Главная / Гуногун / ГУЛ ДАР ЧАМАН ХУШ АСТ

ГУЛ ДАР ЧАМАН ХУШ АСТ

Ид буд он рўз!

Зеботарин ид – иди занон, занони тамоми дунё!

Пирамард аз ҳаррўза барвақттар хеста, як сабад гулдаста тайёр кард. Рўз акнун сафед шуда меомад, қуллаҳо бошад, кайҳо ғарқи нўри офтоб гашта, нофармону норинҷӣ метофтанд. Пирамард чашмонашро нимкоф карда, ба осмон менигарад. Ҳаво басо дилкаш буду дилкушо. Бо рағбат ҳавои абиромезро ба димоғ мекашаду қафо мегардад. Шоду масрур, табъаш меболид, қалбаш месуруд. Вай бори дигар ба гулдастаҳои сабад менигарад. Бо меҳр, бо ҳавас менигарад. Чун падар ба фарзанд менигарад. Баъд зери лаб мегўяд:

– Чӣ хушрўед.

bihishtБале, гулҳо бағоят зебову қашанг ва ҷозибу дилрабо буданд. Ба хона бўи хуши баҳорро мебехтанд. Рангҳои ҳаяҷонбахши гулҳо гўё тамоми вуҷудашро нарм-нарм сила мекарданд. Дилаш аз фишори эҳсоси аҷибе ба изтироб меояд. Ва ў боэҳтиёт сабадро мебардорад. Гўё он кўдак бошад. Рўи ҳавлӣ мебарояд. Рўз гарм мешуд. Осмон каб-кабуд. Хуршеди оламтоб дурахшон. Ҳаво фараҳфизо. Ў ҳам хурсанд. Чаро хурсанд набошад? Гулдастаҳои бо арақи ҷабин парваридаи ў ба одамон хурсандӣ, шодмонӣ хоҳанд овард. Ва шояд – кӣ медонад! – бахт ҳам ато кунанд! Печони ҳамин эҳсосот ва бо қалби саршор аз сурур сўи бозор мерафт. Оё ў бори аввал ба бозор мерафт? Албатта не! Ба бозор бисёр рафтааст. Лекин ин дафъа дигар хел. Доим ў ҳамчун харидор мерафт. Имрўз бошад, ҳамчун фурўшанда. Гулфурўшӣ. Пирамард ҳеҷ гоҳ нияти гулфурўшӣ надошт. Панҷ сол пеш ба нафақа баромада, давлати пирӣ меронд…

Рўзе писари шаҳриаш меояд. Аз ин сўву он сў гап мезанад. Ва баъд аз девор тароша афтодагӣ барин амр мекунад:

– Дар ҳавлӣ гул бикор!

Падар бо аломати ҳайрат, суоломез ба писараш менигарад:

– Гулро чӣ кор мекунам?

Писар писхандомез табассум менамояд:

– Гул ба ту не, ба ман лозим.

Тааҷҷуби падар бештар мегардад:

– Ту онро чӣ кор мекунӣ?

– Гул! – ангушти ишоратиашро боло мебардорад писар. – Пул!

Тааҷҷуби падар дучанд мегардад:

– Пул?

– Ҳа, пул! Пули калон! Ана, бачаи чўлоқи Бўрия бин. Биниша пок карда наметавонист. Падараш гул корид. Дар як сол соҳиби хона, мошин шуд.

– Ҳм-м, – гўён, падар ба андеша меравад.

Ҳа, гапаш рост. Бачаи чўлоқи Бўрӣ аз паси гул бою бадавлат шуд. Ҳавасаш рафтааст. Орзую ҳавас зиён надорад. Вале он худ аз худ ҷомаи амал намепўшад. Заҳмат кашидан лозим меояд. Арақи ҷабин рехтан лозим меояд. О, то ранҷ накашӣ, ганҷ аз куҷо?!

Чанд лаҳза ҳар ду хомўш мемонанд.

– Чӣ гуфтӣ, дада? – ниҳоят яхи хомўширо мешиканад писар. – Чӣ, мо аз онҳо кам-мӣ?!

Падар нороҳат шуда, меҷунбад. Чашмаш ба чашмони писар бармехўрад. Мефаҳмад, ки ба сари писараш савдои пул задааст.

– Рост, мо кам не, – андешаманд мегўяд падар. – Вале пули калон ба ту чӣ лозим? Ба будаш шукр кун. Нимта нон роҳати ҷон. Ба васвасаи шайтон фирефта нашав.

– Нимта нон гуфта, ба куҷо расидӣ?! – якбора мешўрад писар. – На мошин дориву на хонаву дари ҳалол. Одам барин зиндагӣ кардан лозим. Барои ин пул даркор. Пулдор кабоб мехўраду бепул дуди кабоб.

Падар норозиёна ба ў нигариста, хомўш мемонад. Хаёле ба андеша меравад. Мехоҳад сухани сахте гуфта, ин ҳавою ҳавасро аз сари ў дур андозад, аммо аз раъяш мегардад.

“ – Хубу ганда фарзанд аст. Мурғи орзуву ҳавасашро куштан хуб нест“, – мегўяд таҳи дил ва сипас рў ба писараш меорад:

– Хайр, ман гулро мекорам, парвариш мекунам, кӣ онро мефурўшад?

– Ман! – сари синаашро дамонда, бо дабдаба мегўяд писар. – Ба Маскав як дипломат гул мебараму як дипломат пул меорам.

– Барои чӣ ба Маскав?

– Аввалан, ки ин ҷо айб, сониян, ин ки он ҷо гул қиммат.

Падар розӣ мешавад. Ба ними ҳавлӣ гул мекорад. Парвариш мекунад. Гулзоре мешавад ногуфтанӣ.

– Эҳа, дастат сабз будааст! – хурсанд шуда, бо завқ мегўяд писараш.

Ва худи ҳамон сол писараш як дипломати калонро пури гул намуда, ба Маскав мепарад. Ҳаво салқину серун. Ҳаловатбахш. Рўҳ гирифта, нирўе дармеёбад. Ва бардам қадам гузошта, сўи бозор меравад.

Вале ин дам…

duxtaroni-tojik-75Бале, ин дам мебинад, ки ду кас аз пасаш. Ба қавли худаш «дум». Саросемаву безобита мегардад. Лаҳзае дасту по гум мекунад.

“ – Тамом! – бо тарс мегўяд таҳи дил. – Ба даст афтодам. Мешинонанд. Шарманда, рўсиёҳ мешавам».

Тамоми вуҷудашро арақи сард пахш мекунад. Дилаш гуп-гуп ба задан медарояд. Ба тарсу ҳарос ин сў – он сў чашм медавонад.

“ – Кандан даркор!” – қарор мекунад таҳи дил.

Ва якбора роҳӣ мешавад. Гўё пой бар замин намегузошт. Парвоз мекард. Чанд кўча чапғалат медиҳад. Не, «Дум» канда намегардад. Мондаву шалпар, дамгир мешавад. Ҳақ-ҳақаш ба осмон мепечад, вале намеистад. Пеш меравад. Ба кўчаи калоне мебарояд. Кўча калон ҳам бошад, камодам. «Гум» шудан амри маҳол. Чӣ кор карданашро надониста, лолу ҳайрон мемонад. Ногоҳ чашмаш ба ҳайкале меафтад. Ба чашмаш гарму шинос менамояд ҳайкал. Дурустар зеҳн мемонад. Мешиносад: ҳайкали Ленин. Ким-чӣ хел аҷоиб ҳолате ба ў рўй медиҳад. Гўё гиреҳи сандуқи синааш якбора кушода мешавад. Қариб монда буд, ки: «Урра!» – гўён, дод бизанад. Беихтиёр ҷониби ҳайкал раҳсипор мегардад. Бошитоб, дав-давон меравад. Гўё саге таъқибаш менамуд. Чун ба ҳайкал мерасад, дипломатро ба замин мегузорад. Тез онро мекушояд. Саросема гулҳоро бароварда ба пояи ҳайкал мегузорад. Ва каме нафасашро рост мекунад. Баъд аз ҷо хеста, бо сари хам як дақиқа хомўш меистад. Сипас ба гулдастаҳо дида медўзад. Дилаш ҷиғғӣ мекунад.

“ – Ҳеҷ гап не, – дар дил худро тасалло медиҳад. – Пагоҳӣ омада мегирам”.

Дипломаташро гирифта, қафо мегардад. Мебинад, ки ҳамон ду нафар дуртар аз ў истодаанд. Акнун онҳо дасту по гум карда буданд.

“ – Бобатон кардам!” – писханомез ба онҳо нигариста, дар дил табли шодӣ мезанад. Ва бо овози баланд:

– Ленин: бародар – раҳнамо! – гўён, аз барашон гузашта меравад.

Тамоми шаб мижа таҳ карда наметавонад. Субҳ надамида, ба назди ҳайкал меояд. Меояду чун ҳайкал шах шуда мемонад. Аз гулҳо на пай буду на ҳайдар.

– Ленин – бародар, канӣ гулҳо? – бо дарду алам мегўяд ў ба ҳайкал.

– Бурданд! – гўё мегўяд ба ў ҳайкал.

Дилаш таги дег барин сип–сиёҳ мешавад. Боз ба ҳайкали Ленин менигарад. Дасти ба боло бардоштаи Ленин гўё ба ў: “Гум шав!” – мегуфт.

Ба хона баргашта, аз баҳри гулфурўшӣ мегузарад.

– Нест кун! – бо ғазабу нафрат амр мекунад ба падараш.

Вале дили мўйсафед намешавад. Гулзорро нобуд намекунад. Парвариш менамояд. Боре писараш омада, падарашро байни гулҳо мебинад. Писхандомез мегўяд:

– Ҳа, гулпарвар?!

Падар ҳам паст наомада, бо ҳамон оҳанг мегўяд:

– Ҳа, гулфурўш?!

Писар гулбоз набуд, пулбоз буд! Ҷилои пул чашмони ўро кўр карда, ҳусни ҷаҳонорои гулҳоро намедид.

– Гулбоз шудӣ-ку!

– Гулбоз аз пулбоз ҳазор бор беҳ!

Бале, гулбозӣ ба падар писанд меафтад. Ва ин шуғли асосиаш мегардад. Вай акнун аз субҳ то шом бо гулҳо буд. Бо нигоҳубини онҳо рўзашро кўр мекард. Аз ин ҳаловат мебурд. Рўҳ мегирифт. Қувваю дармон меёфт. Имсол ҳам гулзораш гул мекунад. Гулҳои бисёр. Ҳар навъу ҳар намуд. Зебову дилрабо. Ва намедонад, ки бо онҳо чӣ кор кунад. Менишинаду ба андеша меравад. Ин дам ба наздаш Асои муаллим меояд.

– Чаро хафа менамоед?..

– Хафа? Не, ман хафа не. Ҳамту каме ба фикр рафтам.

– Фикри чӣ? – кунҷковӣ мекунад Асо.

– Фикри гулҳоро, – ҷавоб медиҳад пирамард. – Намедонам, ки бо онҳо чӣ кор кунам.

– Бурда фурўшед, – бидуни андеша мегўяд Асо.

– Фурўшам? – пирамард духтарча барин суп-сурх мешавад. – Магар айб нест?

– Чаро айб будааст, – Асо сўи ў чашми ҳайрат медўзад. – Меҳнати ҳалоли худатон.

Пирамард боз ба андеша меравад. Рост, меҳнати ҳалоли худаш. Вале дудила мешавад: ба бозор барад ё не? Як рўзи дароз «равам, наравам» карда, ниҳоят ба хулосае меояд, ки маҳсули меҳнати ҳалоли худро фурўхтан ягон бадие надорад.

*       *       *

Пирамард ба бозор мерасад. Дар назди даромадгоҳ ҳоло нафасашро рост накарда буд, ки чанд кас пеши роҳашро мегирад. Яке мегуфт, ки ман мехарам, дигаре мегуфт, ки не ман мехарам.

– Аз дасти ту рўз нест. Ба ҳар бор пашша мешавӣ.

– Худат чӣ, нафси бадат бетаг, мурдахўр!

– Худат мурдахўр!

Ҷанҷоле мешавад аҷоибу ғароиб. Пирамард гиребонашро дошта зери лаб: “Ё навзанбиллоҳ, тавба кардам, Худоё!” – мегўяд. Ва мефаҳмад, ки инҳо ҷаллобҳоянд. Аз ў гулҳоро яклухт бо нархи арзон мехаранду баъд қиммат мефурўшанд. Нафраташ ҷўш мезанаду ҷиддӣ мегўяд:

– Ба ҳеҷ кадомат намедиҳам!

Ба растаи гулфурўшҳо меравад. Гулфурўш бешумор. Онҳо ба ў менигаристанд. Нигоҳҳои аҷибе. Таҳдор. Тамасхур. Нафрат. Кин. Ғазаб. Боз ким-чӣ…

Як ҷои холӣ меёбад. Мехоҳад ба он ҷо гузарад. Зани хомфарбеҳе ба ў нигоҳ накарда, бо зардаву дағалона мегўяд:

– Ин ҷой банд!

Пирамард ҳайрон мешавад. Чаро ин зан, ки бо гул сару кор дорад, ин қадар дағал аст? Боз ҷой мекобад. Меёбад. Бо тарсу ларз наздик мешавад. Хайрият, ки ин дафъа касе: «Банд!» – нагуфт. Одами бисёре аз назди онҳо гузашта мерафтанд. Баъзеашон дар назди ў таваққуф мекарданд. Нархи гулро мепурсиданд ва калла ҷунбонида, роҳи худро давом медоданд. Одам бисёр, гулхар кам. Аз ин пирамард ба тааҷҷуб меомад.

Зане ба ў наздик мешавад. Занро дидан замон дилаш гум мезанад. Ин зан ба завҷааш монанд буд. Гўё ў аз гўр хеста, баҳри тамошои мўйсафедаш омадааст. Рабти нафаскашии пирамард вайрон мешавад. Қариб монда буд, ки: «Зебоҷон!» – гуфта фарёд бизанад. То ба худ меояд, ки зан дар рў ба рўяш қарор мегирад. Зане буд ситорагарм, зебову озода. Дили пирамард чун гулҳояш мешукуфад. Ин лаҳза дар лавҳи хотираш нақши гесўвони мушкбези парешон, чашмони сиёҳи фаттон, ҷўши хандаҳои ақиқинлабони Зебо ба ҷилва меоянд. Ва ў зеботарин гулдастаро гирифта, сўи зан дароз мекунад.

– Ҳамшира, ҳамин гулдаста ба шумо тўҳфа!

– Тўҳфа?

– Ҳа, ҳа, тўҳфа. Аз ман ба шумо тўҳфа. Гиред.

Чеҳраи зан гулгун мегардад.

– Не, не, – мегўяд ва зуд аз ў дур мешавад.

Бадани пирамард тасфида, рўяш тоби гулгун мегирад. Аз карда сад пушаймон мегардад. Зери бори хиҷолат мемонад.

– Тир хок хўрд-ку?!

Ин гуфта ба гўшаш чун тир мерасад. Соҳиби овоз марди ҳамшафаташ буд.

– Чӣ хел тир? – намефаҳмад пирамард.

Мард қоҳ-қоҳ механдад.

– Эъ, о, ин ришу фаша дар осиёб сафед кардӣ?! Ҳӣ-ҳӣ-ҳӣ! Эҳ, содда! Хом! Ҳӣ-ҳӣ-ҳӣ!

Пирамард нав лаб ба сухан во карданӣ буд, ки ҷавони паҳлавонҷуссае, ки дар байни халқ ин қабилҳоро «Буққа» меномиданд, дар рў ба рўяш қарор мегирад. Ва бо зарда мепурсад:

– Гул чанд?!

Дар як он дар лабони пирамард табассум медамад.

– Се сомонӣ.

Ҷавон гўё ҳайрон мешавад.

– Қиммат-ку?!

– Наход?! – пирамард ба ришаш панҷа мезанад. – О, дигарон панҷ сомонӣ мефурўшанд-ку.

– Худата дон! – дўғ мезанад ҷавон. – Ба дигарон корат чӣ?!

Пирамард китф дар ҳам мекашад.

– Як сомонӣ медиҳам. Мешавад?!

Пирамард бо лабханд мегўяд:

– Аз афташ ошиқӣ, писарам. Гир, ҳамту, бепул.

Қошу қавоқи ҷавон якбора гиреҳ мезанад.

– Чӣ?! Ҳамту?! Бепул?!

