Главная / Гуногун / БАХШИШИ ТОҶИКӢ

БАХШИШИ ТОҶИКӢ

Он рўз рўзи хуб буд, хеле хуб!

Осмон соф буду беғубор. Ҳаво бениҳоят тозаву форам, кўчаҳо сергул, боби сайру гардиш ва кайфу сафо! Аммо, афсўс, сад афсўс, ки Серкорбек – бечора! – ба сархорӣ вақт надорад. Аз дасти кору бор роҳашро гум карда, чун ҳаррўза қоғазҳои ғарамшударо тагурў карда, ба қавли баъзеҳо маошашро «ҳалол» мекард. Ин лаҳза ғиҷиррос зада, кушода шудани дари утоқ ўро ба худ овард. Пиндошт, ки сардор аз ҳоли кор мепурсад. Аммо гумонаш ботил баромад. Ба утоқ сардор не, Бекорбек, марди паканаи лўб-лўндаи тоссар, ворид гашт. Табъи чоқ дошт.

– Монда набошед! – хушнудона нидо намуд ў.

– Саломат бошед!

– Бахайр, худаш чӣ гап?

– Дида истодаед, кор мекунам!

– Худо қувват диҳад, ғайрати шумо баҷо! – бардам-бардам қадам монда истода боз нидо намуд ў.

tadgikiҲоло ба гўши Серкорбек овози булбул ҳам намефорид. Аввал як хост бигўяд, ки: «Илтимос, баъдтар даро, ман ҳоло банд». Вале ҳамзамон мақоли: «Изои бандаи мўъмин ҳаром!» – ба ёдаш расиду аз ин райъаш гашт. Айнакашро аз чашм гирифта, рўи миз гузошт. Ва зўракӣ табассум намуда:

– Марҳамат, биёед, – гўён, одобро ба ҷо овард Серкорбек.

Вале баъдтар ҳазор пушаймон шуд, аммо чӣ суд – тир аз камон ҷаста!

– Биё нагўед ҳам, омадем, – қаноатмандона бо даҳони пур табассум карда, беибо гуфт Бекорбек.

– Э ғайрат кардед-дия, – абрў чин намуда, нимғурма ва каме бедимоғ гуфт Серкорбек.

– Медонам, медонам! – бо як болидаруҳие нидо намуд Бекорбек. – Гумон накунед, ки намедонам. Ҳамаашро медонам. Ҳа, ҳамаашро медонам. Шумо одами бениҳоят серкор. Коратон аз мўи саратон бисёр. Чӣ хеле ки мегўянд, ба сархорӣ вақт намеёбед. Аммо… Вале… Лекин… Ҳа, ман ба вақти шумо зомин намешавам. Ҳа, ҳамагӣ як дақиқа вақтатонро мегираму халос. Як дақиқа! Бовар кунед! Танҳо як дақиқа! Зиёд не! Лекин аввал қарзро адо намудан лозим…

Сухани ўро бурида, бо ҳайрат пурсид:

– Қарз?!

– Ҳо! – нидо зад Бекобек. – Қарз-қарз!

Бо таҳайюр ба рўи Бекорбек нигарист.

– Чӣ хел қарз?

Дар ҷавоб бо тантана нидо зад:

– Қарзи инсонӣ!

– Қарзи инсонӣ? Валлоҳ, ки…

– Э, мардак! Охир, мо тоҷикем. Мегўянд-ку: расми хуби тоҷиконро гум макун! – зуд инони суханро ба даст гирифт Бекорбек ва ба Серкорбек даст дароз кард: – Бардам, соқу саломат ҳастед?

– Ташаккур, нағз, – ноилоҷ даст дода, бо дили нохоҳам ҳавоб дод Серкорбек.

– Чӣ хубе, чӣ хубе! – дасти Серкорбекро такон дода гуфт Бекорбек. – Янга чӣ тавр, янга?

– Ташаккур, вай ҳам бардам, соқу саломат, – ҷавоб дод Серкорбек.

– Оҳ чӣ хуб! – хушнудона нидо намуд Бекорбек. – Фарзандон чӣ, фарзандон? Агар хотираам бевафои накунад… онҳо шаш нафаранд-а?

– Ташаккур, даву тоз, ғелидаю жўлида, ба воя расида истодаанд, – бедимоғ посух дод Серкорбек.

– Хешу ақрабо чӣ ҳол доранд? – боз суол дод Бекорбек. – Агар хотираам бевафои накунад, як пода хешу ақрабо доред-а?

– Ташаккур, ташаккур, – асабиёнаю бозарда ҷавоб дод Серкорбек. – Ҳоли хешу ақрабо, авлоду аҷдод, ҳаққу ҳамсояҳо ҳам дуруст, сад дар сад!

Вале ин гуфта ба Бекорбек сари мўе таъсир нарасонд.

– Оҳ, чӣ хуб! Чӣ хуб! Ҳа, воқиан рўзҳои истироҳатро нағз гузарондед? Ба дараи Варзоб рафтагистед-а? Ё ба дараи Ромит рафтед?

Серкорбек оҳи чуқуре кашида, каме бо овози баланд гуфт:

– Не ба ину на ба он!

– Эъ, чаро? О-о, барои чӣ-ӣ?

– Охир, банд будам.

– Банд будед? Дар куҷо?

– Дар кор будам…

– Нахо-о-од? – сухани Серкорбекро қайчӣ зад Бекорбек. – Э шумо одами асил. Агар гўям, ки гавҳари ноёб, хато намекунам. Медонед, шумо ба падаратон рафтагӣ! Ҳа, ҳа! Як себи дукафон-е! Ҳа, ҳа! Ман падаратонро – гўрашон пурнуру ҷояшон ҷаннат бошад! – хуб мешинохтам…

– Чӣ, чӣ?! Э ҳой, ба даҳонатон нигоҳ карда гап занед. Худоро шукр, падари ман зиндаву саломат!

 – Нахо-о-од?! О, лаънатии Ғайбатбек-е! Ҳамон падарлаънат ин гапа гуфт-а? Ҳа забоната ғунда газад-е! Хайр, боз хубтар. Ман ҷудо хурсанд шудам. Хайр, Худо умрашона дароз кунад! Ҳа, шумо ба падаратон рафтаед. Охир, аз гул гул мерўяду аз шўра шўра гуфтагӣ барин, шумо падаратон барин гули сари сабад.

Серкорбек аз ин суханҳо лабонашро норозиёна фушурда, чизе нагуфт. Бекорбек бошад, бо фахру ғурур ва саросема боз ба гап даромад.

– Шумо боз хаёл накунед, ки ман комплимент мегўям. Рост мегўям, бе ҳеҷ таърифу хушомад. Ҳа, ин ҳақиқат аст. Ман каҷ шинам ҳам, гапа рост мегўям. Ҳа, баъзеҳо барин дурўя нестам. Бовар кунед!

Серкорбеки босабру тоқат аз серҷоғии Бекорбек бесаранҷом гардид. Аммо Бекорбек парвои фалак надошт.

– Заҳмат кашидед-да, – заҳрханда кард Серкорбек ва бархост. – Лекин, кори таъҷилӣ…

– Э-э-э, чӣ хел заҳмат будааст, – сухани ўро қайчӣ зада, бепарво даст афшонд Бекорбек ва курсиро қафо кашиду рў ба рўи Серкорбек нишаст.

Серкорбек аз ин қадар ширеш барин часпидани Бекорбек ва нимкора мондани кораш дилтанг шуда, намоишкорона рўй турш намуду нигоҳи бадқаҳронае ба сўи Бекорбек андохт.

– Медонам, медонам! – боз бо як болидарўҳие нидо намуд Бекорбек. – Шумо одами бениҳоят серкор. Коратон аз мўи саратон бисёр. Чӣ хеле ки мегўянд, ба сархорӣ вақт намеёбед. Лекин ман ба вақти шумо зомин намешавам. Ҳа, ҳа, зомин намешавам. Ҳа, ҳамагӣ як дақиқа вақтатонро мегираму халос. Гуфтам-ку: як дақиқа! Зиёд не! Бовар кунед!..

– Бовар мекунам! – бадқаҳрона сухани ўро бурид Серкорбек. – Ху-уш?!

– Ху-у-уш, ки бошад, ман омадам, ки аз шумо бахшиш пурсам, – оромона гуфт Бекорбек. – Ҳа, бахшиш пурсам!

– Бахшиш? – Серкорбек ҳайратомез ба Бекорбек нигарист. – Бахшиш? Аз ман? Барои чӣ?

– Э, зинда бошед-е! – табассум кард Бекорбек. – О, ман гунаҳгор. Ҳа, рўзи ҷумъа гуноҳи калон кардам.

– Гуноҳ? – пурсид Серкорбек ва ўро ким-чӣ хел ҳисси номафҳуми ташвишу изтироб фаро гирифт.

– Ҳа, гуноҳ-гуноҳ! – ботантана гуфт Бекорбек. – Гуноҳи калон!

– Оҳ-ҳа, ана гапу мана гап! – бо таҳайюр ба рўи Бекорбек нигарист Серкорбек. – Чӣ хел гуноҳ?

– Чӣ хел гуноҳ? Ба шумо чӣ хел фаҳмонам… Ҳа, медонед, ман як одат дорам, – файласуфона ба сухан оғозид Бекорбек. – Ҳа, бисёр одати хуб. Ин одат аз падарам ба ман мерос мондагӣ. Ҳар шаб пас аз кор ва хўроки шом мисраҳои шоирро ба ёд меорам: «Ҳар шаб зи худат бипурс агар ту мардӣ, к-имрўз чӣ хизмате ба мардум кардӣ». Пас аз ба хотир овардани ҳамин мисраҳо пай бурдам, ки дар баробари хизматҳои шоён боз як гуноҳ ҳам кардаам. Ҳа, як гуноҳ. Худоё, тавба! Ду рўз чӣ қадар азоб кашидам. Аз гулўям об нагузашт гўям, бовар кунед. Ба фикрам як се-чор килло хароб ҳам шудам.

– О, чӣ хел гуноҳ кардед, охир?! – беқаророна пурсид Серкорбек.

– Рўзи панҷшанбе буд ё… не, не ба фикрам рўзи ҷумъа буд, – гуфт Бекорбек. – Ҳа, аниқ рўзи ҷумъа буд.

– Чӣ буд рўзи ҷумъа?

– Рўзи ҷумъа ман ба наздатон даромада будам-а? – пурсид Бекорбек. – Ёд доред? Ба ёд биёред.

Серкорбек норозиёна паси сар хорид.

– Не, ёд доред?! Бояд ёд дошта бошед! Ҳеҷ мумкин нест, ки ёд надошта бошед.

– Ҳа, ҳа, ёд дорам, – дилу бедилон ҷавоб дод Серкорбек. – То ки тезтар аз ў халос шавад.

– Офарин! – хушҳолона нидо зад Бекорбек. – Дидед, шумоя хотираатон ҳам қавӣ! Ҳо-о соати даҳ буд ё… не, не, соати ёздаҳ буд? Ё…. соати… ҳа, соати ёздаҳуним буд. Рост, соати расо ёздаҳуним буд. Ҳа, аниқ! Чунки аз тиреза чашмам ба сардорамон афтод. Ў ба хўроки нимрўзӣ мерафт. О, ў ҳар рўз ним соат пеш меравад-ку. Одаташ ҳамин… Ба сардор бинг гуфта ҳам бин-дия. Кӣ ҷуръат карда метавонад ба ин? О, шумо ҳам ўро арбобу тўра мегўед-ку!

Серкорбек ба ғазаб омад, вале худро бо азобе дошту таҳдидомез:

– Ху-уш?! – гуфту гиреҳи галстукашро андаке сустар карда пурсид:

– Хайр, баъд чӣ?

– Баъд чӣ? Ҳа, хуш, ки бошад, соати ёздаҳуним ба наздатон даромадаму якто сигор пурсидам. Ҳа, танҳо як дона сигор. Ҳамагӣ якто сигор! Шумо гуфтед, ки надорам. Ҳа, надорам гуфтед. Ҳарчанд, ки сигор доштед. Хайр, чӣ ҳам мегуфтам. Рўи одам гарм, нур дорад…

Ин дам косаи сабри Серкорбек лабрез гашту худро дошта натавонист.

– Ҳой лаққии беимон! – бонг зад ў. – Ман сигарет намекашам!

– Шумо сигарет намекашед?!

Аз шиддати изтироб лабҳои ў париданд.

– Ҳа! Намекашидам! Намекашам! Ва ҳеҷ гоҳ кашиданӣ ҳам нестам!

– О, дарҳол хурўси ҷангӣ нашавед! – пичингомез гуфт Бекорбек. – Ҳай-ҳай, нағз не. Нағз не-е. Хайр, сигор накашед не-дия! Охир, ин он қадар аҳамият ҳам надорад…

Хун ба сари Серкорбек зад ва бо овози пурғазаб ба фарёд гуфт:

– Набошад, чӣ аҳамият дорад?!

– Вақт! – нидо зад Бекорбек. – Ҳо, ҳо, вақт!

– Чӣ хел вақт?

– Вақти шумо! Ҳо, ҳо! Охир, ман бо хоҳиши аҳмақонаи худ як дақиқа вақти қиммати… Э қиммат чӣ, вақти тиллои шуморо ба боди сабо додам. Ҳа, ба боди сабо! Аз ин корам шарм медорам. Бовар кунед! «Кори имрўзаро ба фардо нагузор» – гуфтаанд. Барои ҳамин омадам, ки аз шумо бахшиш пурсам. Маро бубахшед, дўсти азиз…

– Бас аст!!!

Ваҷоҳати Серкорбек чунон бимангез буд, ки Бекорбек дигар чизе нагуфта, утоқро тарк кард.

Он рўз рўзи хуб буд, хеле хуб!

 6 январи соли 2001

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …