Архивы за день : 21.05.2020

Васияти Падар бар Писар

панди падар

Дар тасонифи ҳукамо овардаанд, ки каждумро валодат маъхуд нест, чунон ки дигар ҳайвонотро, бал аҳшои модарро бихўранд ва шикамашро бидаранд ва роҳи саҳро гиранд ва он пустҳо, ки дар хонаи каждум бинанд, асари он аст. Боре ин нукта пеши бузурге ҳаме гуфтам, гуфта: – Дили ман бар сидқи ин сухан …

Муфассал »

Ҷомаи Каъба

kaba

Аъробиро дидам, ки писарро ҳамегуфт: Туро хоҳанд пурсид, ки амалат чист, нагўянд падарат кист ва аслат чӣ? Ҷомаи Каъбаро, ки мебўсанд, Ў на аз кирми пила номӣ шуд? Бо азизе нишаст рўзе чанд, Лоҷарам ҳамчу ў гиромӣ шуд.

Муфассал »

Писари шоҳ дар шогирдии муаллим

5a7442b218356129718b4567

Подшоҳе писареро ба адибе доду гуфт: – Ин фарзанди туст, тарбияташ ҳамчунон кун, ки яке аз фарзандони хеш. Адиб хидмат кард ва мутақаббил шуд ва соле чанд бар ў сайъ карду ба ҷое нарасид ва писарони адиб дар фазлу балоғат мунтаҳӣ шуданд. Малик донишмандро муохазат карду муотабат, ки ваъда хилоф …

Муфассал »

Неъмати бекарон

xonai

Порсозодаеро неъмати бекарон аз тарақаи аммон ба даст афтод. Фисқу фуҷур оғоз кард ва мубаззирӣ пеша гирифт. Филҷумла, намонд аз соири маосӣ мункаре, ки накард ва мускире, ки нахўрд. Боре ба насиҳаташ гуфтам: – Эй фарзанд, дахл оби равон асту айш осиёи гардон, яъне ҳарчи фаровон кардан мусаллам касеро бошад, …

Муфассал »

Муаллими баъд

sdfs

Муаллими куттоберо дидам дар диёри Мағриб турушрўй, талхгуфтор, бадхўй, мардумозор, гадотабъ, нопарҳезгор, ки айши мусулмонон ба дидани ў табаҳ гаштӣ ва хондани қуръонаш дили мардум сияҳ кардӣ. Ҷамъе писарони покизаву духтарони душиза ба дасти ҷафои ў гирифтор на заҳраи хандаву на ёрои гуфтор, гаҳ орази симини якеро тапонча зади ва …

Муфассал »

Шикоят ба Падар

skazka

Яке аз фузало таълими маликзодае ҳамедод ва зарби бемуҳобо задӣ ва заҷри беқиёс кардӣ. Боре аз бетоқати шикоят пеши падар бурд ва ҷома аз тани дардманд бардошт. Падарро дил баҳам баромад, устодро бихонду гуфт: Писарони оҳоди раиятро чунин ҷафову тавбих раво намедорӣ, ки фарзанди маро! Сабаб чист? Гуфт: – Сабаб …

Муфассал »