Главная / Илм / ЛУКЯНОВ Николай Борисович

ЛУКЯНОВ Николай Борисович

lukianovЛУКЯНОВ Николай Борисович (тав. 05. 11. 1938, ш. Душанбе), эпидемиолог, доктори илми тиб (1998), проф. (1999), Аълочии тандурустии ИҶШС. Хатмкардаи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1963). Духтури терапевт ва мудири беморхонаи деҳотии ноҳ. Москваи вил. Кӯлоб (ҳоло ноҳ. Ҳамадонии вил. Хатлон; 1965), роҳбари амбулаторияи сайёри чаррогоҳҳои ҶТ (1965 – 70), корманди хурди илмии шӯъбаи эпидемиологияи Пажӯҳишгоҳи эпидемиология ва гигиенаи Тоҷикистон (ҳоло Донишкадаи пешгирии бемориҳо; 1970 – 85), корманди калони илмӣ, роҳбари лабораторияи сирояти манобеи табиӣ (1985 – 86), мудири шӯъбаи эпидемиологияи Пажӯҳишгоҳи эпидемиология ва гигиена ва ҳамзамон котиб, баъд ҷонишини раиси Филлиали ҷумҳуриявии Ҷамъияти умумииттифоқии илмии эпидемиологҳо, микробиологҳо ва паразитологҳои ба номи И.Мечников (1986 – 99). Аз с. 1999 проф. (2002 – 04 мудир)-и кафедраи эпидемиологияи ДДТТ.
Дар мавзӯи «Такмили назорати санитарию эпидемиологии бактерияҳои бемориҳои рӯда, ки ба воситаи об мегузаранд ва тадбирҳои пешгирии онҳо дар Тоҷикистон» рисолаи докторӣ дифоъ намудааст. Муаллифи 180 асару мақолаҳои илмӣ, аз ҷумла 2 монография, 153 мақолаю тезис, 11 харита, 14 дастур ва тавсияи таълимию методӣ, 4 навоварист. Дар таҳия ва омодасозии бисёр қарору барномаҳои ҳукуматӣ ширкат варзидааст. Таҳти роҳбарии ӯ 1 наф. рисолаи докторӣ ва 3 наф. рисолаҳои номзадӣ дифоъ намудаанд.
Ос.: К обеззараживанию вод малой канализации. «Здравоохранение Таджикистана», Д., 1974, № 4; О воздушно-капельном механизме передачи гепатита А. «Здравоохранение Таджикистана», Д., 1982, № 1; Лептоспироз людей и животных в южных районах Таджикистана. «Здравоохранение Таджикистана», Д., 1992, № 4; Вирусный гепатит Е, Д., 1999; Таджикистан в зеркале медико-демографических процессов и общественного здоровья на постсоветском пространстве, Д., 2007.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …