Главная / Илм / ЛӯБИЁИ ХИРСАК

ЛӯБИЁИ ХИРСАК

lubiyoi-khirsakЛӯБИЁИ ХИРСАК (Vikna erecta), гули гург, растаниест бисёрсола. Пояаш рост (15 – 20 см қад мекашад), баргаш дарозрӯя, гулаш бунафши сафедтоб, тоҷгулаш мехчашакл, тухмаш махрутшакли қиррадор. Апр. – июл гул карда, май – авг. мева мебандад. Л. х. дар мавзеъҳои арчазор, марғзорҳои субалпӣ ва даштҳо, юғану камолзор мерӯяд.
Дар тибби мардумӣ барги Л. х.-ро чой карда, ҳангоми исҳоли хунин, заъфи меъдаю рӯда, ғалаёни хун, сардард, сарчархзанӣ истифода мебаранд, ҳини дарди дандон даҳонро обгардон мекунанд. Барги тару тозаи онро ба захм мегузоранд. Аз Л. х. доруи «Винкаметрин» гирифта шудааст, ки барои табобати бачадон истифода мегардад. Доруҳои «Девинкан» ва «Барвинкан гидрохлорид», ки дар асоси Л. х. таҳия шудаанд, ба сифати давоҳои фишорфарор (гипертонияи дараҷаҳои I ва II), неврозҳо, невритҳо, нимфалаҷ ва ғ. кор фармуда мешаванд.
Ад.: Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …