Главная / Гуногун (страница 51)

Гуногун

ДУОИ “ХАЙР”-И ЗОТИ “ШАРИФ”

duoi-islom

– Худоё! Худои меҳрубон! Бар сарам раҳмат расон! Аз гадоӣ деҳ амон! Зиндагии ў саропо ғаму дард! Рўзу шаб, шабу рўз! Аз бедорӣ ба хоб ва аз хоб ба бедорӣ! Ҳам рўзу ҳам шаб дар пероҳани оҳ месўхту месўхт! Рў ба само шеван мекашид! Инак, боз як рўзаш ба шаб …

Муфассал »

ДИЛСЎЗ – ҳикоя

duxtaroni-tojik-63

Сорохон – ходими калони шўъбаи вазорат, ки аз дар базўр медарояду ба нақлиёт дарояд, ҷои се касро бемалол банд мекунад, як соат дер ба кор омада, «уф-ф!» – гўён ҷусаашро ба рўи курсӣ партофт. Ва бо ҳазор сўзу гудози андўҳомез ба таассуфхўрӣ даромад. – Оҳ, дилу ҷигарам сўхт-е!.. Оҳ, вуҷудам …

Муфассал »

ДИЛРЕЗАҲО

duxtaroni-tojik-118

ДИЛРЕЗАҲО   Ҷавоне аз хирадманде пурсид: – Чӣ кунам, ки қарзи модар ба ҷо орам? Посух дод: – Ангишт даруни оташдони сарди кулбаи модар бишав.   *   *   *   Дўш аз пири пуртадбир пурсидам: – Дар зиндагӣ чӣ кунам? Гуфт: – Бисўз, вале гармӣ бидеҳ, на дуд.   *   …

Муфассал »

Дизертир – ҳикоя

dezertyr

Ўро табъ вожгун буду дил чун шоми ғарибон сиёҳ. Дар курсии корӣ менишасту на маҷоли сухан ва на майли амале дошт. Вай ҷавонмарде буд: зебо, зиндадилу хушгап, ба дилаш ғамро роҳ намедод. Аз он рўзе, ки ҳаёт дар ҷумҳурӣ ноором гашт, ў ҳам тағир ёфт. Чашмонаш чукида ва суп-сурх. Гўё …

Муфассал »

ГУЛ ДАР ЧАМАН ХУШ АСТ

duxtaroni-tojik-92

Ид буд он рўз! Зеботарин ид – иди занон, занони тамоми дунё! Пирамард аз ҳаррўза барвақттар хеста, як сабад гулдаста тайёр кард. Рўз акнун сафед шуда меомад, қуллаҳо бошад, кайҳо ғарқи нўри офтоб гашта, нофармону норинҷӣ метофтанд. Пирамард чашмонашро нимкоф карда, ба осмон менигарад. Ҳаво басо дилкаш буду дилкушо. Бо …

Муфассал »

БЎҚАЛАМУН

duxtaroni-tojik-96

Онҳо дар як деҳа, дар як рўз ба дунё омада буданд: Мастон субҳ, Айюб шом. Ҳамроҳ дар кўчаву паскўча даву тоз ва ҷангу ҷанҷол намуда, ба синни ҳафт расиданду ҳамроҳ ба мактаб рафтанд. Паси як парта менишастанд. Мастон ба Айюб мегуфт, ки ман аз ту калон, бояд маро ҳурмату эҳтиром …

Муфассал »

БОЗОРИ «СИЁҲ

unnamed

Ибтидои рўзи харобу хастаи тирамоҳ. Шамолаки сарде мевазид. Шохҳои дарахтон алвонҷ мехўрданд ва баргҳои тиллоранги онон лаҳзае дар осмон пар-пар карда, ба зери по меафтоданд. Дили Асад-бобо ки ба чайқовбозор равона буд, аз набудани мошин танг гардида, бесаброна ин тарафу он тараф рақсак мерафт. Дам ба дам ба умед ба …

Муфассал »

БАХШИШИ ТОҶИКӢ

tadgiki

Он рўз рўзи хуб буд, хеле хуб! Осмон соф буду беғубор. Ҳаво бениҳоят тозаву форам, кўчаҳо сергул, боби сайру гардиш ва кайфу сафо! Аммо, афсўс, сад афсўс, ки Серкорбек – бечора! – ба сархорӣ вақт надорад. Аз дасти кору бор роҳашро гум карда, чун ҳаррўза қоғазҳои ғарамшударо тагурў карда, ба …

Муфассал »

Барги сабз (ҳикоя)

hikoya

– Барги сабз, барги сабз!.. Як оҳи сард аз дили пурдард кашиду идома дод: – Барги сабз нашуда, бало шуд-ку?! Дар тамоми дунё ҳукмрон, соҳиби обрў, зеби киса!.. Бало занад! Нури дида, тоҷи сар! Аз кўдаки ҳафтсола то пири ҳафтодсола бо барги сабз чақ-чақ мекунанд?! Ё тавба?! Гапи Ризо рост: …

Муфассал »

АСОИ РЎДАКӢ

musafed

Хуршед дар теғаи кўҳи рў ба рў ҳамчун пири дар лаби гўр ба ғуруб мерафт. Сояҳо қад кашида, зулмотро ово менамуданд. Акси ғул-ғулаи рўзи ҷониби хомўшӣ раҳсупор ба авҷи ало мерасид. Димоғи Ортиқи Бурут чоқ, коре надошт, ки об аз боло меояд ё аз поён. Ғайричашмдошти ў Исмат ном шиносаш …

Муфассал »