Главная / Гуногун / Муаллими баъд

Муаллими баъд

Муаллими куттоберо дидам дар диёри Мағриб турушрўй, талхгуфтор, бадхўй, мардумозор, гадотабъ, нопарҳезгор, ки айши мусулмонон ба дидани ў табаҳ гаштӣ ва хондани қуръонаш дили мардум сияҳ кардӣ. Ҷамъе писарони покизаву духтарони душиза ба дасти ҷафои ў гирифтор на заҳраи хандаву на ёрои гуфтор, гаҳ орази симини якеро тапонча зади ва гаҳ соқи булуруни дигареро шиканҷа кардӣ. Алқисса, шунидам, ки тарфе аз ҳабосати нафси ў маълум карданд ва бизаданду биронданд ва мактаби ўро ба муслеҳе доданд порсое салим, некмарди ҳалим, ки сухан ҷуз ба ҳукми зарурат нагуфтиву муҷиби озори кас бар забонаш нарафтӣ. Кўдаконро ҳайбати устоди нахустин аз сар бирафт ва муаллими дуввуминро ахлоқ малаки диданд ва як як дев шуданду ба эътимоди ҳилми ў тарки илм доданд. Ағлаби авқот ба бозича фароҳам нишастанди ва лавҳ дуруст нокарда, дар сари хам шикастандӣ.

Устоди муаллим чу бувад беозор,
Хирсак бозанд кўдакон дар бозор.

Баъд аз ду ҳафта бар масҷид гузар кардам, муаллими аввалинро дидам, ки дил хуш карда буданд ва ба ҷои хеш оварда, инсоф биранҷидам ва «лоҳавл» гуфтам, ки иблисро муаллими малоика дигар чаро карданд? Пирамарде зарифи ҷахондида гуфт:

Подшоҳе писар ба мактаб дод,
Лавҳи симин-ш канор ниҳод
Бар сари лавҳи ў набишта ба зар:
«ҷаври устод беҳ, ки меҳри падар».

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …