Главная / Гуногун (страница 30)

Гуногун

ОБХСС

o-nevyezde-2

Вазорати корҳои дохилии шӯравӣ бахше дошт, ки масъули мубориза бо сирқати амволи сусиёлистӣ буд ва номи мухтасари онро ба русӣ ОБХСС мегуфтанд. Ин бахш бештар аз болои низоми савдои шӯравӣ назорат мебурд. Кормандони ин бахши милиса савдогарон ё ба ибораи худашон «ҳаннотон»- ро низ шадидан таъқиб мекарданд, балки онҳоро душмани …

Муфассал »

ПАДАРАМ БА ДУШАНБЕ ОМАДАНД

Шахри Душанбе

Ҳукумати шӯравӣ ҳанӯз соли 1988 соҳибкориро дар шак- ли кооперативҳо иҷозат дода бошад ҳам, дар шаҳрҳои Тоҷикистон одамон ҳатто дар аввали солҳои 90 аз ин тағйирот камтар хабар доштанд. Дар деҳот ҳанӯз ҳам мардум гӯё дар за- мони шӯравӣ мезистанд ва бо қоидаҳои бозору тиҷорат камтар ошно буданд. Масалан, соле …

Муфассал »

Тиҷорати якум: Сири Тиҷоратӣ

shoir-shoh

Замони ба тиҷорат шурӯъ кардани ман коргузории бонкӣ ҳанӯз ҳам аломатҳои зиёди низоми шӯравиро дошт. Тавре ки арз шуд, дар низоми шӯравӣ бонкҳо тамоми раван- ди тавлиду масрафро назорат мекарданд ва ҳисобро байни тавлидкунандаву масрафкунанда баробар. Тавлидкунанда метавонист дар Тоҷикистон бошад, масрафкунанда дар Сибир. Ҳамдигарро дидану донистани онҳо ҳатмӣ набуд. …

Муфассал »

Ҳиҷо чист? Дарс дар Донишгоҳ

мочарои рафта

Cоли севуми донишгоҳ, аз дарси ихтисосии ҳиҷо имтиҳон доштем. Муаллифи китобе, ки аз рӯи он дарси ҳиҷо мехондем, Сиёев Бекмурод буд. Шояд бовари кас наояд, вале дар соли севуми донишгоҳ устод Бобомуродов ба мо ҳиҷо меомӯхт. Он ҳам аз забони модарӣ. Яъне ҳиҷо чист, чӣ гуна вожаро ба ҳиҷоҳо тақсим …

Муфассал »

БОНКДОРИИ ШӮРАВӢ

Агроинвестбонк

Бояд тавзеҳи мухтасаре аз низоми бонкдории шӯравӣ бидиҳам, зеро дар марҳалаи аввали ба тиҷорат машғул шуданам, қоидаҳои он низом дар кор муассир буданд. Бо сӯис- тифода аз имконоти он, дар паҳнои Шӯравӣ кулоҳбардориҳо ва сирқатҳои азиме сурат гирифта буд. Баъд аз инқилоби сурх, бонкҳо дар аввалин фурсат миллӣ кунонда шуда, …

Муфассал »

ШУХА

karete

Солҳои 90 дар ҳаёти кишварҳои пасошӯравӣ ҳамчун даврони беҳокимиятӣ ва равнақи ҷурму ҷиноят сабт шудааст. Дар паи тақсимоти амволи давлатӣ муноқишаҳои хунини зиёд рӯй доданд, ки каналҳои махсуси телевизион ва рӯзномаҳои ихтисосӣ аз онҳо гузориш медоданд. Саҳнаҳои пур- қурбониву пурхун аз филмҳои Ҳолливуд ба кӯчаҳои шаҳрҳои Шӯравии собиқ пиёда шуда …

Муфассал »

ҲИКМАТ

rish

Яке аз се нафар тоҷикбаччае, ки дар хизмати сарбозӣ бо ҳам будем, Ҳикмат ном баччаи кӯлобӣ буд ва дар қисми десантӣ (коммандо) хизмат мекард. Ҳикмат қади баланду расо дошт ва ҷисман хеле қавӣ буд. Чашмони калони барроқи сиёҳ дошт, ки нигоҳаш сӯрохкунанда буд. Мӯи сарашро пок тарошида, риши кӯтоҳ мегузошт. …

Муфассал »

ОРОМИИ НИСБӢ

daq-atavmhi

Силоҳдорони мухолифон ба самти Ромиту Рашт ақибнишинӣ карданд, ки як-ду моҳи дигар пайгирии онҳо ва ҷанг дар он минтақа идома ёфт. Ниҳоят қувваҳои мухолифон ва аксари мардуми Рашту қаротегиниасли сокини вилояти Қӯрғонтеппа ба Афғонистон паноҳ бурданд. Ҷангиёни онҳо ба марзҳои Тоҷикистон ҳамлаҳо мекарданд ва то солҳои 1997 марзҳои кишвар бо …

Муфассал »

ИҶЛОСИЯИ XVI

koxi-arbob

Раёсати Шӯрои олӣ ва Ҳукумати Тоҷикистон 10 ноябри соли 1992 бо як баёнияе истеъфо дода, даъват карданд, ки ҷаласаи Шӯрои олӣ баргузор гардад ва дар он ҳайати нави ҳукумат интихоб шавад. Таҳти сарпарастии Ӯзбакистон аз 16 ноябр то 2 декабри ҳамон сол дар Хуҷанд ҷаласаи Шӯрои олӣ баргузор шуд, ки …

Муфассал »

ДАХОЛАТИ РУСИЯ ВА ИСЛОМ КАРИМОВ

Ислом Каримов ва Елсин

Дар охири солҳои 80, бо сабаби буҳрони фарогир дар Иттиҳоди Шӯравӣ, дар байни зиёиёни рус зеҳнияте ғолиб омад, ки тамоми дороиҳои Русия барои хӯрондани ҷум- ҳуриҳои Қафқозу Осиёи Миёна сарф мешавад. Ин андеша асоси воқеӣ дошт, вале сабабаш ба заъфи мудирият вобаста буд. Мо- ликияти давлативу ҷамъиятӣ рақобат ва ангезаро, …

Муфассал »