баргаш калон, пармонанд. Гулаш калон, сурхи баланд, гулбаргҳояш бодбезакшакл. Апр. – май (дар ноҳияҳои кӯҳӣ июн – июл) гул карда, май – июл тухм мебандад. Дар нишебиҳои гилхоки доманакӯҳу теппаҳо, саҳро, боғ, заминҳои партов, ҷарию ёнаҳои бе долу дарахт, канори роҳҳо мерӯяд. Онро дар ҳама ноҳияҳои Тоҷикистон (ғайр аз Помири Шарқӣ; дар баландии 700 – 3000 м) метавон дучор омад.
Л. дар тибби халқӣ ҳангоми бемории чашм истифода мешуд. Шираи гулбаргҳои онро дар мавриди офтобзадагӣ ва ихтилоли кори меъдаву рӯда (диспепсия) кор мефармоянд. Гулбаргҳои хушки Л.-ро чун воситаи таскинбахши дарди дил ва узвҳои ҳозима истеъмол мекунанд.
Реша ва баргу пояи Л.-ро дар давраи гулшукуфт барои ҳосил кардани алкалоидҳо меғундоранд. Дар тибби илмӣ доруи «рёмерин» тавсия шудааст. Он алкалоидест, ки таъсири кураремонанд дорад
Ад.: Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …