Архивы за день : 31.05.2020

Дида натавонистани тавонгарон аз тарафи новонон

shoh

Беҳунарон ҳунармандро натавонанд, ки бинанд, ҳамчунон ки сагони бозори саги сайдро машғала бароранд ва пеш омадан наёранд, яъне сифла чун ҳунар бо касе барнаёяд, ба хубсаш дар пустин афтад. Кунад ҳар оина ғайбат ҳасуди кўтаҳдаст, Ки дар муқобила гунгаш бувад забони мақол.

Муфассал »

Заифе, ки бо қави диловарӣ кунад, ёри душман аст дар ҳалоки хеш.

jangi-arab

Сояпарвардаро чӣ тоқати он, Ки равад бо муборизон ба китол. Сустбозу ба ҷаҳл мефиканад Панҷа бо марди оҳанинчангол.

Муфассал »

На ҳар кӣ ба сурат некўст, сирати зебо дар ўст. Кор андарун дорад на пўст!

cara-menenangkan-hati

Тавон шинохт ба як рўз дар шамоили мард. Ки то куҷош расидаст пойгоҳи улум. Вале зи ботинаш эман мабошу ғарра машав, Ки хусби нафс нагардад ба солҳо маълум.

Муфассал »