Главная / Гуногун / Дизертир – ҳикоя

Дизертир – ҳикоя

Ўро табъ вожгун буду дил чун шоми ғарибон сиёҳ. Дар курсии корӣ менишасту на маҷоли сухан ва на майли амале дошт. Вай ҷавонмарде буд: зебо, зиндадилу хушгап, ба дилаш ғамро роҳ намедод. Аз он рўзе, ки ҳаёт дар ҷумҳурӣ ноором гашт, ў ҳам тағир ёфт. Чашмонаш чукида ва суп-сурх. Гўё дар мотами ягон наздикаш дурудароз гириста бошад. Нигоҳаш ғамноку хаёлолуд, ранги рўяш заъфарон. Мўйҳои сараш ки пеш фақат якта-нимта сафедӣ дошт, ҳоло пахта барин гаштаанд. Вазъи рўҳиаш ҳам дигар гашта ўро. Шўхиву хушҳолии доимиаш аз ў ғайб зада. Ба марди камгапу хаёлие табдил ёфта. Вай мехост аз ин ҷанҷолҳо дуртар бошад, чӣ хеле мегўянд, на бинаду на сўзад. Лекин ба куҷо меравад? О, ин ҷо Ватанаш, хокдони падару бобояш. Лекин бисёриҳо рафтанд. Рафтанд не, гурехтанд. Онҳое гурехтанд, ки пеш Тоҷикистонро васф мекарданд, ба он аз муҳаббат булбулона розҳо мехонданд. Чӣ дунёӣ, номард!

dezertyrВай оринҷ ба миз ва даст ба манаҳ гузошта кўшид, ки сабру таҳаммул ихтиёр кунад. Аммо натавонист. Оташи дарду алам пайкарашро месўзонд.

«Тавба! Ин чӣ ғазаби худо буд-а?! О, ин чӣ бадбахтист?! Хайр, банда миранда. Рўз, ки буд шуд, шоҳу гадо баробар. «Тире ки аҷал кашад, сипарҳо ҳеҷ аст» – мегўяд Хайём. Лекин, охир, бародар бародарро, писар падарро кушад, фоҷиа аст. Фоҷиа! О, ин оқипадарҳо наход нафаҳманд, ки ба решаи дарахти миллати тоҷик теша зада истодаанд?! Наход нафаҳманд, ки дилро аз ҷигар, сарро аз гардан ҷудо карда нашавад?! О, он сўй нест роҳ – ба ҷуз роҳи фано! Эҳ, чӣ ҷои шикваю шикоят, аз мост, ки бар мост! Шоир беҳуда нагуфта:

                         Гўем, ки бедор шудем! Ин чӣ хаёлест?

                         Бедории мо чист?

                         Бедории тифлест, ки мўҳтоҷ ба лолост!

                         “Аз мост, ки бар мост!..»

Садои занги телефон ўро як қад паронд. Бо нафрат ба он дида дўхт. Занг такрор шуд. Бо дили нохоҳам гўшакро бардошт. Завҷааш будааст. Аз ў хавотир. То тавонист ўро ором намуд.

Субҳ, ки мехостанд наҳор бихўранд, вай мисли моҳи охир майл наёфт, ки чизе бихўрад. Пиёлаи чойро бардошт, як қулт нўшид ва сипас онро бар ҷой гузошт. Бо нигоҳи ғамбор ва тараҳҳумоваре ба завҷааш нигаристу аз ҷояш хест.

– Равшан!

– Лаббай, чӣ мегўӣ?

Завҷааш бо садои гирифтаву изтироб илтиҷоомезона гуфт:

– Аз барои Худо, эҳтиёт бишав.

Хумори тамокўяш гирифт. Ва ў кисаҳояшро даст-даст кард. Тамоку набуд. Нигоҳаш ба рўи миз давид. Қуттии сигаретро аз болои мизаш, ки ба қабати қоғазҳо афтида буд, бардошта, ин сў – он сў гардонд. Сипас ба лаб сигарет гузошта, даргиронд. Пасон оҳиста – оҳиста пеши тирезаи васеи дутабақа рафт. Акнун ў рў ба кўча, рў ба шоху навдаҳои дарахтон истода буд. Дуди ғафси тамоку гирди сараш чарх мезад. Лаҳзае ба берун чашм дўхт. Мехост, ягон чизи қобили диққат бинаду аз қайди хаёлоти печ дар печ раҳоӣ ёбад. Дарахтон рангпаридаву заиф буданд. Баргҳои хушкидаи заб-зард гўё шикоятомез хиш-хиш садо медоданд. Вай аз берун чашм канда, бо ҳамон оҳистагӣ қафо гашт. Сигорро дар хокистардон пахш кард ва бо тамкину оромӣ ба курсӣ нишаст. Боз андешаҳои вазнин пахшаш намуд. Ҳарчанд мехост, ки ғалаёни ин фикрҳоро аз сараш дур кунад, наметавонист.

Аз чойник ба пиёла каме чой рехт. Чои хунукшударо як-ду қулт карда буд, ки бе тақ-тақ дар во гардиду «Ассалому алайкум!»-гўён, ба утоқ собиқ котиби дуюми горкоми шаҳр даромад. «Ана, боз як гуреза!» – бо дарду алам ва надомат дар дил хитоб намуд Ализода.

Котиб бо чеҳраи кушод, бо чашму лаби хандон гарм вохўрдӣ кард, гарм аҳвол пурсид. То ки даҳони ўро бандад, Ализода сардакак:

– Кадом шамол паронд? – гуфта пурсид.

– Кўҳ ба назди Магомет наравад, Магомет ба назди кўҳ меояд. Ана, омадам.

– Ҳоло кўҳ шудам, гўед?

– Не, кўҳ шумо. Кўҳ, кўҳ! Хоксорӣ накунед.

Ва ба ҳолати рўҳии Ализода заррае эътибор надода, бе ягон пешниҳод курсиеро ақиб ғеҷонда, рў ба рўи ў нишаст. Нишасту ду дасташро бардошта:

– Зинда бод КПСС! Омин облисполком! – гўён, даст ба рўй кашид.

Ализода ўро пайравӣ накард. Вай ба ин ҳам эътибор надода, аз кисааш қуттии сигаретро бароварда, сўи ў дароз намуд:

– Марҳамат, кашед.

– Раҳмат, ман худам дорам.

– Ҳой, ин хориҷӣ!

– Ба хориҷӣ одат накардаам.

– Буҷа хароб аст?

– Не, Ватаниро хуш дорам.

Котиб як дона сигарет ба лабаш гузошта, даргиронд. Ду-се бор чуқур-чуқур қулоб кашида, фағонаи дудро аз даҳону биниаш сар дод. Сипас такя ба курсӣ дода, ба Ализода нигарист. Ҳар як ҳаракати ў, ҳар як даҳон гапи ў ба Ализода сахт мерасид. Худаш, гапу ҳаракатҳояш нофорам буданд. «Болои сўхта намакоб!» боз сигарет даргиронд. Вай дуди сигаретро бо ҳаловат макида, бо пуфаш сар медод ва бўяш ба димоғи Ализода расида, тапиши дилашро сахт халалдор мегардонд. Мағзи сари котиб гўё аз нашъаи тамоку равшан гардид, ки худ ба худ лабханд зад. Ва ба Ализода рўй овард:

– Ҳа, як гапро ба шумо расонам.

Дили Ализода таҳ кашид.

– Боз чӣ гап?

– Дирўз бо дўстон як пиёла чой нўшида, чорта чақ-чақ кардем. Дар забони ҳама гапи шумо буд.

Ба дили Ализода оташ афтид.

– Дар куҷо?

– Дар куҷо?.. – котиб паст-паст сулфид ва фурсате пас афзуд: – Дар як ҷо, муҳим нест, дар куҷо.

– Хуб, чӣ хел гап?

Котиб хандид. Сипас гуфт:

– Натарсед, гапи нағз.

– Хуш?! – Бо тааҷҷуб диққат кард Ализода.

Котиб дарзамон посух дод:

– Ҳама хурсанд, ки шуморо ба вазифаи ҷонишинии вазир тавсия додаанд. Ман ҳам шод шуда гуфтам, ки арзанда.

Вай ба ў чашм партофт. Ва лаҳзае нигоҳи онҳо ба ҳам печид. Нигоҳи айёронааш ўро ошкор месохт. Ин суханон – чун рўзи равшан дурўғ… Аниқ медонад ў. О, ҳамин ҷояшро ҳам гирифтанианду. Ду бор занг зада, таҳдид ҳам карданд. Мор аст, мор. Ин гап – бофтаи худаш. То ки ақли ўро дуздад. Пас чӣ тамаъе дорад. Ҳис кард, ки ҳозир аз даҳонаш ягон гапи талх мебарояд. Бинобар он сигарет оташ дод. Дарун кашид. Дуд дод. Ду-се бор ҳарисона дуд гирифт. Сукути ҳузнангезе ба миён омад. Дар фазои хона дуди ғализи тамоку шино мекард. Ализода оҳи сарде кашид.

– Ҳа-а?! – Теғ кашида, ба Ализода нигоҳ кард котиб. – Кўҳ зиқ шавад, айб нест? Айб аст, айб!

– Чӣ ҷои шодӣ?! – бедимоғу тунд ҷавоб дод Ализода.

Котиб ҳамоно гуфт:

– Эъ, «мурда – кирои гиря не». Ғам нахўред. Мо ҳамин қадар ғам хўрда чӣ шудем?

Асабҳои таранги Ализода қариб монда буд, ки канда шаванд. Вуҷудаш аз ғазаб ларзид. Бо вуҷуди ин худдорӣ намуд. Изои одамӣ норавост. Алалхусус меҳмон, ки бино ба зарбулмасале «атои худост».

– Аввал хешу баъд дарвеш, гуфтагӣ барин дилам об хурду рост ба наздатон омадам…

Котиб каме хомўш монд, сипас ангуштонашро қулфу калид сохт ва боз изофа кард:

– «Корам ба кал афтод, кал ҳам ба ноз афтод», гуфтагӣ барин ҳамин мудири шўъбаи исполком Мирзозода суханамро ба замин зад. Одам-подам набудааст. Як даҳон илтимос кардам: «Як тасдиқнома деҳ, ки ман гурезаам». Ў дар ҷавоби суханам исту бист накарда, «ту гуреза не, хокреза» мегўяд. Қоида ҳамин ҳам одамгарӣ шуд?!

Ҳуш аз сари Ализода парид. Сипас ғазабаш дубора ҷўш зад. Лекин бо азобе, бо зўри ирода ҷаҳлашро фурў бурд, то ки муште ба баногўши котиб нафурорад. Ва боз қасд аз сигарет ситонд. Аз ҷояш бархосту назди тиреза рафт. Охир, ў Мирзозодаро панҷ-панҷааш барин медонад. Вай яке аз одамони поки шаҳр аст. Гуфтору кирдораш як. Дар ҳама ҷо ва дар ҳама кор ҷасорату матонат нишон медиҳад. Ростқавлу ростгў ва росткор. Ин махлуқ баракс номи ўро ба ноодамгарӣ мебарорад. О, ноодам худаш. Ҳа-ҳа! О, ҳамин шаҳр ўро одам кард. Ҳамин шаҳр ўро соҳиби мансаб, сарват, хонаву дар, мошину номи баланд гардонд. Кӣ буд ў? Дар ким-кадом як завод усточа. Калонҳои ҷумҳурӣ ўро гўё ҳамчун мутахассис талбида оварданду сарвари завод таъин карданд. Вақте ки омад, танҳо як дипломатча дошту халос. Вайро худаш қабул карда, бо хобгоҳ таъмин намуда буд. Он вақт ў ба ҳайси сармуҳандиси завод кор мекард. Дар дипломатчааш як ришгирак, дандоншўяк ва як ҷуфт либоси таг дошту халос. Бе навбат ҳама чизро ба ў доданд. «Шаҳри Душанбе! – Мушт ба кундаи сина зада, мегуфт ў. – Ватанам, ҷонам, ҷигарам. Агар лозим шавад, баҳраш ҷонамро дареғ намедорам». Бисёриҳо об шуданд, ҳатто ашк рехтанд. Ва дере нагузашта, бо ду дасти адаб ба ў курсии котиби дуюми кумитаи ҳизбии шаҳриро супориданд. Рўз ба рўз карру фараш меафзуд. Дар сар кулоҳ, дар чашм айнак, фукаш ба осмон. Касе ҳад надошт, ки дар назди ў гап занад. Замину замонро ба сари тобеонаш чаппа мекард. Тавре гап мезад, ки гўё онҳо ҷинояткор бошанд. Ба наздаш даромада намешуд. Банд аст ў. Ғами халқа мехўрад. Аз паи ободии шаҳр. На шаб ором асту на рўз. Бечора, дар хизмати халқу Ватан. Вале ҳайҳот! Ў шабу рўз дар ғами худу хешонаш будааст. Дар арақи ҷабини халқ давру даврон мерондаасту мо бехабар. Ва имрўз, ки ба сари шаҳри Душанбе айёми сахтӣ омадааст, вай онро ба Худо супорида, думашро хода мекунад. Ализода бо чашмони худ дид, ки ў се контейнер чизу чора фиристод ба ҷои даркориаш. Хонаашро ба 100 ҳазор, мошинашро ба 90 ҳазор, бўстонсарояшро ба 70 ҳазор ба савдо зад. Акнун дод мезанад, ки ман гуреза!

Ализода баргашта, ба ҷояш нишаст. Ғиҷироси пояҳои курсӣ дилхарош ба гўш расиданд. Вай боқимондаи дуди тамокуро сахт дам кашид ва баъд оташи онро дар хокистардон кушту бо ҷиддият гуфт:

– Пас омадӣ, ки ўро сиёҳ кунӣ?!

– Эъ, не-е, – табассум намуд котиб.

Оҳ, чӣ сард буд табассумаш. Нозеб, нафратовар аст чунин табассум, чун корд ба дилу ҷигар мехалад.

– Ман аз кинаву қудурат дурам.

– Аҳсант!

Котиб фаҳмид, ки ин «неш» аст. Вале онро фурў бурд. Зеро ҳоло хараш аз лой нагузашта буд. Боз бо табассум овард:

– Беҳуда нагуфтаанд: «Ёр дар хонаву мо гирди ҷаҳон мегардем, об дар кўзаву мо ташналабон мегардем». Фаҳмидам, ки шумо бо Мирзозода дўст будаед. Аз байнатон қил ҳам намегузаштааст.

– Ҳа, ў дўсти забониву нонӣ не, дўсти ҷонӣ аст, – таҳдор гуфт Ализода.

– Ҳо, бале! Зиндаву поянда бод чунин дўстӣ! Мирзозода дўсти шумо, шумо дўсти ман. Илтимоси ман ҳамин ки ба ў як занг занед.

– Занг занам? Барои чӣ? – дилтанг шуда, пурсид Ализода.

– Ў-ў! – бо осудагӣ посух дод вай. – Як хоҳиши ночиз. Вале аз тарафи шумо хизмати олӣ мешавад. Як умр фаромўш нахоҳам кард. Гўед, ки ба ман як тасдиқномаи гурезагӣ диҳад. Боварии комил дорам, ки ба шумо «не» намегўяд.

– Тасдиқномаи гурезагӣ? Ҳа-а, мегурезам, гўй?!

– Чаро мегурехтаам. Маҷбурам.

Аз «Маҷбурам» гуфтанаш оташи ғазаби Ализода аланга зад. Ва боз ҳам худро ба даст гирифту пурсид:

– Кӣ маҷбур кард?

– Вазъият.

– Вазъият? Кадом вазъият?

– Вазъияти Тоҷикистон.

Ниҳоят сабри Ализода сар омад, вай натавонист хашмро фурў барад.

– Баракс, вазъият тақозо мекунад, ки дар ин ҷо истода, садоқати худро дар амал ба исбот расонӣ. О, Тоҷикистон Ватанат, ҷону ҷигарат. Ҳамту не?!

– Бале, гапатон дуруст, – розӣ шуд ў. – Ва ба куҷое, ки наравам, Тоҷикистон бо ман аст.

Дигар ҳоҷати гап набуд. Пас аз каме сукут ба ў рўй овард:

– Хайр, ихтиёр ба дасти бахтиёр, лекин боз Василий барин нашавӣ, мегўям.

– Ба ў чӣ шудааст?

– Намедонӣ? Набошад, гўш кун. Вай ба ким-кадом шаҳри Россия меравад. Гуреза гуфта, обу иззаташ мекунанд, хона медиҳанд. Чанде пас ба номаш се контейнер меояд. Вақте онҳоро холӣ мекунанд, ҳама аз ҳайрат шах мешаванд.

– Чаро?

– Чаро? Аз контейнерҳо як мошини сабукрав, чор яхдон, шаш телевизори ранга, ду кондитсионер, даҳ қолин ва боз як гала чизу чора мебарояд. «О, ту чӣ хел гуреза?! – Мегўянд ба ў. – О, ту Тоҷикистонро ғорат карда будаӣ-ку!» Ва ҳама чизу чораашро ҷо ба ҷо оташ мезананд. Ҷонашро бо азобе каҷ карда, боз чун гуреза ба Тоҷикистон меояд.

– Наход-е! Э, тўҳмат ҳам ба эбаш! – гўё дар ҳайрат монда, гуфт котиб. – Не, не, ин гапи дурўғ, овозаи мардум. Бофтаи душманон.

– Ҳақиқат! Ҳамаашро худаш ба ман нақл кард. Боз гуфт, ки аз ғазаби Худо фирор карда намешудааст. Оқибат ҷазоямро гирифтам.

– Ин ҷазо, ё чизи дигар, намедонам, – дар ҷои нишасташ бетоқатона ҷунбид котиб.

– Чаро ҷазо набошад?! – рост ба чашмони котиб нигариста, гуфт Ализода.

– Хайр, бало ба паси Василий, биёед, ба гапи худамон гардем.

– Хуш, ҳамин тасдиқнома ба ту чӣ медиҳад?

– Якта-нимта имтиёз медиҳад-дия.

– Ҳмм, – мад кашид Ализода.

Ва онҳо фурсате хомўш монданд. Сукути ҳузнангезе ба миён омад. Ду чашми Ализода ба рўи намакхўрдаи намакдоншикаста менигарист.

– Шуд, шуд, фаҳмо! «Қозӣ – ба ҳаққи худ розӣ» гуфтаанд, – сукунатро шикасту гуфт «гуреза» ва аз киса якчанд даҳсўмаи сурхро бароварда, назди Ализода гузошт ва афзуд:

– Ками мову карами шумо.

Ва ў хандид. Ба Ализода чунин намуд, ки хандаи ў ба як ғолибияту тамасхури пардапўш олўдагӣ дорад. Ва суханони чанд сол пеш гуфтаи котиб дар гўшҳои ў аз нав садо доданд: «Дўсти ҷонӣ пул. Бепул касе саломатро алек намегирад. Пул диҳӣ, ғуломат мешаванд. Гирдат чун парвона чарх мезананд…”

Дар гулўи Ализода чизе дар монд. Чуқур нафас кашид. Бадхашмона аз ҷой ҷунбид. Курсӣ шарақос зад. Қаҳру ғазабаш лаҳза ба лаҳза меафзуд. Аз чашмонаш нафрат меборид.

Котиб ба сўи Ализода каме хам шуда, сўи пулҳо абрў паронду беибо:

– Чӣ? Кам аст? – гуфт.

Нафрате, ки дар чашмони Ализода буд, омехта бо ғазаб, дар як он даргирифту барафрўхт. Чун барқ ҷаст аз ҷояш. Пулҳоро ба рўи «гуреза» зад. «Гуреза» бетоқат шуд. Ранги рўяш канд. Саросемавор аз ҷояш хест. Мехост ҳарфе гўяд. Аммо сухан дар гулўяш дармонд.

– Дафъ шав! – гуфт Ализода ва бо ғазаб мушт ба гўшаи миз зад.

Забони «гуреза» кушода шуд. Ва ў чашмонашро гирд карду аз онҳо хашму ғазабашро рехт:

– Туя раған зер кардааст!!!

Якбора девона шуд Ализода. Ва инону ихтиёрро аз даст дод. Як қиёмате ба по кард. Аз гиребони «гуреза» гирифт.

– Гуреза мегўӣ?! – беихтиёр дод зад Ализода. – Не, ту гуреза не, ту дизертир. Ди-зер-тир!

«Гуреза» тамоман даступо хўрд ва ба ҷуз «э, э…» дигар чизе ба забон оварда наметавонист. Ализода бо як даст гиребони ўро дошта, дасти дигар ба киса бурд. «Гуреза» хаёл кард, ки аз киса корд мебарорад. Гўё аз баданаш ҷараёни пуршиддати барқ гузашт. Кому забонаш хушкид. Ба талвосаи ҷон афтод. Бо оҳанги одами аз ақл бегона «Дод!..» – гўён, нидо баровард. Ва якбора гиребонашро раҳо намуда, лаҳзае мувозинаташро гум карду ғелида рафт. Саросема аз ҷой хесту «Ёрӣ-ӣ!..» – гўён, аз дилу ҷигар фарёде баровард. Пас худро ба сўи дар андохт, вале ду қадам напартофта, пешпо хўрду парўнокӣ сахт афтод. Боз саросема аз ҷой хесту дум хода кард…

13 сентябри соли 1992

 12 марти соли 1995

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …