Главная / Гуногун / ДИЛРЕЗАҲО

ДИЛРЕЗАҲО

ДИЛРЕЗАҲО

 

Ҷавоне аз хирадманде пурсид:

– Чӣ кунам, ки қарзи модар ба ҷо орам?

Посух дод:

– Ангишт даруни оташдони сарди кулбаи модар бишав.

 

*   *   *

 

Дўш аз пири пуртадбир пурсидам:

– Дар зиндагӣ чӣ кунам?

Гуфт:

– Бисўз, вале гармӣ бидеҳ, на дуд.

 

*   *   *

 

Дил чу мушт, вале танг нест,

Ѓунҷондани меҳри инсону табиат нанг нест.

 

*   *   *

 

Аз киштаи номард дард рўяд.

 

*   *   *

 

Кист ў? Ман? Ту? Вай? Ҳар се!

 

*   *   *

 

Ба замин нигар, ки гул дораду хор.

 

*   *   *

 

Инсон! Он шохаро мабур! Мо ҳама сари он шоха биншастаем.

 

*   *   *

 

Бидон, ки Худо дастро барои қапидани ҳамёни зар не, баҳри омин додааст. Ва боз бидон, ки даст барои гўштобӣ не, барои навозиш аст.

 

*   *   *

 

Тарки он хона кун, ки пешат фарзанди хеш бизананд.

 

*   *   *

 

Садсола айшу нўш ба як рўзи паси панҷара баробар аст.

 

*   *   *

 

Акси садои «Мур!», «Ҷон!» не, «Мур!» аст.

 

*   *   *

 

Дунё ҳафтранг аст. Яке ҳама ранг бинад, дигаре танҳо сурх, сеюми танҳо сиёҳ.

 

*   *   *

 

Меваи дарахти шитоб пушаймонист.

 

*   *   *

 

Ошпаз ва табиб – ҳарду дар тан хилъат ва дар сар кулоҳи сафед доранд. Вале на як дилу ният.

 

*   *   *

 

Сарсабзии киштаҳо зи обу офтоб, аз одам кори неку дуост.

 

*   *   *

 

На ҳар сухани Президент қобили қабул ва на ҳар фармонаш қобили иҷрост.

 

*   *   *

 

Лабон барои киш – киши забон не, барои паноҳ доштани он аст.

 

*   *   *

Зиндагии аз маош ба маош дилбазан бошад ҳам, ҷонсўз нест.

 

*   *   *

 

Модар замин, падар киштгар аст, омўзгор обу ҳавою хуршед. Ба замини бад ҷав кишта бошанд, обу ҳавою хуршед қудрати сабзондани гандумро надоранд.

 

*   *   *

 

Бале, осмон баланду замин сахт, вале дари дили инсон дар рў ба рўят – ку!

 

*   *   *

 

Ишқи Маҷнун маталаб, тешаи Фарҳод талаб.

 

*   *   *

 

Лаб не, чашму гўш кушо!

 

*   *   *

 

Борҳо шунидам: «Занҳо мисли тухмҳои ранг карда. Пўст канӣ ҳамаашон як хел». Пас чаро яке покдоман асту дигаре фоҳиша?!

 

*   *   *

 

Аз хирадманде пурсидам, ки:

– Беҳтарин падар кадом аст?

Гуфт:

– Устод.

 

*   *   *

 

– Некӣ карда чӣ кунам?

Гуфт:

– Фаромўш.

 

*   *   *

 

Дўстамро коҳиш кардам, ки:

– Насиҳат аз душман пазируфтан хатост.

Гуфт:

– Бале, вале шунидан равост.

Гуфтам:

– Ба чӣ ваҷҳ?

Гуфт:

– То бар хилофи он амал кунӣ.

 

*   *   *

 

Дар ин дунё одаме нест беайб.

Охир оташ ҳам дуду хокистар дорад!

 

*   *   *

 

– Қудрат ба кори хайр надорам. Чӣ кунам?

– Cухани хайр бигў!

 

*   *   *

 

Дороӣ ҳам бор аст. Онро бардошта натавонӣ миёнат бишиканад.

 

*   *   *

 

Одами беишқ чароѓи беравѓан.

 

*   *   *

 

Наход модаронро танҳо барои cўхтану бахшидани гуноҳҳои фарзандонашон офарида бошанд?!

 

*   *   *

 

Дирўз – орзу, имрўз – ҳаёт, фардо – ёд. Орзу ширин, ҳаёт тезгузар, ёд сол ба солу аср ба аср бимонад.

 

*   *   *

 

Доно ба замин менигарад, нодон ба осмон.

*   *   *

 

Ситоиш чун май одамро маст кунад ва ба пастӣ барад.

 

*   *   *

 

Дурўѓ дурўѓ бизояд ва ба гирдоб табдил ёфта, туро ба коми хеш кашад.

 

*   *   *

 

Зан ба мард ва мард ба зан эҳтиёҷ дорад. Яке бе дигаре хор гардад.

 

*   *   *

 

Марди беирода чун мошини бетормоз гирифтори садама бигардад.

 

*   *   *

 

Ашки кўчак кўҳи ѓаму андўҳро аз дили инсон шўяд.

 

*   *   *

 

Ай зан! Аз оѓўш ба оѓўш мапар, ки охир бе оѓўш бимонӣ!

 

*   *   *

 

Кисаи холӣ не, каллаи холӣ боиси ѓам аст.

 

*   *   *

 

– Гўри дўстон куҷост?

– Дар дил!

 

*   *   *

 

– Аз марг тарсӣ?

– На!

– Одам набудаӣ!

 

*   *   *

– Ба хонаи ман меҳмон бишав.

– Чӣ дорӣ?

– Шароб.

– Китоб чӣ?

– На.

– Пас бар остонаи ту по мондан гуноҳ аст!

 

*   *   *

 

Бихандону наранҷон!

 

*   *   *

 

– Оташи хашмро бо чӣ метавон кушт?

– Бо сукут.

 

*   *   *

 

Ѓафлати кўчак бадбахтии бузург бизояд.

 

*   *   *

 

Танбал ҳамеша бори миннат бикашад.

 

*   *   *

 

Гўшагирӣ аз мардум нишонаи бахилист.

 

*   *   *

 

Корро дандон мекунаду роҳатро шикам мебинад.

 

*   *   *

 

Ту бояд номатро ҳамеша эҳтиёт кунӣ.

 

*   *   *

 

Қатраи ѓам азим асту баҳри шодӣ кам.

 

*   *  *

 

Аз курсии мансаб афтӣ боке не, аз курсии одамӣ наафт.

 

*   *   *

 

Ваъда додӣ вафо кун, вагарна ҷафо бинӣ.

 

*   *   *

 

Дил ба май додӣ, ҷон ба марг.

 

*   *   *

 

Бо ҷамолат наноз, бо камолат биноз.

 

*   *   *

 

То ҳамон даме зиндаӣ, ки туро ёд мекунанд.

 

*   *   *

 

– Ишқ нахоҳам!

– Набошад чаро ба дунё омадӣ?!

 

*   *   *

 

– Кадом гул аст, ки пажмурда нашавад?

– Рухи дўстон.

 

*   *   *

 

– Умри шабнам чанд аст?

– То рух задани офтоб.

 

*   *   *

 

Аӣаб замона шуд! Тамошо аз они кўр. Гап аз гунг. Гапшунав кар.

 

*   *   *

 

Бо одаме, ки дар чашм айнаки сиёҳ дорад сўҳбат макун.

 

*   *   *

 

Дидӣ бовар кун, надидӣ не.

 

*   *   *

 

Сабр моҳиест, ки на ба шасти ҳар кас меафтад.

Солҳои 1990 – 1994

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …