Главная / Илм / ЛОРЕНС Олег Габриэлевич

ЛОРЕНС Олег Габриэлевич

nophoto-manЛОРЕНС Олег Габриэлевич (тав. 23. 04. 1923, ш. Тошкент), терапевт, доктори илми тиб (1972). Хатмкардаи факултаи муолиҷавии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1944). Лаборанти калон, ассистент ва иҷрокунандаи вазифаи мудир (1944 – 51), мудир (1951 – 67) ва дотсенти кафедраи физиологияи эътидолии ДДТТ (1967 – 94). Дар самти ошкорсозии нақши дастгоҳи ғадудҳои дарунӣ ва тағйироти мубодилавӣ дар раванди мӯътодшавии организм ба таъсири гипоксияи музмин тадқиқот бурдааст. Муаллифи 80 асару мақолаҳои илмист. Дар мавзӯи «Баъзе сифатҳои вазъи силсилаи асабу мушакҳо ҳангоми паст шудани фишори барометрӣ» рисолаи номзадӣ ва доир ба мавзӯи «Ғадудҳои усораи дохилӣ дар раванди мутобиқат ба гипоксия» рисолаи докторӣ дифоъ намудааст. Узви раёсати Ҷамъияти физиологҳои Тоҷикистон буд. С. 1994 аз ҷумҳурӣ кӯч бастааст.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …