Главная / Гуногун / БОЗОРИ «СИЁҲ

БОЗОРИ «СИЁҲ

Ибтидои рўзи харобу хастаи тирамоҳ.

Шамолаки сарде мевазид. Шохҳои дарахтон алвонҷ мехўрданд ва баргҳои тиллоранги онон лаҳзае дар осмон пар-пар карда, ба зери по меафтоданд. Дили Асад-бобо ки ба чайқовбозор равона буд, аз набудани мошин танг гардида, бесаброна ин тарафу он тараф рақсак мерафт. Дам ба дам ба умед ба пеш менигарист, ки кай мошин пайдо мешаваду ўро ба чайқовбозор мебарад.

Имрўз аз саҳар дили ў буғз кардагӣ барин ғаш дорад. Бомдодон барвақт аз хоб бедор шуду бо оби хунук таҳорат кард, дасту рўй шуст. Намози бомдодро хонду як пиёла чой нўшида, ба роҳ баромад. Ба як мошини роҳгузар савор шуда, чанде пеш ба ин ҷо расида буд ва ҳоло интизори мошини шаҳр, ҳис мекард, ки хунук хўрдааст, банду буғумҳои дасту пояш ба дард меоянд. Тахтапушташ ҳам аз таъсири боди сард месўхт.

unnamedВай то ҳол чайқовбозорро надида буд ва орзуи дидан ҳам надошт. Вале маҷбур шуд, ки мазаи онро бичашад. Моҳе як маротиба дўстони ҷонӣ – ҳамяроқонаш – Собир, Камол ва Саттор ба хонаи ў омада, қурутоб мехўранд.

Завҷаи Асад-бобо пазандаи беҳамтост. Бахусус, мазаи қурутоби пухтаи ў то дер гоҳ аз даҳон намеравад. Дар деҳа касе чун ў қурутоб тайёр карда наметавонад. Чунон ширин, ҳамин хел бомаза ва ҳамон қадар хушбўй, ки дар таърифаш сухан оҷизӣ мекунад. Вай фатири кўрак мепазад, қурутро кафмол карда, об мекунад, бехпиёзро гирд-гирд реза карда, ба табақи калони чўбин ҷо мекунад ва аз болояш равғани зарди доғро мерезад. Ҷаззаси гушнавозу бўи гуворо дар хона паҳн мегардад.

– Оҳ! Оҳ! – гўён, дўстон шодӣ мекунанд ва омадани табақи қурутобро бесаброна интизор мешаванд.

Ҳамин ки табақро оварданд ба он ҳуҷум намуда, таърифу таҳсин карда мехўранд. Ин ба Асад-бобо аҷаб наъша мебахшад.

– Дар маҳалу мавзеҳои дигар ҳам қурутоб хўрдаам, аммо маззаи қурутоби шуморо дар ягон ҷо дарёфт накардаам, – дастонашро поккунон мегўяд Собир.

– Алҳол танбал шудаанд мардум, қурутоб намекунанд. Кунанд ҳам аз дўғ ё чакка. Қурутоб нест, охир, ин дўғоба! – мегўяд Камол.

Асад-бобо меҳмонони зиёдеро пазироӣ мекунаду мегуселонад. Баъзан онҳоро ба ҳам муқоиса мекунад. Фарқашон аз замин то осмон. Як қисмашон ҳамин ки ишкамашонро пур карданд, ба ғайбати мардум мепардозанд. Чунин сўҳбатҳо намефорадаш. Чунин одамонро ў «лаққӣ» меномад. Лаққиҳоро чашми дидан надорад. «Одамони лаққӣ касофат, – мегўяд ў, – онҳоро хук барин шум мебинам».

Ташрифи ҷўраҳои ҳамяроқаш боби дили ўст. Саргузаштҳои аҷоибу ғароибе доранд. «Ёд дорӣ?» – гўён, занги дил мешўянд. Чун ҳамеша Собир бо шўхиву зарофатҳо, лутфу латифаҳо вақти онҳоро хуш медорад.

Ҳафтаи гузашта ҳам омаданд дўстонаш. Вале бори аввал қурутобхўрӣ ба Асад-бобо нашаъ набахшид. Вақте ки табақи қурутобро оварданд, Камол бо тааҷҷуб нидо кард:

– И-и, ин табақи сафол-ку!

– Ҳа, рост, – гуфт Собир. – Табақи чўбин канӣ?

Асад-бобо дар хиҷолат монд.

– Ҳа, табақи чўбин шикасту рўзамон ба ҳамин сафол монд, – узрхоҳона гуфт Асад-бобо.

– Об-бо, маза накард, – афсўсомез гуфт Камол.

– Ҳа, дар табақи сафолин чӣ қурутоб хўрӣ чӣ не, – Камолро дастгирӣ кард Собир.

– Ҳамин табақу чумчаи чўбин барои чӣ гум шуд-а? На дар даст меёбед, на дар мағоза, – Асад-боборо аз вазъияти ногувор бароварданӣ шуда гуфт Саттор.

– Барои чӣ гум шуда будааст, – гуфт Камол. – Гум нашудааст. Дар чайқовбозор пур.

– Рост?

– Ҳа, дар он ҷо ба ҷуз ҷони одам ҳама чиз ҳаст.

Пас аз гусели дўстонаш дили Асад-бобо сип-сиёҳ гашт ва қарорашро гум кард. На кори кардагиашро медонисту на хўроки хўрдагиашро.

Ниҳоят роҳи чайқовбозорро пеш гирифт.

Насими сарди тирамоӣ танашро сард гардонд. Канда-канда сулфид. Футтаи миёнашро кушода, ҷомаро ба танаш ҷавстар кашида, онро дубора баст. Бо вуҷуди ин шамол кашида, баланд атса зад.

– Пир шав-е! – гуфт ҷавони бўзбалаи баднамуд.

Овозаш дағалу гўшхарош баромад. Ва ба назараш «Гум шав-е!» намуд.

Чанд кас ба ў нигоҳи шубҳаомезу норозиёна партофтанд, вале чизе нагуфтанд. Яке аз мусофирон ғур-ғуркунон ба дигаре мегуфт:

– Тартибу интизом нест.

– Кай буд, ки имрўз шавад. Ронандаҳо фалак барин каҷрафтор, – гуфт дигари ва сигарет оташ дод.

Ҷавони баднамуд ба ў наздик шуда, амромез гуфт:

– Те, якта кашем!

Мусофир ҳарфе ба забон наоварда, ба ў сигарет дод. Ҷавони баднамуд сигаретро оташ дода, ду-се бор сахт-сахт кашид ва сулфа карда гуфт:

– Ўҳ, баланд будааст!

Асад-бобо «эҳ, шаклу суммот ҳам ҳеҷ гап набудааст» гўён, рўй гардонд.

Ин дам автобусе омада қарор гирифту ҳама худро ба он заданд.

– Монед, пирон савор шаванд, – шунида шуд овози ҷавонмарде.

Аз таъсири ғалоғула ва талоши ҳар чғ зудтар ба автобус даромадани одамони зиёд касе ба сухани ў аҳамият надод. Ҳар яке кўшиш ба харҷ медод, ки пештар дарояду ҷой гирифта шинад.

Асад-бобо бо як азобе ба автобус даромада, назди ҷавони бадафт омада истод.

– Ба мўйсафед ҷой диҳед, – ба ҷавони бадафт муроҷиат намуд марди мўйлабдор.

– Чӣ, мефорад, ки бинита ҳамвор кунам! – чашмонашро калон кушодаю мушташро гиреҳ карда, наъракашон ба сари ў дод зад ҷавони бадафт. – Пири фартут бояд дар хона шинад!

Асад-бобо суханони талху таҳқиромези ҷавонро шунида, мисли ҳезуми тар сўхт ва базўр худдорӣ карда, зоҳиран оромона ба марди мўйлабдор гуфт:

– Лозим не, писар. Ҳоло мо бақувват.

                 Қомати хамгаштаи пирон нишони марг нест,

                 Як камон сад тирро дар хок пинҳон мекунад.

Ҳарчанд ки ронанда ҳам, автобусбудагон ҳам ҳама таҳҷои буданд, ў бо овози марғуладор гуфт:

– По два рубля соберите!

Пас аз ҷанҷолу хархашаи давомдори пулғундорӣ автобус роҳи шуд. Ронанда автобусро бо сурати тез меронд. Ба назар чунин менамуд, ки мошини одамкаш не, чўбкаш аст.

– Писарам, оҳистатар ронед, – илтимос кард пиразане.

– Время, денги, бабушка, – хандаи безебе кард ронанда.

Автобус аз чанд истгоҳ гузашт. Аҳли автобус ҳама байни худ аз ҳар хусус гуфтугў доштанд: зиндагӣ душвор, манзилгоҳ нест, мағозаҳо холӣ, нархҳо баланд, маош кам, алюминзавод, Роғун, Ёвон, ҷои кор, пахта… Ва ғайра ва ҳоказоҳо…

– Як умр ҷон кандам. ГЭС-и Норак, заводҳои кимиёи Ёвону алюмини Турсунзодаро сохтам. Сохтмончии хизматнишондода…

– Хайр чӣ?

– Хайр чӣ будааст?! Акнун нони хўрдан надорам…

– Бисёр ғам нахўр. Як ту не, ҳама надоранд.

Пирамард чизе нагуфт. Риши сап-сафедашро бо панҷа ҳилол карду ба нуқтаи ноаёне чашм дўхта, баъд пурсид:

– Акнун чӣ кор мекунем, ҳоли мардум чӣ мешуда бошад-а?

Дар суханони пирамард як ҷаҳон шубҳаву хавотирӣ ва ҳатто тарс ниҳон буд.

– Намедонам, – посух дод ба ў пирамарди шафаташ. – Худои таъоло худаш надонад, бандааш аз куҷо медонад.

– Лекин бачаҳо чунон хўро шудагӣ, ки мондан гиред, – лаҷоми суханро ба даст гирифт марди миёнсол. – Пеш чор-панҷ нон мерасид. Акнун даҳто нон камӣ мекунад. Метарсам…

– Метарсӣ? – сухани ўро бурида, тааҷҷуб кард пирамарде. – Аз чӣ?

– Худораҳматии падарам – рўҳаш шод бод! – мегуфт, ки пеш аз қаҳтӣ бачаҳо хўро мешаванд.

– Наход қаҳтӣ шавад? – таъҷилан пурсид пирамард.

– Шубҳа накунед, – ба сўҳбати онҳо шарик шуд Асад-бобо. – Шубҳа торикии имон аст. Ман дар ҳамин умри кўтоҳам рўзҳои талхтар аз заҳрро ҳам дидаму рўзҳои ширинтар аз асалро ҳам. Мегўянд, ки «бар сари фарзанди одам ҳарчӣ ояд бигзарад!» Поёни шаби сияҳ сафед аст! Ҳофизи Шерозӣ, ки лисонулғайб мебошад, рост мегўяд:

                       Бигзарад ин рўзгори талхтар аз заҳр,

                       Бори дигар рўзгори чун шакар ояд!

– Гапатон рост, мегузарад. Лекин кай ба рўзи равшан мерасем?

– Худо хоҳад ҳамааш хуб мешавад.

– Эҳа, то хуб мешавад, ки мо хок мешавем.

– Ношукрӣ накунед, – коҳишомез гуфт Асад-бобо. – Шукр бояд кард, ки миллати мо тадриҷан пеш меравад, давлатамон рўз аз рўз қуввату қудрат пайдо менамояд. Бузургонамон барҳақ фармудаанд:

                       Шукр гўй, давлатат афзун шавад,

                       В-ар нагўӣ, аз кафат берун шавад.

Ҳамон ҷавони бадафт қоҳ-қоҳ зада хандид. Чунон заҳрхандаи истеҳзоомезонаи гўшхарош кард, ки ба дили Асад-бобо мисли тири камон бархўрд.

– Чаро механдӣ?!

– Чӣ, гиря кунам!

Сабри Асад-бобо аз даст рафт:

– Ҳа!

– Ҷонат азиз?! – чашмони ҷавони бадафт чалақ-палақ шуданд.

– Ҷони ҳар инсон, албатта, ба худаш азиз.

– Азиз бошад, хап шин! – дағалона дўғ зад ҷавони бадафт.

Хайрият, ки автобус ба бозор расид, набошад ҷанҷол ногузир буд.

Пайроҳаи одамгард роҳи каҳкашонро мемонд, ки одамон зич рафтуо доштанд. Асад-бобо аз автобус фаромада буд, ки анбўҳи одамон ўро ҷониби бозор гирифта бурд.

Зиндагӣ дар бозор ҷўш мезад. Растаҳо яке аз дигаре пурбор. Чунин ба назар мерасид, ки файзи замину осмон ба ин гўша пош хўрда. Тамоми неъматҳои дунё – муҳаё. Доро бошӣ шири мурғро пайдо карда метавонӣ. Дар ин ҷо ҳам шоҳу ҳам гадо, ҳам чўпону ҳам раисро дидан мумкин. Ту «вовчик»-у ман «юрчик», ту «коммунист»-у ман «растохез» вуҷуд надорад. Шоҳу гадо, марду зан, кўдаку чудак баробар. Ҳама ба ду гуруҳ ҷудо мешаванд: савдогар ва харидор. Яке мефурўхт, дигаре харидорӣ мекард. Фурушандаҳо барои ба ҷониби худ ҷалб намудани харидорон часпу талош доштанд. Моли худро бо ҳайёҳуи зиёда васф менамуданд.

– Оҳой, калучи арзонда биё! Моли асил!

– Ҳой бача, шарфи махровда биё!

– Биё, миравой катишкада биё!

– Подходи, винагирад, половина сахир, половина миёд!

– Чойи ҳиндида биё! Биё, бача! Ай мада арзонфурўш нестай!

– Носи калилинда биё! Зурай! Мағзи сара топ-тоза мекуна!

Ба ёди Асад-бобо чанд мисра шеър омад:

                        Дунёра бин, дунёра бин,

                        Ин шўру ин савдора бин.

                        Савдогари бозора бин…

– Пистаи хандонда биё!

– Э, раве!

Ба гўши Асад-бобо овози суруд омад. Оҳанги он ба ў бегона ва садояш ба садои дегу табақ монанд буд. «Тўй бошад?» – гуфт дар дил ва ҳамон сў равон гашт. Ҷавоне рўи мизи калон магнитофонро монда буд, ки баланд суруд мехонд:

                         Ҷўра бубин ҳавора

                         Мебораю мебора

                         Духтарои қаторак

                         Кадомуш тура мефора…

– Биё бобо! Касетаҳои зур дорам!

– Пастар кун, писарам, гўшҳоро кар кардӣ.

Ҷавон магнитафонро баландтар кард.

Асад-бобо озурда гашт.

– Афсўс, – гуфт ў ва дур шуд.

– Пистаи хандонда биё!

– Усу раве! Безор кардӣ-ку!

Дар растае чашмаш ба қассобе афтод. Қассоб чолокона чор-панҷ килло гўштро болои тарозу гузошта, чашми харидорро хато карда, дар байни гўшт чанд пора устухонро ҷо кард. Ва ҳамчунон бо як чаққонии ба қассобон хос гўштро ба қоғазе печонда, ба мизоҷ пешкаш намуд.

Ҳамин асно воқеае рўй доду тартиби муқаррарии бозор вайрон гашт. Ду ҷавон-яке бузбалаи сиёҳҷурда, дигаре хароби паст – ғавғо доштанд. Савдогарон аввал «чӣ гап шуда бошад?» – гўён, ба якдигар суоломез нигоҳ карданд, баъд сўи воқеъа шитофтанд.

Ғавғо авҷ гирифт ва ба ҷанги даҳонӣ табдил ёфт.

– Хар! Аҳмақ! – мегуфт яке аз он ду нафар, ки аз рақиби худ дар тану туш хеле хурд буд.

– Ту хар! Ту аҳмақ!

– Ҳа, ҳоли ҳамин хел?!

– Ана ҳамин хел!

– Сиву ду дандонатро ба ҳалқат мефиристам…

– Ку, биё. Биё…

– Ана, ба ту, ана…

Ва занозание байни онҳо барпо гашт. Занозанӣ манзараи занозании киноҳои ҳиндиро ба ёд меовард. Ҷамъомадагон қариб ҳама хандида хушҳолӣ мекарданд.

– Майдача бало будааст, – мегуфт ҷавоне калиди мошин дар панҷаҳояш бозикунон. – Бин, чӣ хел мезанад.

Дили Асад-бобо ҳузн гирифт ва фишурда шуд. Ва бо умеди имдод ба ҳампаҳлўяш нигарист. Ва ҳамон ҷавони бадафтро дид.

– Халос кунед, якдигарро мекушанд.

– Мон зананд. Тамошои бепул. Ҳеа-ҳу! Ҳая!

– Ҳой, мардум, халос кунед онҳоро! – бори дигар дод зад Асад-бобо.

Вале касе ба ў эътибор надод. Гўё ин мафҳум ба онҳо бегона буд. Дар дили Асад-бобо як изтироби ғарибе туғён кард. «Ё Худо!» – гуфт гиребон дошта. Сипас қадаме ба пеш монда:

– А бача ҷанг накунед! – гўён, нидо кард.

Вале бачаҳо ўро намешуниданд. Масти занозанӣ буданд. Вай пеши худ чора меҷўст. Дар ин байн рақиби ҷавони майдахел ба замин афтид. Қийғоси ҷамъомадагон баланд гашт.

– Қандата зан! – дод зад ҷавони бадафт.

Чанд нафари дигар ҳам ба таҳсин лаб кушоданд.

– Маладес!

Яке қаҳқос зад.

Ногоҳ ҷавон хесту гурехт. Ҷавони майдахел ба дунболи ў шуд. Сур мекард ва қабеҳтарин дашномҳоро дар пайяш мерехт. Лаҳзае пас онҳо аз назар ғайб заданд. Шасти одамон ҳам паст шуд ва як-як дур шудан гирифтанд. Лаҳзае пас доду войи чанд савдогар ба фалак печид. Маълум гашт, ки молашонро руфта бурдаанд.

– Ҳа, ин саҳна махсус бозида шуда будааст.

– Ба онҳо тамошои бепул гарон афтод.

– Ҳо ана гап дар куҷо будааст?! Эҳ, бозори сиёҳ! – афсўсомез гуфт Асад-бобо ва роҳӣ шуд.

Вай оҳиста-оҳиста қадам мезад. Ногоҳ чашмаш ба қолинҳои рангу баранг афтид. Нигоҳашро об дод. Чолу кампир кайҳо дар орзўи қолин буданд. «Якта харам чӣ? Кампир хурсанд мешавад» – гуфт дар дил ва ба қолинфурўш наздик шуд.

– Биё, бобо! Дар ришат садқа, биё!

– Қолинро чанд пул кардӣ, писарам?

– Понздаҳта.

– Понздаҳта?!

– Ҳа. Кадомаша диҳам? Ана, ҳаминаш мешавад?

Асад-бобо ба ёд овард, ки дар кисааш чорсаду бист сўм дораду халос.

– Чанд медиҳӣ, бобо?!

Асад-бобо лолу хомўш буд.

– Одаму хуб метобӣ, бобо. Ана, хотири риши сафедат, чордаҳта. Мешавад?

Асад-бобо ҳамоно хомўш буд.

– Чӣ ба даҳанат об гирифтӣ?! Гап зан!

– …

– Дилат, ки ба пулат месўзад, яктараф ист, роҳи клиентоя банд накун.

– Пистаи хандонда биё!

– Э, гум шав! – дод зад ба сари бача қолинфурўш. – Пистаат дар сари қаври падарат!

Асад-бобо одамонро тела додаву ба худаш роҳ кушода, пеш мерафт. Хариду фурўш авҷ дошт. Баногоҳ талотуме бархост дар як гўшаи бозор. Бисёриҳо он сў давиданд. Асад-бобо як фурсат дар ҷояш истод. Ҳисси кунҷковиаш ба ҷўш омаду ў ҳам рафт. Худро ба он анбўҳ бизад, одамонро ба ду қисм фарх кард. Зане худро рўи замин мезад.

– Хонаам сўхт! Панҷ ҳазор пуламро дуздиданд! До-о-о-од! До-о-оред!

– Киро?

– Дуздро!

– Канӣ ў?

– …

– Сазои сарат, ҷаллоб!

– Шояд ҷаллоб набошад?

– Дузд медонад киро занад.

– Дуздро қарақчӣ зад!

Талотум камтар шуд, мардум бо роҳи худ рафт. Дили Асад-бобо ба зан сўхт. Лекин ба ў чӣ ёрӣ дода ҳам метавонист. Хост ўро дилбардорӣ кунад.

– Ғам нахўред хоҳар…

– Э, гум шав-е!

– Аҷоиб! Эҳ, бозори сиёҳ! – гуфт Асад-бобо ҳайратзада ва қафо гашт. Баробари гаштан ҷавонеро дид, ки табақи чўбинеро дошта меистод. Шод шуд ва худро зуд назди ҷавон расонд. Ва табақро ба даст гирифт.

– Гиред, бобо, арзон кардам. Ҳа, арзони хоки сиёҳ.

Дар чашмони ҷавон барқе заиф медурахшид. Табақ ба ў он қадар маъқул нашуд.

– Дигар надорӣ? – пурсид ў.

– Не, даҳто буд, фурўхтам. Ҳамин охиринаш. Гиред, бобо, арзон кардам. Ҳа, арзони хоки сиёҳ, – мегўяд ҷавон ва нури шайтонаке дар дидагонаш бозӣ мекунад.

– Хайр, арзони хоки сиёҳат чанд пул?

– Ҳамагӣ дусад сўм.

– Дусад? Не-й-е, шўхӣ накун?

– Шўхӣ не. О, ин табақа бин. Табақ не, табақҷон, роҳати ҷон. Чўбаш олӣ.

– Олӣ? Чўби чӣ?

– Чўби чӣ? Чўби… Ҳа, аз чўби заранг сохтам.

– Аз чўби заранг сохтӣ?

– Ҳа, аз чўби заранг.

Асад-бобо ба фурўшанда дурусттар синча кард. Ҷавони олуфтае буд ў. Аз дасти ин ҷавон тарошидани табақ он таораф истад, қурутобхўрӣ намеояд. Боз заранг мегўяд-а?! О, дар кадом аср аз чўби заранг табақ тарошидаанд? Шунида буд, ки дар бозорҳо ҷаллобоне ҳастанд, ки аз дигарон бо нархи арзон мехаранду баъд қиммат мефурўшанд. Ҳатто баланд будани нархи бозорро ҳам аз онҳо медонанд. Яқин кард, ки ин ҷавон аз ҳамон зотҳост. Нафраташ омаду ҷиддӣ гуфт:

– Ту ҷаллоб! Ба милиса супоридан даркор.

Ҷавоне заҳрханда карду гуфт:

– Овора нашавед, бобо. Онҳо «ҳақашон»-ро кайҳо гирифтагӣ!

– Ҳм… об аз боло лой гўед?!

Ин дам марде «Ку те бинам» – гўён табақро ба даст гирифт ва як онро аз назар гузаронида, «Чанд?» – гуфта пурсид.

– Дусад, – зуд посух дод ҷавон.

Он кас дигар ҳарфе назада, дусад сўм шумурда, ба фурўшанда доду рафт.

Асад-бобо ба ҳеҷ чиз сарфаҳм нарафта, лаҳзае карахту лол шуда монду баъд ба худ омада, ҳайрон ин сў – он сў чашм давонд. Ва дид, ки якеро ду милиса пешандоз карда мебаранд.

– Нафси бад-балои ҷон! Доля надодааст. Акнун адабаша медиҳанд.

Зиқ буд зиқтар шуд Асад-бобо. Дилаш суст гашт. Аз ғавғо ва мағал сараш чарх мезад, чашмаш сиёҳ мерафт.

– Пистаи хандонда биё!

– Э гум шав!

Як нос кашид. Зиқиаш раф нашуд. Нидои баланди «Ҳай ҷона!»-ро шунид. Рўй ҷониби ин нидо гардонд. Ва дид, ки зане мерақсад. Девонаавзо буд зан. Ҳама ба ў нигоҳ мекарданд. Механдиданд, писханд мезаданд. Зан шасти рақсашро паст карду ба сурудхонӣ оғозид. Ғалат-ғалат суруд мехонд. Ғамангез буд сурудаш.

– Ҳай ҷона!

Зан хомўш монд. Ҷавони ширакайф ба ў гуфт:

– Хола шўхаша гир, шўхаша! Ҳай ҷона!

Ба зиқиаш зиқи зам шуд. Дилаш сусттар гашт. Ҳама чиз дар назараш бад намуд. Зеҳнаш хаста буд. Дилаш чизе намехост. Гўшаш ово мекашид. Пушаймон аз он ки ба ин бозор омад.

Ба бозоре ки пур аз

ғавғо,

фиреб,

фанд,

найранг,

беномусӣ…

Ба бозоре ки худфурўшиву худхаридорист!

Ба бозоре ки «гўр сўзаду дег ҷўшад!»

Дигар қудрати миёни растаҳои печ дар печ гаштанро надошт. Ва ў сари калобааш гум, шеъри машҳури Ҳофизро зери лаб қироат карда, сўи баромадгоҳ роҳ пеш гирифт.

                  Ин чӣ шўрест, ки дар даври қамар мебинам,

                  Ҳама офоқ пур аз фитнаву шар мебинам.

                  Пешаи подшоҳон нест ба ҷуз ҷавру ситам,

                  Адлу инсоф ҳама зеру забар мебинам…

Вақте ки ў ба истгоҳ омад, офтоб ба ғуруб моил шуда, ҳаво ғуборолуд шуда буд. Вай аз ҳавои ифлоси шаҳр нафастанг шуда, мехост ҳарчи зудтар ба хонааш биравад. Вале на троллейбус буду на автобус. Хеле интизор шуд. Автобусе омада қарор гирифт. Фавҷи одамон ба ҷунбиш даромад ва ўро ҳам мисли селоб бо худ бурда ба дари автобус зад. Ба ҳадде башасту ғайриихтиёр буд, ки фурсати нигаристани рақами автобус нашуд. Пас аз чанде аз ҳампаҳлўяш пурсид:

– Писарам, намегўед, ки ин автобуси рақами чанд?

– Автобуси берақам.

– Чӣ хел берақам? Магар берақам мешавад?

– Ҳоло ҳама чиз мешавад.

– Э, ин қадар рақам пурсидӣ?! То марказ барад, шуд-дия!

Дили Асад-боборо як хавфи номаълум оҳиста-оҳиста туман барин зер кардан гирифт. Қалби ҳассосаш аз ҳодисаи нохуше таҳ кашида рафт.

Нохост автобус қарор гирифту ду ҷавони бўзбала, ки дар дами дари автобус меистоданд, аз киса пистолет кашида, амр карданд:

– Бе шавқун, якта-якта пулу мол, тиловориро дода баромадан гиред.

– Касе бинг гўяд, мепаронам! – бонг зад дуюмӣ.

Одамони рангпарида ба якдигар сур-сур нигоҳ карда, ёрои лаб во кардан надоштанд. Тарсу ваҳм гунгашон карда, ҷасораташонро рабуда буд. Онҳо якта-якта чизе ки доштанд, бо ду дасти адаб ба дасти ғоратгарон дода мефаромаданд. Асад-бобо ҳам ба ғоратгарон семоҳа нафақааш, ҷамъ чорсаду бист сўмро бо ду дасти адаб дод. Ва яке чашмаш ба ҷавони бадафт афтид. Ранги рўяш пахта барин сафед, чашмонаш пур аз тарсу тавалло. Чун барги бед меларзид. Ку он ҷасорату кару фар?!

Автобус роҳӣ шуд. Асад-бобо ба худ омада, ба ҷавоне гуфт:

– Номераша навишта гир.

– Ғоратгарон доно будаанд, номерҳои автобусро ҳам кушода гирифтагӣ, – гуфт ҷавон.

– Эҳ, бозори сиёҳ, – оҳи сард кашид Асад-бобо. – Аҷаб сиёҳкорӣ.

– Мурдорҳо! Одам нашуда муред! Песу махав шавед!

Асад-бобо ба ақиб нигарист, то бидонад, ки соҳиби ин суханон кист. Соҳиби ин суханон ҷавони бадафт буд. Асад-бобо бо нафрату ғазаб ҷониби хонашери майдонғариб нигарист ва лабонашро бо ҳам фишурд.

Аз ғазаб чашмони ҷавони бадафт кашида гашта, дандонҳои ба ҳам фишурдааш ғиҷиррос мезаданд. Ин башара дили Асад-боборо ба монанди сихи тафсон сўзонда гузашт. Вай оҳиста як оҳи бадард кашид.

– Ман онҳоро мешиносам. Очаи зорашонро нишон надиҳам, ман хар, – бо дағдаға гуфт ҷавони бадафт.

– Ҳа-а-а… Ин хел гўед… – оҳи сард аз дили пурдард кашид Асад-бобо. – Аҷиб.

– Чӣ «аҷиб»?

– Мушти пас аз ҷанг ба ёд омадаро ба сари худ мезананд.

– Чӣ-ӣ?! – ҷавони бадафт сар то пойи Асад-боборо бо як нигоҳ андовид. Сипас чашмонаш чун чахмоқ аловак зада, ба бозӣ даромаданд. Пасон дўғ зад: – Аҷалат расидааст?!

Асад-бобо аз ваҷоҳати ҷавони бадафт ҳис кард, ки кор намешудагӣ барин. Маҷбур «аз бало ҳазар!» – гўён, аз ў дур шуд.

Хиҷилу бедимоғ, хомўшу хаёлӣ гом мезад ў.

Дилаш дард мекард ва мағзи ғонаш месўхт.

Ашк дар чашмонаш меҷўшид.

Рўзи харобу хастаи тирамоҳ интиҳо меёфт.

 19 апрели соли 1992

 21 маи соли 1995

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

ruza_ramadan

Дуоҳои ният ва ифтори рӯзаи моҳи  шарифи рамазон

Нияти рӯза гирифтан: «Ва ли савми ғаддим-мин шаҳри рамазона-л-лазӣ фаризатан навайту». Тарҷума: Рӯзаи фардоро аз …