– Ҳа, аз ман ба ту тўҳфа, ҳадя.

– Ҳадя?! Чӣ, ман ба ту духтарам, ки ҳадя мекунӣ?! А?!

– Не, чаро…

– Ҳа, ёфтам, харҷ агар аз кисаи мардум бувад, Ҳотами Той шудан осон бувад.

Пирамард ҳайрон шуда, музтар мемонад.

– Гулҳоят муфт.

– Муфт? Чӣ хел муфт?

– Аз гулгашти давлатӣ дуздидӣ!

Гўё ба синаи пирамард тир расида бошад, пайкараш таконе мехўрад. Ва чӣ гуфтану чӣ карданашро надониста, бо чашмони пур аз тааҷҷубу таҳассури рахшон ба рўи ҷавон менигарад. Башараи хунук ва чашмони берўҳу бенури ҷавон ўро безобита мекунанд.

– Канӣ пеш даро! – мегўяд ҷавон ва бо як даст сабади гулро ва бо дасти дигар аз китфи мўйсафед гирифта, кашола мекунад. Касе ба имдоди мўйсафед намерасад. Ҷавон мўйсафедро чун халта кашолакунон ба паси девор мебарад. Ва муште ба бехи гарданаш мефурорад. Пирамард меафтад.

– Аҷалат расидааст! Канӣ пул-мулатро барор!

Пирамард сахт метарсад. Дилаш дар қафаси сина бозӣ мекунад. Ранг аз рўяш мепарад, забон дар комаш мечаспад. Бисёр мехост, ки ягон чиз бигўяд. Ҷавонро ба инсоф биёрад. Вале чизе гуфта наметавонад. Ҷавон гулу пулҳояшро гирифта меравад. Пирамард даст ба қафаси сина мегузорад. Гўё дили аз қолаб баромадаашро мехост боз ба ҷояш бигзорад. Хориаш меояду дуд аз танўри дилаш фаввора мезанад. Лаб мегазаду ашк аз чашмонаш фуру меборад…

– Ба шумо чӣ шуд? – ҷавоне аз китфи ў медорад. Вай ба чашмони ҷавон дида медўзад. Дар он эҳтиром, меҳрубонӣ ва ташвишу изтиробро мехонад.

– Ҳеҷ чиз не. Ҳамту… мегузарад, – мегўяд пирамард ва дилаш вайрон мешавад. «Писари ман дар куҷоҳо саёқ-саёқ гашта бошад?! – таҳи дил мегўяд. – Оё ягон кор ва сарпаноҳе ёфта бошад? Эҳ, нодон, аз пасти пули калон шуда, сарсону саргардон дар мусофират нагашта, дар паҳлўям мебудӣ, қуввати дилам мешудӣ…»

– Духтур ҷеғ занам?

– Не, не, лозим не.

Ҷавон ба неву нестони ў нигоҳ накарда, вайро бурда, ба рўи хараке мешинонад. Пирамард гиребонашро дошта: «Шукр, ҳазор бор шукр!» – мегўяд. Гўё бори вазнине аз дўшаш раҳо меёбад. Оҳи сабуке мекашад. Ба ришаш панҷа мезанад. Сипас ба ҷавон рў меорад:

– Писарам, падару модар дорӣ?

– Ҳа, дорам, падар.

– Бар падарат ҳазор раҳмат, писарам.

Рўҳи пирамард сабукӣ меёбад. Ба осмон дида медўзад. Фазо софу беғубор. Ҳаво фораму дилкаш. Он қадар, ки ў намехост бархезад. Вале қуввае ўро мебардорад.

“ – Оҳ, қариб гулҷаллоб, ҷалоди гулҳо шуда будам”, – мегўяд дар дил ва ба роҳрав мебарояд. Осори кўфтагиро ҳис намекард. Тезтар рафтан даркор. Охир, ўро гулзор интизор! Не, дигар ў гулҳоро намечинад. Бигузор зеби ҳота, зеби чаман бошанд. О, шоире чӣ хуб гуфта:

                                   Ҷон дар бадан хуш аст,

                                   Гул дар чаман хуш аст.

Ид буд он рўз!

Зеботарин ид – иди занон, занони тамоми дунё!

 8 августи соли 1994

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …