Главная / Гуногун / БЎҚАЛАМУН

БЎҚАЛАМУН

Онҳо дар як деҳа, дар як рўз ба дунё омада буданд: Мастон субҳ, Айюб шом. Ҳамроҳ дар кўчаву паскўча даву тоз ва ҷангу ҷанҷол намуда, ба синни ҳафт расиданду ҳамроҳ ба мактаб рафтанд. Паси як парта менишастанд. Мастон ба Айюб мегуфт, ки ман аз ту калон, бояд маро ҳурмату эҳтиром намоӣ. Айюб бе ин ҳам ўро ҳурмат мекард, номашро бо меҳрубонӣ ба забон мегирифт. Вале Мастон ба Айюб «Ҳа, сағира!» – гўён гап мезад. Айюб чанд муддат тоқат кард. Як рўз тоқаташ тоқ шуду гуфт:

– Мастон, илтимос, маро сағира нагў!

– Хайр, ана ятимча мегўям! Мешавад?

– Кал додари кўр, – ранҷида гуфт Айюб. – Ҳарду як маъно доранд. Охир, ман на ятимаму на сағира. Шукри Худо падару модар дорам.

– Э, ин хел падару модари қашоқро набуданашон беҳ, – гуфт Мастон.

Аз ин таҳқир Айюб ба шўр омада, муште фуровард ба сари ў. Вале танбеҳ нашуд. Солҳо паи ҳам мегузаштанд. Мактаби миёнаро хатм карданд. Ҳарду ба як донишгоҳ ҳуҷҷат супориданд.

– Айюбҷон, – гуфт Мастон. – Биё ҳардуямон як кайф кунем. Азизон: «Бо дўстон нону пиёз!» – гуфтаанд.

Ва ў барои Айюб як дона яхмоси аз ҳама арзон харид. Айюб таҳи дил: «Ба ҳаминаш ҳам шукр, аз хук мўе» – гўён, яхмосро аз дасти ў гирифт. Пас аз хўрдани яхмос, Мастон ғуссаи дилашро кушод.

– Айюбҷон, ҷон ҷураҷон, ҳардуямон якҷоя ба имтиҳон дароем.

– Барои чӣ? – пурсид Айюб.

– Шумо ба ман ёрӣ медиҳед-да.

Айюб ба донишгоҳ дохил шуду Мастон не. Вай ба деҳа баргашта, подабон шуд. Айюб донишгоҳро хатм карда, ба кор омад. Мастон аз деҳа яку-якбора ғайб зад. Пас аз як сол як лаб дар замину як лаб дар осмон ба утоқи кории Айюб омад. Ўро шинохта намешуд. Аз як ҷавони қоқу воқ ба марди ҳуму лумб табдил ёфта буд. Пас аз бўсу канор Мастон мушт ба сари сина зада, хитоб намуд:

– Акоят иқтисодшиноси дипломи сурхдор!

– А? – ҳайрон шуд Айюб ва «деҳ куҷо, дарахтон куҷо?» буданашро надониста, бо нобоварӣ:

– А, чӣ гуфтӣ? Кай, дар куҷо хондӣ? – гўён ба даҳонаш нигарист.

– Ангура хўру боғаша напурс, – хурсандона гуфт Мастон. – Хондам, нахондам, муҳим не. Муҳим он ки соҳиби дипломи сурх ҳастам. Акнун шумо барои ман як кори хайр кунед, олам гулистон мешавад.

– Хуш, чӣ кори хайр кунам?

– Шумо пешдаро шавед, ки маро ба кор гиранд. Як умр бандаю садқаат мешавам, – бо гардани каҷ зора намуд Мастон.

– О, чӣ хел…

– Аз ин кори осон нест, – сухани ўро бурида, гуфт Мастон. – Ҳа, шумо маро таъриф карда, ба осмони ҳафтум бароред. Гўед, ки иқтисодшиноси беҳамто, саводаш зўр, калааш пури идеяҳои нав, қаламаш бурро, ҳусни хаташро «тамошо кунем» мегўед.

Айюб ба ин он қадар боварӣ надошт ва ба ҳар ҳол «аз сурнайчӣ як пуф» гўён, бо гуфтаи Мастон амал намуд. Ва чӣ мегўед, ки ин нақша амалӣ гашт. Мастон вазифа гирифт. Ҳамеша даҳонаш инҷ, табассум аз даври лабонаш канда набуд. Аввалин шуда, салом медод, гарму нарм, самимӣ аҳвол мепурсид. Ба ҳама «муаллимҷони азиз!» – гўён, муроҷиат мекард. Чанд супориши хурду калони сардорро аз гуфташ беҳтару аз будаш бештар ба иҷро расонда, ба шахси «боваринок» – и ў табдил ёфт. Ва муддати зиёде нагузашта, сардори Айюб таъин гардид. Ва якбора ба шахси басо ҷиддӣ ва серталаб мубаддал шуд ў. То ҳадде ки аз қошу қавоқаш барфу борон мерехт. Cару либосаш, роҳгардӣ, гапзаниаш ҳам тағйир ёфт. Аз ҳайбаташ хари ало мерамид. Онҳо дар як утоқ менишастанд. Акнун Айюб хақ надошт, ки гап занад. Дар фазои коргоҳ сукути пурасрору ваҳмангез ҳукм меронд. Мастон ба ҳар майда чуйдаҳо эрод мегирифт. Ба сари Айюб дод зада, дўғу даранг мекард. Айюб «Худкардаро даво нест» – гўён, чашмашро кўр ва гўшашро кар карда, тоқат меовард.

Як рўз Мастон нохост, гўё чизи муҳиме ба ёдаш расида бошад, аз ҷояш бархосту ба пешу қафо ду-се қадам зад ва ба Айюб рўй оварда:

– Ҳой! – гуфт.

– Чӣ? – сар бардошт Айюб.

– Дар чанд калид дорад? – бо зарда пурсид Мастон.

– Дар? Кадом дар? – ҳайрон шуд Айюб.

– Боз кадом дар мебуд, нофаҳм?! – Мастон рўи худро турш кард. – Дари утоқ!

– Кадом утоқ?

– Утоқи ман!

– Ҳа-а, сето, – ҳайрати Айюб зиёдтар шуд. – Чӣ буд?

– Чӣ буд, чӣ буд?! Бало буд! Биёр калидҳоро! – додзанон амр кард Мастон.

Айюб ҳайрон ба ў нигарист, пиндошт, ки ў вайро масхара карданист. Вале дид, ки ў ҷиддӣ гап мезанад, дар лабонаш ханда ҳам набуд.

– Онҳоро чӣ кор мекунӣ?

– Корат чӣ?! – дўғ зад Мастон. – Тез биёр!

«Буза ғами ҷон, қассобро ғами чарбу» – дар дил гуфт Айюб ва ҳарсе калидро «марҳамат» гўён, ба рўи мизи Мастон монд.

– Ба дастам диҳӣ мемурӣ?! – бо дуруштӣ сиёсат кард Мастон.

Айюб дам назад, таҳқирро фурў бурд. Мастон ҳарсе калидро гирифта, ба киса андохт ва бо виқор нидо намуд:

– Калид бояд дар дасти ман бошад!

– Барои чӣ? – соддадилона пурсид Айюб.

– Барои чӣ? Ҳамин чизи оддиро ҳам намедонӣ?! – масхараомез гуфт Мастон.

– Не, намедонам, – иқрор шуд Айюб.

– Эҳ, ин ҳафтафаҳма бин-е! – бо дуруштӣ таъна зад Мастон. – О, ман кӣ? Cардор! Сар-р-дор!

Айюб бо маънои «хайр чӣ?» ба ў менигарист.

– Сардор ҳамеша ҳақ! – хитоб намуд Мастон. – Фаҳмидӣ?! Не, фаҳмидӣ?!

– Ҳов! – бедимоғ нидо намуд Айюб.

Мастонро чашм гирифт. Як калидро гум кард.

– Бало ба пасаш, калиди каҷу зангзада буд, – гуфт Мастон бепарво. – Хайрият гум шуду кисаам аз ин дарди сар халос хўрд.

Чанде нагузашту калиди дуюм ҳам гум шуд.

– Бало ба пасаш, инаш ҳам калиди безеб буд, – гуфт боз Мастон бепарво.

Пас аз чанде дарк намуд, ки калиди сеюмро ҳам гум карданаш аз эҳтимол дур нест. Аз ин рў калиди сеюмро ба Айюб дода гуфт:

– Калид бояд дар дасти ту бошад!

Айюб боз соддадилона пурсид:

– Барои чӣ?

– Эҳ, ин ҳафтафаҳма бин-е! – бо дуруштӣ таъна зад Мастон. – Ту кӣ? Зердаст! Зер-р-даст!

– Хайр чӣ? – китф ба ҳам кашид Айюб.

– «Хайр чӣ?» будааст?! Хайр не! Ҳа, дарро бояд зердаст қулф кунаду кушояд! Фаҳмидӣ?!

– Бо ҷону дил! – масхараомез хитоб намуд Айюб.

Акнун дарро Айюб қулф мекарду мекушод. Ҳамон рўз Айюбро мудир паи коре фиристод. Худаш ба маҷлис шитоб дошт. Аз ин рў, Айюб дарро қулф кард ва калидро ба Мастон дод. Айюб супоришро иҷро карда, пас аз чор соат баргашт. Якбора вазъи ҳаво тағйир ёфт. Шамоли сард вазида, абрҳои сиёҳ осмонро фаро гирифтанд. Реза – реза барф омад. Айюб ба ҷои кор наздик шуда, дид, ки Мастон дар назди дар сигор дуд дода, пешу қафо қадам мезанад. Авзояш чун ҳавои имрўза тағйир ёфта буд. Аз қошу қавоқаш барфу борон меборид. Ин лаҳза ў ба худ ҷазм кард: Айюб биёяд, на танҳо дашномҳои дастабиринҷӣ, балки «ту ба ман лозим не, бирав!» гуфта, оташи ғазабашро менишонад. Ва баробари Айюбро дидан ба дўғу пўписа даромад:

– Куҷо мегардӣ, дайду?! Ман се соат боз интизор! Се қуттӣ сигор тамом шуд!

– Гуноҳи ман чӣ? – бепарво гуфт Айюб.

– Чӣ-ҳӣ! Ту мастӣ ё ҳушёр? Се соат гуму гур шуда, меравию боз «гуноҳи ман чӣ?» мегўӣ?! – Мастон аз ғазаб гўё ҷои помонӣ намеёфт.

Айюб дигар ҳарфе ба забон наоварда, ба ў менигарист. Ин ба оташи ғазаби Мастон равған пошид. Ва ў наъра зад:

– Ту ба ман лозим не, бирав!

– Аъ-а? Ба некӣ бадӣ будааст-да. Худатон фиристодед-ку. Боз…

Оташи ғазаби Мастон бештар аланга гирифту аррос заду гуфт:

– Эҳе-ҳой! Ту чӣ сафсата мехонӣ?!

– Сафсата не, рост…

– Не, ту як забон не, сад забон дорӣ. Дурўғ нагу, рута сиёҳ накун!

– Охир, мана коғазҳои фармудаатонро овардам, – коғазҳои дасташро ба ў дароз кард Айюб.

Супориши додааш ба ёди Мастон омаду сир бой надода, дўғ зад:

– Шуд! Дарро кушо-е!

Айюб ҳарфе нагуфта, тамасхур кард. Мастон ба сари ў дод зад:

– Дарро кушо мегўям!

– Бо чӣ кушоям?

– Бо сари қаврат! – меғазабад Мастон. – Бо калид!

– Калид дар кисаи ман не, – мазоҳомез гуфт Айюб.

– Дар кисаи кӣ?! – бо оҳанги танбеҳ пурсид Мастон.

Айюб чашм бар замин афканд. Ва баъд боз сар боло намуда, гуфт:

– Дар кисаи ҷанобашон!

– Боз «чанобашон» кӣ?! – дўғ зада, пурсид Мастон.

– Шумо-дия! – заҳрханда намуд Айюб. – Боз кӣ мешуд?

– Чӣ?! Худоё, аз тўҳмати ноҳаққу балои ногаҳон нигоҳ дор! Ин бача ба сарам бало шуд-ку! Се бор кисаҳоямро тагурў карда, наёфтаму…

– Боз як бори дигар бинед-чӣ!

Ў даст ба киса андохт. Ва лаҳзае шах шуда монд. Гўё дасташро касе дошт. Сипас тез дасташро аз киса баровард. Дар дасташ калиди дар буд.

– Уф-ф-ф, – нафаси дароз кашид ў. – Сабил, дар кадом кунҷи киса руст шуда будааст.

Баъд «э, калид нашуда, мур!» – гўён, бо қаҳр калидро ба замин зад. Калиди бечора аз ин ситам фиғон кашида, чанд бор ба боло хез зада, оқибат қарор мегирад.

Айюб хомўш меистод. Мастон боз ба сари ў дўғ зад:

– Э, даҳони воз, чӣ, хода барин рост истодаӣ?!

– Ҳа, боз чӣ кор кунам? – бо оташинӣ пурсид Айюб.

– Калидро бардору дарро кушо! – амр кард ў.

– Касе, ки партофт, бояд бардорад! – бо қаҳр ҷавоб дод Айюб.

– Чӣ-ӣ?! Тоза ҳам кўрнамак будаӣ-ку?! Ҳамқишлоқӣ, ҳамсинф гуфта, ҳурмат кунам, ба болои сарам баромаданӣ-ку ту-а? Не, ҷазо медиҳам. Ҳа, бас рўихотирбинӣ!

Дар лабони Айюб табассуми тамасхуромез аён шуд, дар чашмонаш оташаке барқ зад.

– Ҷазо медиҳед ё аз кор меронед, ҳамааш нури дида. Тезтар ронед, ки ҷонам ба лаб омад. Чӣ бисёр кор. Сад дари баста, як дари кушода.

«О, ин равад, ман ба сари кӣ дод мезанам? Ба сари кӣ борони қаҳру ғазабамро рехта, сабук мешавам? Э, не, бе ў мекафам-а?»

– Расо пўстини ҷаҳлро чаппа пўшидед-да, Айюбҷон, – гуфт ў бо табассум ва калидро аз замин бардошт.

27 августи соли 2000

 

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …