Главная / Гуногун / ДИЛСЎЗ – ҳикоя

ДИЛСЎЗ – ҳикоя

Сорохон – ходими калони шўъбаи вазорат, ки аз дар базўр медарояду ба нақлиёт дарояд, ҷои се касро бемалол банд мекунад, як соат дер ба кор омада, «уф-ф!» – гўён ҷусаашро ба рўи курсӣ партофт. Ва бо ҳазор сўзу гудози андўҳомез ба таассуфхўрӣ даромад.

– Оҳ, дилу ҷигарам сўхт-е!.. Оҳ, вуҷудам об шуда рехт-е!..

– Ба шумо чӣ шуд, апа? – бо таҳайюр пурсид ходими хурд ва ҳамутоқаш Манижахон. – Ягон каси наздикатон аз олам гузашт-чӣ?

– Э, кошкӣ мегузашт, – ду дасти таассуф ба ҳарду зону зад Сорохон.

– Набошад, чӣ шуд?

– Э, ту ҳафтафаҳм барин. Дунё чаппа шавад ҳам, дарак намеёбҳ.

– Охир аз куҷо донам, кор…

– Кор, кор! Кор гуфта, аз одамгарӣ баромадаӣ-ку! – тамасхуромез ва хашмолуд гуфт Сорохон. – Одам шудан даркор, одам! Шаҳр пури гуреза. Ба ҳоли гурезаҳои бечора месўзам. Хаёлам, ки дилу ҷигарам лахт-лахт об шуда мерезад…

Дар ҳамин вақт дари утоқ оҳиста кушода шуда, духтараки зебое даромад. Духтар бо Сорохону Манижахон гарму нарм вохўрӣ кард. Сонӣ аввал ба Манижахон баъд ба Сорохон нигариста, пурсид:

– Кадоматон Сорохон?

– Ман! – дарҳол нидо зад Сорохон. – Сорохон, ин ман! Чӣ буд?

– Апаи Сорохон, Азизро як медидед, – боодабона гуфт духтар.

– Девона чӣ дидан дорад? – бо беэътинои гуфт Сорохон.

Духтарак хонандаи ба дарс нотайёр барин дасту по хўрд. Беихтиёр гулў афшонд. Сипас ба як аломати суол табдил ёфт.

duxtaroni-tojik-101Лаҳзае бо хомўшӣ гузашт.

Сорохон асабӣ гашта, ба сари духтарак дўғ зад:

– Чӣ шах шудӣ?!

Духтарак як қад парид.

– Бубахшед, – хиҷолатмандона узр пурсид ў ва сўи дар рафт.

Вай дарро кушода, қафо гашт ва шубҳаомез ба Сорохон нигарист.

– Пўш дара! – дағалонаю тундмиҷозона амр кард Сорохон. – Аз берун!

Духтарак чизе нагуфта, дарро пўшонд.

Манижахон лаб газида, лаҳзае хомўш истод. Баъд оҳиста гуфт:

– Азиз раиси иттифоқи касаба, ягон гапи муҳим доштагист.

Сорохон тамасхуромез хандид.

– Фу, ўя чиву гапаш чӣ. На путёвка, на мошин, на хона. Раис-а?! Ин хел раиса ба сарам мезанам, – гуфт Сорохон ва ба рангу бори рўяш машғул шуд. Ба қошҳояш сурма кашид. Ба рўяш упо зад. Ба лабҳояш сурхи давонд.

– Зан, ки худ офаридаи табиат аст, бояд саропо зебо бошад, – файласуфона гуфт Сорохон ва ба бехи гўшҳояшу сари синааш атр зад.

Ба машоми Манижахон бўи атри аълосифат расид.

– Чӣ хел атри хушбўй, – бо лаҳни маҳину ширин гуфт Манижахон.

– Франсия! – бо худситоӣ нидо зад Сорохон. – Бозӣ не! Медонӣ чанд меистад? – ба Манижахон рў овард Сорохон.

Манижахон бо ишораи «надонам» китф дар ҳам кашид.

– Панҷоҳ ҳазор!

– Оҳо!

– Оҳо! Оҳо! Чӣ “оҳо?”

– О, панҷмоҳа маоши ман-ку!

Сорохон чун рангу борашро анҷом дод, ба намоиши сўзиши дилу ҷигараш шурўъ намуд. Ҳатто чанд қатра ашки шўрашро ҳам аз чашмони як пуд сурмадораш бароварда тавонист. Дили Манижахон сўхту ҳадаҳа ба ў як пиёла чой дароз кард.

– Не! – рад намуд Сорохон. – Наменўшам!

– Як қултакак нўшед, – дилаш бештар сўхта, гуфт Манижахон. – Як қулт!

– Не, гуфтам, не! – қариб ки дод зада гуфт Сорохон. – Гулўям руст!

– Не нагўед-дия, – дилҷўёна бо лаҳни маҳину ширин гуфт Манижахон.

– Оббо, одати маро медонию боз… Ҳамин хирагӣ чӣ лозим? Гуфтам-ку: гулўям руст. Об ҳам намегузарад!

Баъд теғ кашида, ба Манижахон нигоҳ карду гуфт:

– Ё ту мана дилсард гумон мекунӣ?!

Нигоҳаш ҳам озмоишкор ва ҳам ким-чӣ хел карахт, сарду бемеҳр буд: ба дили бинанда ҳузн ва навмедӣ меандохт.

– Э, э, не-е, барои чӣ?.. – даступо хўрда, бо овози ларзон гуфт Манижахон. – Ҳеҷ гоҳ! Ҳаргиз! Шумо беҳуда гумони бад мебаред. Айби табиат-дия…

– Чӣ-ӣ?!

– Ҳа, табиат бераҳмӣ карда, шуморо нармдил тарбият додааст. Дар вазорат ду нармдил бошад, яктояш шумоед, агар якто ҳаст, ҳамон якто ҳам худатон. Бовар кунед. Ин хушомад не, ҳақиқат.

Сорохон аз ин суханони Манижахон рўҳбаланд шуда:

– Ҳа, қурбони аҳли фаҳм шавам, сухан ба касе гўй ки рамузфаҳм бошад, – гуфт ва сарашро боло гирифта, сандуқи синаашро як дамонда, ба суханаш давом кард:

– Ҳо, дилсард нестам! Уҳо уҷа рўи замин дар ҳавои кушод шинанду ман иҷа чой нўшам? Не-не! Ин айб-а! Ба одами маданӣ намезебад. Ҳа, не. Не, наметавонам. Бовар кун, виҷдонам роҳ намедиҳад. О, ҳафт пуштам одамони маданӣ гузаштагӣ.

– Хайр, Сорохон, ин қадар худатона хокистар накунед. Бо сўхтани ману шумо мушкил осон намешавад…

– Аъ?! Чаро намешудааст?! Ман насўзам, ту насўзӣ, кӣ месўзад? – хашмолуд лаб каҷ кард Сорохон. – Аъ?! Кӣ месўзад?!

– Хуб, месўзам, месўзам, – дафъатан гуфт Манижахон. – Ҳоло як қултакак чой нўшед.

– Оббо, намондӣ-дия, – гўён, Сорохон пиёлаи чойро аз дасти ў гирифта, ба курсӣ нишаст. Вай хаёломез чой менўшид. Манижахон ёрои идома додани сўҳбатро надошт. Худо мегуфт, ки чойро нўшаду аз паи ҳисобот шавад. Сорохон чойро нўшиду аз ҷо бархост.

– Оҳ, раҳмат Манижахон. Худамам сўхта будам-е! Чой не, дору. Ҳа-ҳа! Гўё санги роҳи гулўям гирифтаро тела дода, поён ғелонд. Ку боз якта рез.

Манижахон пиёларо аз дасти ў гирифта, пури чой карду гашта ба вай дод. Сорохон чои пиёларо як қулт кард. Ва сўхтану пухтанашро давом дод.

– Эҳ, бетолеъҳое! Кӣ онҳоро ба ин рўз овард? Одамон. Ҳа, одамон. Эҳ, одамон, одамон. Ҳеҷ фикр намекунанд, ки ҳама катагии мо аз пушти ҳаминояй. Охӣ, уво мора мепўшонанд, мехўронанд. Ё гапам нодуруст?

– Сад фоиз дуруст, – гуфт Манижахон.

Сорохон оҳе кашид.

– Чой ҳаст?

– Ҳа, ҳаст.

Сорохон боз оҳ кашид. Ва нидо намуд:

– Рез!

– Хуб, – гуфт Манижахон ва саросема пиёларо пури чой карда, ба ў дод. Сорохон пиёлаи чойро нўшиду боз ба гап даромад:

– Чойи нағз шудааст… Уболако намози шом омаданд…

 – Кӣ?

– Кӣ?! Кӣ?! Кӣ мешуд? Гурезаҳо-дия! Бо автобус не, ақаллан бо мошини боркаш ҳам не. Медонӣ, бо чӣ омаданд? Э, вое! Забонам намегардад. Бо дунболааробаи трактор. Боз чунон шалақу малақи аз дақёнус мондагӣ, ки илоҳо тоба.

– Эъ, не-е! Нахо-о-од?!

– Ҳа-ҳа! Агар дурўғ гўям, фардо рўзи қиёмат парвардигор бандаам нагирад. Худат медонӣ-ку: дар хуну пўсти ман як зарра аз дурўғ нест.

– Напурсидед, ки аз куҷо бошанд?

– Чӣ?! Э, ҳой, ту ҳушёр-мӣ-а? О, ман ҳоло ақлама нахўрдаам. Ба онҳо наздик шудан мумкин не.

– Чиба? – дафъатан пурсид Манижахон.

– О, ин қадар ту ҳафтафаҳм-а. Ҳа, беҳуда туя ходими хурд намондаанд. Ҳа, бо дунболааробаи трактор оварданд. Бо ҳамон аробае, ки дору, пору мекашонанд. Онҳо гўё пору бошанд, ки рўи ҳавлии бинои мо рехтанд. Уболако бо кўдаконашон сари лучу пои луч. Ранги рўяшон заъфарон. Оби дидаашон шаш қатор. Набаромадум, натавонистум. Охир, медонӣ-ку: дилам сабил бисёр нозукай. Мебаромадум, яқин аз ҳуш рафта меафтидам. Аз тиреза ба ҳоли зорашон менигаристуму месўхтум, бирён мешудум. Ҷои нишаст намеёфтум. Аз ҳуҷра ба ҳуҷра мегаштум. Медонӣ-ку: хонаам шашҳуҷрагӣ…

– Шашҳуҷрагӣ? – сухани ўро бурид Манижахон. – Дар шаҳр ин хели хона нест-ку?

– Аҷаб содда будаӣ! – истеҳзоомез хандид Сорохон. – О, ман балкона ҳам хона кардам. Ҳа, як сапаноҳе шуд, ки меҳмонхона барин. Калон, барҳаво.

– Ҳоло ҳамту гўед?! – бо аҷаб ҳайрате нидо намуд Манижахон.

Ба утоқ Заррина – зани чашмсиёҳи хушқомати гесўбурида ворид гашт. Ба Сорохон табассум карда гуфт:

– Соня!

– Чӣ?! Соня? Ман Соня не, худат Соня!

Дар рўи Заррина тааҷҷуб шўъла зад:

– Чӣ-ӣ? Ту Соня не? Ту чӣ, шўхӣ мекунӣ?

– Шўхӣ-пухӣ не! Номи ман Сорохон! Ин нома падари бузургворам ба ман додагӣ. Ҳа, як гўсфанди ҳисорӣ кўшта зиёфат додагӣ.

Заррина ҳайрон шуда, лаҳзае чӣ гуфтанашро надонист. Сипас оби даҳонашро фурў бурда, канда-канда:

– Ҳа… ҳоли… ҳамту гўй! – гуфту баромад ва дар фазои утоқ бўи атрро ба ёдгор гузошт.

– Фу! Ин қадар бадбўй! Тирезаро кушо! Пфу аз бўи атри арзонаш дамгир шудам-е! – бо нафрату адоват гуфт Сорохон.

Манижахон тирезаро кушода, ба ў чашм дўхт. Вале чизе напурсид. Аҷабо! Ҳар рўз ҳамдигарро оғўш карда, мўсичавор лабони якдигарро мебўсиданд. Камаш як соат сўҳбат мекарданд. Аз байнашон гурбаи сиёҳ гузашт, ки чун саг ба ў дарафтод.

– Шавҳараша аз кор гирифтанд, – сабаби чунин муносибаташро шарҳ дода, гуфт Сорохон. – Ҳама катагиш аз рўи шавҳараш буд. Ку акнун катагӣ кунад! Дидӣ, бинг гуфта натавонист! Агар бинг мегуфт расвогиша мебаровардум!

Сипас як оҳе кашиду пурсид:

– Чой ҳаст?

– Ҳа, ҳаст.

Боз як оҳе кашиду амр кард:

– Рез!

– Хуб, – гуфт Манижахон ва саросема пиёларо пури чой карда, ба ў дод. Сорохон пиёлаи чойро нўшиду боз ба гап даромад:

– Ҳа, ана дар ҳамин хонаи шашҳуҷрагӣ худам танҳо. Як сари қоқам. Аз хона ба хона мегаштам. Яке аз дигаре зеботар. Вале ин зебоӣ ба дилам намеғунҷид. Шодам намекард. Хонаҳо ҳуввас мезад. Чора надоштам. Нашавад, ки «Оҳ берўзиҳо!» – гуфта фарёд бизанӣ. Эҳа! Замин куҷо, осмон куҷо! Агар не, фарёд мезадам. Лекин фарёд задан хуб нест. Айб, беадабист. Ҳа, ман одами маданӣ, фарёд намезебад. Гуфтам-ку: ҳафт пуштам одамони маданӣ гузаштагӣ. Авторитети авлода доғдор кардан хуб не. Ин ҷиноят-а! Уф-ф… Дилам мекафид. Дили раҳмгин ҳамин-дия, як умр ғамгин. Эҳ, ба дача мерафтам, намешуд! На медидаму на месўхтам. Эҳ, медонӣ он ҷо чӣ хел нағз. Ба гўш чирроси чир-чирак ва хониши кабкон мерасад. Шилдирроси об ва хишир-хишири алафҳои зери по дар дил ҳиссиёти гувороеро бедор мекунад. Оҳ, бўйҳои хушу ҷоносояшро намегўӣ! Нафас мегирӣ ва аз ҳаловат дил дар сина гум мезанад. Биҳишт гўям, бовар кун. Уф-ф… Лекин ман дар ин ҷо, дар шаҳр, аз хона ба хона мегаштам. Як кас набуд, ки дарди дилама холӣ кунам. Дилам бехуд мешуд, як ҳасрати сахте ба қалбам чанг мезаду чанг мезад. Эҳ, чунон чанг мезад, ки мехостам аз хона барояму сарама гирифта, ба ягон ҷои дур гурезам. Набинаму насўзам. Аммо ба куҷо?

– Ҳа, ким-кадом шоире гуфтааст: ҷое равам, ки гардун болои сар набошад, аммо чӣ метавон кард, ҷои дигар набошад!

– Ҳай, ҳай, чӣ хуб гуфтааст!

Сорохон боз оҳ кашид.

– Чой дорӣ?

– Ҳа, – гуфт Манижахон. – Резам?

Сорохон дубора оҳ кашид.

– Чӣ мепурсӣ? О, рез!

– Хуб, – гуфт Манижахон ва саросема пиёларо пури чой карда, ба ў дароз кард: – Марҳамат!

Сорохон як қулт чой нўшиду рўй турш карда «о, ин чоят ин қадар бемазза!» – гўён, пиёларо рўи миз гузошт. Ва акнун халтаи гапро кушодани буд, ки телефон занг зад. Манижахон гўшакро бардошт ва «ҳозир» – гўён, онро ба Сорохон дароз кард.

– Кӣ?

– Маҷнун!

Хост лаҳни суханаш самимӣ бошад, аммо бидуни ихтиёр оҳанги тамасхуре садо дод. Вале Сорохон ба ин заррае эътибор надода, тез пурсид:

– Кадомаш?

Манижахон китф дарҳам кашида, бо лабханд гуфт:

– Надонам.

Сорохон гўшакро гирифт.

– Ҷон! – қоҳ-қоҳ хандид. – Э, мур ту, бешарм. О, ту бало. Чӣ? Рост? Аз дўст як ишора, аз мо ба сар давидан. О, ту бало. Куҷо? Не, ҷое ки гардун болои сар набошад. Рост? О, ту бало. Ду мешавад? Чӣ? Кор гург нест, ки гурезад. Чанд? Хуб, майлаш. О, ту бало! Ман ҳам! Э, мур ту, бешарм.

Сорохон гўшакро монду оҳангеро замзамакунон як дам дар утоқ аз ин сў ба он сў қадам зад. Сонӣ ба Манижахон нигоҳ накарда гуфт:

– Ҳа, ба куҷо омада будем?

Манижахон аз фурсат истифода бурда, ҳисоботро хотиррасон кард. Вай гўё гуноҳи азиме карда бошад, якбора ба рўяш теғ кашид Сорохон. Баъд дар қиёфааш хашму ғазаб падид омад. Сипас бо овози баланд таҳдидомез гуфт:

– Фаромўш кардӣ-а, ки ту ходими хурд!

Манижахон дам назад.

Сорохон пас аз каме таваққуф гулў афшонда, боз ба суханаш давом кард:

– Гўштбирён тайёр шуд. Ба табақи калоне бардошта овардам. Оҳ, оҳ! Канӣ даҳон, ёбу хур! Вале як бурида ҳам хўрда натавонистам. Бо дили пурхуну дидаи гирён боз назди тиреза омадам. Бечораҳако, ғарибако рўи замини тар нишастаанд. Ҳатто як шолчаҳак тагашон нест-е! Ба қолинҳою тахти курпаҳоям нигоҳ мекардаму оби чашмонам ғўра-ғўра мерехт. Гашта бинам, табақи гўштбирён кайҳо ях бастааст. Яхдонро кушодам. Медонӣ-ку: яхдони калони хориҷӣ дорам. Ана даруни ҳамин яхдони калон пуропури хўрданию нўшиданӣ. Лекин дилам чизе намекашид. Бо нафрат дари яхдонро пўшидам. Бинам торик шудааст. Дар дилам тарсу ваҳм ҷой шуд. Чароғи ҳамаи хонаҳоро даргирондам. Эъ, ана нав дурўғ гуфтам. Ҳуш надораме. Қандилҳоро даргирондам. Медонӣ-ку: дар ҳамаи хонаҳо, ҳоҷатхона ва ванна қандилҳои булурин. Хонаҳо рўз барин равшан шуд. Лекин дилам шаб барин сиёҳ монд. Танҳоӣ диламро мефишурд. Назди тиреза рафтам ва худ ба худ такрор-такрор мегуфтам: «Ғам нахўред. Пас аз шоми тира субҳи босафо медамад».

Як замон аз ҳанг рафтам. Сарама як зум болои болишти пари қу монда, чашм пўшидам, ки ғанабам бурдааст. Ғанаб бурдан замон аз куҷое як марди пурпашми маймунбашара пайдо шуд. Рақскунон ба сўям омад. Бо дастони дарози пурпашмаш аз гулўям дошт. Хафа кард. Нохунҳояш ба гулўям халиданд. Ман бошам, нафас дар гулўям печида, дод задам. Дод задаму бедор шудам. Бедор шуда бинам, ки саропо зери обу арақ мондаам! Давида назди тиреза рафтаму ба берун дида дўхтам. Худоё! Ҳоло ҳам уболако рўи замини тар нишастаанд.

Телевизор мондам. Консерт. Ҳофизе суруди шуху пурошўберо месуруд. Гумон карда будам, ки телевизор ғамамро кам мекунад. Не, хато рафт фикрам. Як ғамам сад ғам шуд. «Муред маймунҳо! – гуфтам дар дил. – Мардум мемураду шумо консерт медиҳед. О, як савти фироқ, савти ҳазин, дилшикастаю нолишкунанда диҳед, мемуред». Баъд аз гуфтаам пушаймон шудам. Эъ, неши забонам дар хок. О, онҳо шояд инро махсус додаанд, ки халқ дар ғам ғарқ нашавад…

Сорохон дандонҳои тилояшро гўё махсус нишон дода, гап мезад. Ва ин ба Манижахон хуш намеомад. Қаҳру ғазабаш ҷўшид. Вале онро дар ботинаш кушт. Зоҳир накард. Дилтанг шуда, зуд-зуд ба тарафи дар нигоҳ мекард, аммо касе ба имдодаш намерасид. Вай ба ин сўҳбат тамоман иштиёқ надошт. Базўр худро нигоҳ медошт, ки аз даҳонаш ягон гапи ноҷо набарояд. Бисёр нозук аст Сорохон. Агар мабодо ягон сухани ба ў маъқул назанед, тамом, пўстинашро чаппа мепўшад. Ба бало мемонед. О, ў як зина боло ва худро сардори Манижахон метарошад.

«Хайр бигузор, ки билаққад, – гуфт дар дил ў. – Даҳонаш, ки ба дард омад, бас мекунад».

Лекин ҳеҷ не, ки даҳони Сорохон ба дард ояд.

Дили Манижахон тамоман танг шуд. Овози Сорохон ба гўшаш намефорид. Суханҳои пуртантани тумтароқ. Дилгиру дилбазан ва ҳузнангез. Назди тиреза рафту ба берун назар кард. Ҳаво сарду нофорам, вале муҳити утоқ барояш аз берун ҳам нофоромтар буд.

Овози Сорохон ўро як қад паронд.

– Э, ҳой! Ман ба девор не, ба ту гап зада истодаам. Ту асаб надорӣ! Кас дилашро обу адо карда гап занад, гўш ба карӣ меандозӣ! Ба ту як тарафро об бараду як тарафро сел парвои фалак надорӣ!..

Ин дам дари утоқ кушода шуду ба он сардори шўъба ворид гашт.

«Хайрият», – оҳи сабук кашид Манижахон. Пиндошт, ки сардор ўро аз ин шиканҷа раҳоӣ мебахшад. Вале пеш аз тўй дойра зада будааст.

Сардор авзои ходимашро дида, лаҳзае худдорӣ намуду хомўширо афзал донист. Баъд, хеле орому ботамкин пурсид:

– Сорохон, ҳисобот чӣ шуд?

– Чӣ? Ҳисобот? Мо дар чӣ хаёл, фалак дар чӣ хаёл, – норозиёна абрў гиреҳ кард Сорохон.

– Боз чӣ хел фалак? Ҳисоботро дар боло интизоранд.

«Боло» гуфтани сардор гўё равған буд, ки ба оташи ғазаби Сорохон рехт. Чашмонаш беҷо шуд, рагҳои чаккааш барҷастанд. Чанд қадам пеш гузошт.

– «Боло!.. Боло»! – тамасхуромез ва хашмолуд гуфт Сорохон. – Туф кардам ман ба «боло»-ят! Уҷа одамо сари лучу пои луч рўи замини сард азоби гўра мекашанду…

Ин дам ҳаяҷони Сорохон боло гирифта, шушаш дамид.

– Ором шавед. Худро ба даст гиред, – гуфт саросема сардори шўъба.

– Чӣ тавр ором шавам? Чӣ тавр?! – рангашро канонда, арбада бардошт Сорохон. – Оё ту медонӣ, ки гуреза чист? А?!

Сардор даступо хўрда, дарҳол сухане ёфта натавонист. Гўё аз пеши роҳаш ҷарии бетаге баромад, ки ҳеҷ чашмдор набуд. Ба пешонааш арақи сард нишаст. Дилаш гўё аз роҳи дур дартоз омада бошад, гурс-гурс мезад.

– Вой, во-ой! Чӣ рўзи шуме ба сарамон омад, а? – зиёдтар лаввас карда, аз пашша фил месохт Сорохон ва аз гиря утоқро ба сараш мебардошт. – Э во-ой! Худоё, одамон сангдил шудаанд.

Аз шиддати ҳаяҷон дастони сардори шўъба меларзиданд.

– Ё тавба, ё тавба, ин чӣ замон шуд-а? Дунё пур аз сангдилон. Уҷа одамо рўи замини сард нишастаанду иҷа ҳисобот мепурсанд. О, вақти ҳисоботай!? Э, дилсанг-е! Ҳай-ҳай! Аз банда шарм накунӣ, аз Худои тори сарат шарм дор!

Ва аз чашмони серсурмаи Сорохон ба сони ангури сагак ашк таровид. Ончунон мегирист, ки дили санг гўё дукафон мегашт. Мудири шўъба даспоча шуд.

– Хоҳар… Хоҳар… Хоҳиш мекунам. Худата обу адо насоз. О, ту ҳоло ба мо лозим-а.

Не, ба гўши кӣ қисса мехонӣ. Фарш, дару девор гўё тар шуд аз оби чашми Сорохон.

– Илтиҷо мекунам, ором шав. Ором шав, ман худам ҳамон ҳисоботи зормондая менависам. Ҳа, ҳа! Худам мекунам!

Сардори шўъба ба сўзу гудози Сорохон тоб наоварда, саросема бадар рафт. Сорохон боз як қулт чой нўшид. Гулўяшро тар кард.

– Уф-ф-ф, – нафаси дароз кашид Сорохон. – Эҳ одамон, одамон! Дар қафаси сина дил не, санг доранд, санг! О, одам буду шуд як бор мезиҳад. Ҳамон ҳам хуб зиҳад шаст – ҳафтод сол. Э, хонасўхтаҳо-е! Не, не, одам намондагӣ дунёба. Ҳама чўби мазор!

Вай боз як қулт чой нўшида, гулўяшро тар карду афсўс хўрда гуфт:

– Ҳаҳ, хонаат сўзад, душман! Эҳ, агар дасти дароз медоштам, рафта ҳамон душманоя гулўҷаф мекардаму мекуштам. Лекин чӣ кунам, ки як сари қоқум.

Вай оҳ кашиду бо ғазаб гуфт:

– Оҳ, дастам агар ба гиребонашон мерасид, пора-пора мекардамашон.

Бад-ин минвол як қулт чой нўшида, афсўс мехўрду оҳ кашида, дилсўзӣ мекард. Нохост дар кушода шуду сурмачашме сар халонд:

– Ҳой, Сорохон, лангар зада мешинӣ-чӣ? О, тез бош. Вақт рафт. Соат дувоздаҳ шуд. Вай бечора интизори мо.

– Кӣ?

– Вой мурам, ин қадар ту фаромўшхотир. Ходими калонамон Усмахон. Ду рўз пеш ба зиёфат таклиф карда буд-ку. Наравем, хафа мешавад.

– Касофати серкорӣ ҳамин-дия. Одамро фаромўшхотир мекунад, – гуфт Сорохон ва сўи Манижахон гашта, афзуд:

– Ман баъди ношто намешавам. Роҳбарият пурсад, худат ягон баҳона ёб.

– Яке наёбам-чӣ?

– Ия! Ана гапу! Меёбӣ, ту бало! – гўён, бо ноз сар тофта, бадар рафт Сорохон.

Манижахон гумон кард, ки аз шонаҳояш кўҳи азиме афтод. Сабук бархосту сўи ошхона қадам зад, рўҳаш озод ва дилаш болида буд. Медонист, ки Сорохон то бегоҳ намеояд, ягон дурўғ бофтан лозим ва шояд навиштани ҳисобот ҳам ба зимаи ў меафтад, аммо парво надошт.

 25 октябри соли 1992

 29 апрели соли 1995

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

ruza_ramadan

Дуоҳои ният ва ифтори рӯзаи моҳи  шарифи рамазон

Нияти рӯза гирифтан: «Ва ли савми ғаддим-мин шаҳри рамазона-л-лазӣ фаризатан навайту». Тарҷума: Рӯзаи фардоро аз …