Главная / Гуногун / АСОИ РЎДАКӢ

АСОИ РЎДАКӢ

Хуршед дар теғаи кўҳи рў ба рў ҳамчун пири дар лаби гўр ба ғуруб мерафт. Сояҳо қад кашида, зулмотро ово менамуданд. Акси ғул-ғулаи рўзи ҷониби хомўшӣ раҳсупор ба авҷи ало мерасид.

Димоғи Ортиқи Бурут чоқ, коре надошт, ки об аз боло меояд ё аз поён. Ғайричашмдошти ў Исмат ном шиносаш даромада меояд. Хаёле бемаънову пуч ба ў менигарад. Ва баъд… авзояш дигаргун мешавад. Чунон бо ҳайрат ва тааҷҷуб ба ў менигарад, ки гўё баногоҳ аз сайёраи дигар фуруд омада бошад.

– Ўҳ-ҳу-ууу! Кор тамоман расво мешудагӣ барин-ку! – бо оҳанги беҳаёёнаю моҷароталабона мегўяд Ортиқи Бурут. – Дар урфият: “Ҳаром мурдани гўсоларо медонистам, бо ду чакса сабўс мефурўхтам” – мегўянд.

musafedСуханони таҳқиромези ўро беҷавоб монда, на сиёҳ мегўяд на сафед, менишинаду даст ба дуо мебардорад:

– Омин, хайрияти қадам, хотири ҷамъ, дили беғам, ободии макон, қадам расид, бало нарасад!

Ҳарду даст ба рўй мебаранд.

– Бало расид! – писханд мезанад Ортиқи Бурут.

Қаҳре дар вуҷудаш меҷўшад ва теғи нигоҳ сўи Ортиқи Бурут мекашад:

– Бало ман?!

Вай тез-тез нафас мегирифт.

– Девори намкаш нашав! – бо ғурури истеҳзоомез мегўяд Ортиқи Бурут. – Рўзномаи дастатро дар назар дорам.

Бо қавоқи гирифта ба ў менигараду ҳарфе намезанад. Ортиқи Бурут лаб каҷ карда, бо заҳрханда мегўяд:

– “На оҳу надомат, на парвои гурў қиёмат!”, аз кай боз газетахон шудӣ?

– Аз он рўзе, ки бо ту шиносам.

Ба пўстини Ортиқи Бурут кайк медарояд.

– Маҳмадоноӣ бас! – бо таҳдид дод мезанад. – Худи ҳозир онро парто!

– Ҳеҷ гоҳ! – ҷиддӣ мегўяд Исмат. – Ман онро барои ту овардам!

Гўё ба оташи ғазаби Ортиқи Бурут якбора равған мерезанд. Чун хас дармегирад. Хун ба сараш зада, дуд аз димоғаш мебарояд.

– Ҳеҷ гоҳ нахондаам, намехонам ва нахоҳам хонд!

– Акнун мехонӣ! – бо тамасхур ва хунсардӣ мегўяд Исмат.

– Чӣ-ӣ-ӣ?! – моҷароҷўёна дандон сафед карда, аз ҷояш мехезад Ортиқи Бурут.

– Ортиқбой, ба ту чӣ шуд? Худро ба даст гир! Аз мардӣ то номардӣ як қадам аст! Аввал пурсиш, баъд кушиш.

–Ҳа-ҳай-ҳай! Аз ҳад нагузар! Фикр куну баъд гап зан!

– Ман аз ҳад нагузаштам, лекин ту фаромўш кардӣ, ки давр-даври бозоргонӣ. Агар ин рўзномаро нахонӣ, аз як чизи муҳим маҳрум мемонӣ.

Аз ин суханон оташи ҳисси кунҷковии ў аланга мегирад. Аввал каме мот-мот ба ў менигарад ва баъд кунҷковонаю шаф-шафкунон мегўяд:

– Ин қадар минг-минг накарда, мағзи гапро афшон.

Исмат эълонро, ки саҳифаи аввали рўзномаро зеб медод, мехонад.

“ – Наход ки ҳамин тавр бошад? Не, ин дурўғ!” – бовариаш намеояд, то ба чашми худ намехонад.

Ин эълон ба дили ў оташ меандозад. Акнун ў гўё дар ҳеҷ ҷо ҷои нишаст намеёфт. Рўзнома дар даст ин сў – он сўи ҳавлӣ пай мечинад. Баъд аз рўзнома чашм наканда, сигор оташ медиҳад. Чанд бор паи ҳам чуқур-чуқур дудро ба дарун мекашаду аз даҳону биниаш сар медиҳад. Сипас ба хаёлоти чуқур ғўтавор мегардад. Чашмони ў ба замин дўхта шуда бошанд ҳам, фикраш баландтар аз абрҳо пар мезад. Дар гўшҳояш суханони Исмат садо медоданд:

– “Ҳар кӣ асо дорад, ақли расо дорад!”

Аз хоб он шаб ҳоҷати сухан ҳам набуд. Оромиву осудагӣ ва сабру қарорашро рабуда буд фикри асои Рўдакӣ. Фикри он ки асои Рўдакӣ ба ў хушбахтиву обрў меорад, аз сараш дур намешуд. Яке худро дар саҳифаи аввали рўзномаҳо медид, яке дар хиёбони Рўдакӣ. Муҳаббату эҳтироми дўстону шиносҳояш ба ў боз ҳам бештар гардида, қариб, ки дуқад шуда, ба ў салом медоданд.

– Ҳа, ин қадар ба фикр ғўтидӣ?

Як қад парида, ба худ меояд ва худро якбора аз ҳамсараш дур мекашад, гўё море аз паҳлўяш баромада бошад. Баъд хаёле бемаънову пуч ба ҳамсараш менигарад. Сипас… авзояш дигаргун мешавад. Чунон бо ҳайрат ва тааҷҷуб ба ў менигарад, ки гўё баногоҳ аз сайёраи дигар фуруд омада бошад. Ҳамсараш беқарор гашта, хавотиромез мепурсад:

– Худаш чӣ гап?

– Маро танҳо гузор!

Ҳамсараш оташин мешаваду норизоёна “оҳ”– мегўяд, “воҳ”– мегўяд. Ортиқи Бурут бошад, заррае ба ў аҳамият намедиҳад. Маълум буд, ки дар олами орзуҳои хеш парвоз дорад.

– Шаби тобистон хеле кўтоҳ аст, – гўё бо дилсўзӣ мегўяд ҳамсараш. – Ҳанўз чашм напўшида, рўз мешавад.

Бо ғурур ба ҳамсараш менигарад. Чашмонаш аз ғазаб барқ мепошиданд.

– Ёд нате! Бе ту ҳам медонам!

Меҳрубонона ба ў менигарад ва бо овозе, ки гўё ҷиноят содир карда бошад, мегўяд:

– Каме бихоб.

Гўё каждуме нешаш зада бошад, бо фиғон:

– Рўзам медиҳӣ ё не?! – гўён, муште ба сари ҳамсараш мефурорад.

Аз дард дар худ мепечад ҳамсараш, вале аз тарс дигар ҳарфе ба забон намеорад…

Қурси моҳ ба миёнаи осмон мерасад. Охирин чирчиракҳо низ хомўш мешаванд. Ортиқи Бурутро ҳам хоб мебарад. Дар хобаш дам ба дам табассум мекард.

Маълум буд, ки хобҳои ширин мебинад.

Шаби зулмонӣ поён меёбад. Субҳи содиқ медамад. Ҳама ҷо равшан мегардад. Хуршед зебову дилрабо тулўъ менамояд. Ортиқи Бурут даст ба дуои дастурхон мебардорад:

– Омин! Аллоҳу акбар!

Ҳама аҳли оила ночор даст ба рўй мекашанд. Сарвари хонадон осемасар либоси тозаву оҳарӣ мепўшад.

– Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим! – гўён, бо пои рост ба кўча қадам монда намонда, фиғони наберааш ба фалак мепечад.

– Бо-бо-о-о?!

Чашмонашро ашколуд дида, саросема мепурсад:

– Чӣ шуд? Чаро гиря мекунӣ?

– Аспамро дуздиданд!

– Кадом аспатро?

– Худат овардӣ-ку!

Ҳа, ҳа, ба ёдаш омад. Дирўз бобои мушфиқу меҳрубон, барои набераи дўстдораш аз беди пир навдае буриданӣ мешавад. Раиси маҳалла, марди солхўрдаи оромтабиат аз рафтори ў ангушти ҳайрат газида, тешаро аз дасташ мегирад. Сипас ба ў рўй меорад:

– Ин ҷо манзили табаррук, ҷои муқаддас аст. Таги ин бед марди худоҷўе хок шудааст, – мегўяду мамнўъ, убол будани кирдорашро мефаҳмонад. Аммо ў ғур-ғуркунон шохаеро бо зўри даст мешиканад.

Он навдаро асп карда буд набера. Ва зин зада, савор шуду қамчин зад. Аспашро рў-рўи ҳавлӣ, таг-таги девор, гирди бобо, гирди момо медавонду медавонд. Бобову момо бо завқ механдиданд

– Одами зўр мешавад, – мегуфт бобо ба момо. – Бин як чўбаки беҷона чӣ бозие медиҳад.

– Медидам, дар дилам ормон намемонд, – чашмони момо тар мешаванд.

– Аспамро ёбед! – талаб мекард набера бо ашки шашқатор.

– Ором шав! – мегуфт бобо.

– Не, аспамро ёбед!

– Ором шав, ором! – такрор менамуд бобо.

– Не, ором намешавам!

– Э ором шав! – дўғ мезанад бобо.

Аммо набера аз талабаш намегардад.

Бобо мехоҳад… вале… вақт ки тамоман танг буд, ваъда медиҳад:

– Ба ту аспи нав, аз он ҳам зеботар меорам!

Набера бо ифтихору мамнуният ба бобо менигарад.

– Рафтем, дер мешавад! – мегўяд ў ба писараш.

Ҳамин ки аз ҳавлӣ баромаданд, гурбае аз пеши роҳашон мегузарад. Илова бар ин, писараш паи ҳам се бор атса мезанад. Дили Ортиқи Бурут ҷиғғӣ мекунад.

– Лаънатӣ! – мегўяд бо қаҳру ғазаб.

– Ман лаънатӣ?! – писар теғи нигоҳ сўи падар мекашад.

– Ту не, гурба! – бо зарда мегўяд падар.

– Ҳеҷ гап не, – беғамонаю бепарво мегўяд писар. – Гурба сафед буд-ку.

– Чӣ фарқ дорад! – меғазабад падар. – Гурба гурба аст, хоҳ сафед бошад, хоҳ сиёҳ!

– Хайр, ба ягон гадо ягон сум хайр кунед.

Падар ба ин ҳарф тоб намеорад:

– Даҳонатро пўш! – гўён, нигоҳашро мегурезонад.

Нури офтоб чашмонашро мебарад.

Пеши қасри боҳашамат пур-пури мошину толораш пур-пури одам. Сўзан партоӣ рост меистад.

Ғавғову мағал!

Баҳсу талош!

Гапу гап!

Ҳую ҳой!

Баъд чашми ҳама сўи минбар дўхта мешавад. Чашмҳо беқаророна интизор. Интизори баранда. Гўё ў бобои барфӣ асту баромада ба онҳо тўҳфа тақсим мекунад.

Оҳ, чӣ сахт аст интизорӣ!

Касе бо овози баланд фарёд мекашад:

– Ин чӣ бетартибӣ! Сар мекунед ё не?!

– Рост! Ин бетартибӣ!

Дигарон ҳам сабр аз даст дода, ба қарсак задан меоғозанд. Баъзеҳо пой мекўбиданд, ҳуштак мекашиданд…

Ниҳоят баранда намоён мешавад. Вай гўё қадам намезад, парида меомад. Толор чун баҳр ба ҷунбиш меояд. Баранда ҷавоне буд: навчаи тару тоза. Ниҳояташ бист-бисту панҷ сол дошт. Костюми танаш чун мўи сараш сип-сиёҳ. Болғачаи дасташ чун тугмаҳои костюмаш ялт-ялт ҷило медод. Чашмонаш ҳам милтирос мезад. Вай бо димоғи чоқу чеҳраи шукуфон паси минбар қарор мегирад. Толорбудагон чапакзаниҳои пурмавҷи худро ба ў мебахшанд. Ин ба ў басо мефорад. Ва бо табассуми фарох таъзим менамояд. Чунон таъзим менамояд, ки пешонааш қариб ба фарш мерасад. Баъд рост шуда, каллаашро сахт афшонда, мўисари ба пешонааш хамидаро ба боло ҳаво медиҳад. Сипас хушу хуррам, бо ҷўшу хурўш ва ғайрати беинтиҳо нидо мекунад:

– Ҷанобон!

Вале гўё нидои ўро касе намешунавад. Вай лаҳзае худро гум мекунад, ҳаросон ба ин сў – он сў чашм медавонад. Баъд худро ба даст гирифта, як парда баландтар:

– Ҷанобон! – мегўяд.

Баръакс мисли занбўрхонае, ки ба он санг партофта бошанд, шавқун боз ҳам зиёдтар мешавад.

Баранда дар ҳолате, ки дилаш чун барги бед меларзид, бо болғачааш ишора мекунад, ки ҳама хомўш бошанд.

Не, намешавад, ки намешавад!

Он гоҳ ў бо болғачааш ба рўи минбар мезанад. Ду-се бор паи ҳам мезанад. Сахт, сахт мезанад. Танҳо пас аз ин ғавғо, хандаю ҳазлу шўхӣ оҳиста-оҳиста хомўш мегардад. Ва баранда қаноатмандона табассуме карда, боз як бор дод мезанад:

– Ҷанобон!

Пас аз он, ки диққати мардум пурра ба ў ҷалб мешавад, суханашро идома медиҳад:

– Ҷанобон! Давлати соҳибистиқлоли мо ба бозори иқтисодӣ ворид гардид. Бозори иқтисодӣ, яъне, ки ҳама чиз фурўхта ва харида мешавад. Ва нахустин музояда гувоҳ аст…

Касе аз толор дод зада, сухани ўро мебурад:

– Э ҳой! Шаф-шаф нагў!

– Чӣ? Ҳа… Чӣ гўям?

– Шафтолу! – писханд мезанад ў.

– Шафтолу? – намефаҳмад баранда. – Чӣ хел шафтолу?

– Эй ҳафтафаҳм! Яъне мағзи гапа гўй!

– Ҳа, хуб! Хуб! Шафтолу бошад, шафтолу-дия! Ҷанобон! Имрўз ба фурўш чизҳои таърихӣ – асои Рўдакӣ, ҷоми Хайём, саллаи Аҳмади Дониш, теғи Абўалӣ Ибни Сино, ҷомаи Восеъ, пурбини Улуғбек бароварда мешаванд.

Боз мавҷи қарсак толорро ба ларза меорад. Баранда болғачаашро мебардорад. Қарсак қатъ мешавад.

– Инак лоти якум! Асои Рўдакӣ!

Боз мавҷи қарсак дар толор танин меандозад. Боз баранда болғачаашро мебардорад. Пас аз он ки мавҷи қарсак хомўш мешавад, баранда ба тавсифи асои Рўдакӣ оғоз менамояд.

– Устоди устодон Рўдакии бузург гуфта буд: “Замона дигар шуд, мо ҳам дигар шудем. Асо биёр, ки вақти асо аст”. Ва ин нидоро шогирдони содиқаш шунида, ба ҷангали Мозандарон рафтанд. Ҳафт рўзу ҳафт шаб кофта-кофта, даҳ асо ёфта оварданд. Ҳамаи он аз чўби заранг буд. Яке аз дигаре хушрўйтар буданд. Ва устод ҳафт рўзу ҳафт шаб чену чоқ карда, як асоро интихоб намуд. То охири умр устод ин асоро аз дасташ раҳо накард. Ин асо ана ҳамон асо аст. Ин асо басо нодир аст…

Яке сухани ўро бурида, дағалона луқма мепартояд:

– Э, як таёқ-да!

Ин ба иззати нафсаш сахт мерасад.

– Ту, таёқ-паёқ нагўй! Асои Рўдакӣ чун алиф рост аст. Аз ин рў беҳурматӣ норавост! Таҳқир!

– Ҳақ асту рост! – дар як вақт розӣ мешаванд аҳли толор.

– Канӣ, тавба кун!

– Дуруст! – баробар розӣ мешаванд аҳли толор. – Тавба кунад!

– Ҳа-ҳа-ҳа! – бо истеҳзо механдад ў. – Дигар ҳеҷ чиз намехоҳед?!

– Наханд! Даҳонатро гиз накун! Тавба кун!

Вай одаме буд қадпасту сиёҳҷурда ва тирарўву тоссар.

– Накунам чӣ? – бо заҳрханда мепурсад ў.

– Тавба накунӣ, – ҷиддӣ мегўяд баранда. – Аз музояда ронда мешавӣ. Интихоб кун. Ё таба кун ё баро.

– На тавба мекунаму на мебароям!

Бо ишораи баранда ду ҷавонмарди паҳлавонҷусса тори сараш ҳозир мешаванд. Ва аз ду китфаш гирифта мебардоранд.

– Пеш даро!

– Не! – бо тамоми қувват фарёд мекашад мард.

Наъраи ў ончунон зўр буд, ки лаҳзае ҳамаи садоҳои толорро пахш мекунад.

– Аррос назан!

Вай кушиш менамуд, ки аз чанголи бузбалаҳо халос бихўрад. Аммо ин ба ў муяссар намегашт. Ҳам аз шиддати зўрзаниҳои беҳуда, ҳам аз ҷўши ғазаб фишшосзанон нафас мегирифт ва дандонҳояшро ғиҷирросзанон мегуфт:

– Очаи зори ҳамаатонро нишон медиҳам! Ман аз он шумо гуфтагӣ одамҳо не…

– Рўята мурдашў бинад сакалту! – бо нафрат мегўяд баранда ва акнун лаб ба сухан боз карда, музоядаро давом додан мехоҳад, ки марди солхўрдае боло мешавад:

– Истед, истед! Сабр кунед!

Баранда ба ў дида медўзад.

– Ба шумо кӣ иҷозат дод, ки чизҳои муқадасро фурўшед?

Аз ин саволи ғайричашмдошт баранда дасту по мехўрад. Аз ҳайрат даҳонаш воз мемонад. Чанд бор болғачаашро бардошта, чизе гуфтани мешавад, аммо гуфта наметавонад.

Гўё аз дару девори толор саволи: “Кӣ? Кӣ?” – меборид.

Ниҳоят, ба худ меояд баранда, як-ду сулфида, гулўяшро меафшонад ва нидо мекунад:

– Давлат!

– Кадом давлат? – дафъатан мепурсад марди солхўрда.

– Давлати советӣ… эъ не… мебахшед давлати худамон!

– Набошад, чаро “Имон”-ну “Виҷдон”-ро намефурўшед?!

Ду бузбала марди солхўрдаро ҳам аз толор мебароранд.

– Э гаранг! “Замона бо ту насозад, ту бо замона бисоз”.

Баранда суханашро идома медиҳад:

– Чӣ хеле ки гуфтам, ин асо басо нодир аст. Аз паси дарёфт кардани ин асо олимони Ғарбу Шарқ асояшонро сўзан карданду кафшашонро ғалбер. Барои ба даст даровардани ин асо Пентагони Америка гурўҳи махсус таъсис дод…

Боз касе аз толор дод мезанад:

– Э ҳой! Шаф-шаф нагў!

– Чӣ? Ҳа… Чӣ гўям?

– Шафтолу!

– Ҳа, хуб! Хуб! Шафтолу бошад, шафтолу-дия! Ҷанобон! Нархи ибтидоии асои Рўдакӣ ҳазор сомонӣ! Кӣ зиёд?!

Якбора толор хомўш мегардад, гўё ях мебандад. Касе даҳон во намекард. Яхи хомўширо худи баранда мешиканад:

– Кӣ зиёд!

Пас аз лаҳзае аранге ба гўшаш мерасад:

– Ҳазору сад.

Баранда гарданашро уштурвор ёзонда, бо чашмонаш толорро мепалмосад, то ин ки соҳиби овозро бубинад.

– Кӣ ҳазору сад гуфт? Ҷанобон! Касе ки пешниҳод мекунад, бояд аз ҷояш хезад. Кӣ ҳазору сад гуфт?

Ин дам як ҷавони лоғарандом аз ҷояш хеста:

– Ман, – мегўяд.

Баранда хушу хуррам, бо ҷўшу хурўш дод мезанад:

– Ҳазору сад! Кӣ зиёд?! Ҳазору сад… Як! Ҳазору сад!..

Зани лумбе, ки абрувони думи мор барин борик дошт, бархоста, дод мезанад:

– Якуним ҳазор!

Баранда боз бо ҳамон ҷўшу хурўш, вале ин дафъа болғачаашро алвонҷ дода, фарёд мекашад:

– Якуним ҳазор! Кӣ зиёд?! Якуним ҳазор! Кӣ зиёд?! Якуним ҳазор… Як!.. Якуним ҳазор!..

Ин дам як пирамарди хароби бузрише аз ҷояш бармехезад:

– Се ҳазор!

Баранда ба ваҷд меояд.

– Оҳо! Ана, ин ҷаҳиш!

Толор ҳам ба ҷунбиш меояд.

– Се ҳазор! Кӣ зиёд?! Канӣ ҳаст-мӣ багурдаҳо?! Се ҳазор! Кӣ зиёд?!

Ин дафъа пирамарди патакрише дод мезанад:

– Чор ҳазор!

Баранда завқ бурдаю илҳом гирифта, баланд фарёд мезанад:

– Чор ҳазор!

Ва болғачаашро ба тарафи пирамарди патакриш дароз карда, боз мегўяд:

– Чор ҳазор! Кӣ зиёд?! Багурда нест?! Чор ҳазор! Як!.. Чор ҳазор! Ду!..

Оҳ, баранда чӣ қадар мехост, ки “се” гўяду бо болғачааш ба лаълии овезони мисин занад ва нидо кунад:

– Фурўхта шуд!

Вале “се” гуфтан ба ў муяссар намешуд. “Як, ду” мегуфту “се”-ро ба забон наоварда, касе нархи навро пешниҳод менамуд.

Қисса кўтоҳ як соат… ду… се… чор соат сипарӣ шуду ҳеҷ не, ки асои Рўдакӣ фурўхта шавад.

Забони баранда аз: “Кӣ зиёд?!” – гуфтан монда мешавад. Лаҳзае ба ў чунин менамояд, ки ўро масхара карда истодаанд. Аз ин рў хост савдоро боздорад. Вале ин аз рўи қоидаю қонуни ауксион номумкин буд. Бинобар ин ҳазору як рагашро кашида, вазифаашро иҷро менамуд. Нархи асои Рўдакӣ ба даҳ ҳазор сомонӣ мехезад.

– О-о! – даҳони баранда воз мемонад.

Вале ҳоло: “Даҳ ҳазор, як!” – нагуфта, ҷавоне, ки аз даҳонаш бўи шир меомад, аз ҷои худ боло шуда, дод мезанад:

– Понздаҳ ҳазор!

– Ту?! – беихтиёр абрў барҳам мекашад баранда.

– Чӣ “ту”?

– Ҳамин ту… ту… ту понздаҳ ҳазор дорӣ?

– Кори ту чӣ?! Ту “як, ду, се” гуфтанатро дон! Фаҳмидӣ! Ба пули ман чӣ кор дорӣ?! Ту дод заданатро дон!

Вай айёрона табассум мекунад ва ҳатто ба баранда чашмак мезанад.

Бешубҳа гапи ҷавон ҷон дошт. Ва ў туфашро базўр фурў бурда, ноилоҷ ба додзанӣ медарояд:

– Понздаҳ ҳазор! Кӣ зиёд?! Кӣ зиёд?! Понздаҳ ҳазор!.. Як!..

– Баландтар дод зан!

Баранда тамоман гаранг мешавад. Дар чашмони сип-сиёҳаш ҳайрату аҷобат пайдо мегардад. Хумори тамоку ўро сахт азоб медод. Илова бар ин гуруснагиро ҳис мекунад. Банохост як хастагие тамоми ҳастиашро фаро мегирад. Пасон як рашъаи ногуворе ба аъзои баданаш медавад. Ба назараш чунин менамуд, ки дар даст болғача не, як пуди садмана дорад. Дар соати шашум овозаш мегирад. Пойҳояш бемадор мешаванд. Торҳои дилаш ба ларза медароянд.

Ана дар ҳамин лаҳза Ортиқи Бурут бархоста, дод мезанад:

– Бист ҳазор!

Чашмони баранда шоҳкоса барин зада мебароянд.

– Би-с… – мегўяду чун афсари тирхўрда меафтад.

Акнун ба ў як занбар лозим буду ду ҳаммол.

Ҳама якбора дасту по хўрда мемонанд. Сипас “Сапожник!” – гўён, ба шавқун медароянд. Пасон пойкўбиву ҳуштаккашӣ сар мешавад…

Барандаро иваз менамоянд. Ауксион идома меёбад. Бо Ортиқи Бурут дигар касе қувваозмоӣ карда наметавонад. Ва ў ғолиб дониста мешавад.

– Муборак шавад! – аз ҳар тараф ўро табрик менамуданд.

Гўё маст шуда буд аз хушбахтӣ.

– Қуллуқ! – бо чеҳраи хандон ҷавоб медод, вале дар дил мегуфт: “Сўхта муред!”

Оҳ, чӣ шоду хуррам ва хушбахту саодатманд буд Ортиқи Бурут! Ҳама олам ба назараш мунаввар менамуд. Сурудеро худ ба худ зам-зама мекард:

Зиҳӣ, ин турфа асоро

Худо лоиқ дида барои мо!..

Наберааш болу пар бароварда, ба истиқболи ў мешитобад.

– Оча, бобом аспама овард! – бонгӣ шодӣ мебарорад набера. – Аспама овард! Бобоҷо-о-он!

Ортиқи Бурут як қад мепарад, гўё сарашро ба болодарӣ зада гирифта бошад. Баъд дасту по мехўрад. Ба дилаш ким-чӣ хел шубҳае панҷа мезанад. Бо шаст тарафи писараш тоб хўрда, бо иллату зарда мепурсад:

– Гўш кун, Рўдакӣ асо дошт ё не?

– Чум! – ду китф бар ҳам мекашад писараш.

Падар ба ў тавре нигоҳ мекунад, ки гўё вайро бори аввал медида бошад.

– Чӣ хел “чум”?!

Вай тез-тез нафас мегирифт.

– Ҳой бадфеъл! – ба шўр меояд падар. – Бадфеъли бадфеълон! Чӣ хел “чум”?

Қиёфааш басо бадхашм буду бадҷаҳл.

– Надонам!

– Каллаварам! Ҳафтафаҳм! Беҳаё! – ба писараш ғазаб мекунад Ортиқи Бурут. – Ту чӣ хел адабиёт хондӣ, ки намедонӣ?!

– Кай хондам?! – қавоқ мегиронад. – Намемондӣ ба мактаб равам-ку?!

– Нодон! – дод мезанад Ортиқи Бурут. – Ку созтар бин!

Писар асоро бодиққат аз назар мегузаронад.

– О, ин як чўби оддӣ-ку?

Падар ба писар ҳамчун ба одами нимдевона нигоҳ мекунад.

– Ту, чӣ сафсатта мегўӣ?

– Ба Худо, ки чўби оддӣ! Ҳа, чўби бед. Нав буридагӣ, ҳоло тар…

Даҳону гулўи Ортиқи Бурут қоқ мешавад. Чашмонаш беҷо, базўр-базўр нафас мегирад.

– Аъ!.. Чўби бед…

Гўё ба сараш бо чизе мезананд.

– Оҳ-ҳҳҳ…

Осмон гўё бар сари Ортиқи Бурут фурў меравад. Аз гуфтор мемонад, забонаш гўё ба комаш мечаспад. Дар рангаш хун намемонад. Пойҳояш суст мешаванд.

Акнун ба Ортиқи Бурут як занбар лозим буду ду ҳаммол.

3 феврали соли 1993

15 декабри соли 2004

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …