Главная / Гуногун / Неъмати бекарон

Неъмати бекарон

Порсозодаеро неъмати бекарон аз тарақаи аммон ба даст афтод. Фисқу фуҷур оғоз кард ва мубаззирӣ пеша гирифт. Филҷумла, намонд аз соири маосӣ мункаре, ки накард ва мускире, ки нахўрд.
Боре ба насиҳаташ гуфтам:
– Эй фарзанд, дахл оби равон асту айш осиёи гардон, яъне ҳарчи фаровон кардан мусаллам касеро бошад, ки дахли муайян дорад.

xonaiЧу дахлат нест, харҷ оҳистатар кун,
Ки мегўянд маллоҳон суруде:
«Агар борон ба куҳистон наборад,
Ба соле Даҷла гардад хушкрўде».

Ақлу адаб пеш гиру лавҳу лаб бигзор, ки чун неъмат сипари шавад, сахти барию пушаймони хўрӣ!
Писар аз лаззатит ною нўш ин сухан дар гуш наёвард ва ба қавли ман эътироз карду гуфт:
– Роҳати оҷил ба ташвиши меҳнати оҷил мунағғас кардан хилофи раъи хирадмандон аст.

Худовандони кому некбахтӣ
Чаро сахти хўранд аз бими сахтӣ?
Бирав, шодди кун, эй ёри дилафрўз,
Ғами фардо нашояд хўрд имрўз.

Факайфа маро, ки дар садри мурувват нишастаам ва ақди футувват баста ва зикри инъом дар афвоҳи авом афтода.

Ҳар ки алам шуд ба сахову карам,
Банд нашояд, ки ниҳад бар дарам.
Номи накўи чу бурун шуд ба куй,
Дар натавони, ки бубандӣ ба рўй.

Дидам, ки насиҳат намепазирад ва дами гарми ман дар оҳани сарди ў асаре намекунад, тарки муносиҳат гирифтам ва рўй аз мусоҳибат бигардонидам ва қавли ҳукаморо кор бастам, ки гуфтаанд:

«Гарчи донӣ, ки нашнаванд, бигўй,
Ҳар чӣ донӣ, зи некҳоҳию панд.
Зур бошад, ки хирасар бинӣ,
Боду пой уфтода андар банд.
Даст бар даст мезанад, ки дареғ
Нашунидаам ҳадиси донишманд».

То пас аз муддате он чӣ андешаи ман буд, аз накбати ҳолаш ба сурат бидидам, ки пора-пора ба ҳам бармедухт ва луқма-луқма ҳаме андўхт. Дилам аз заъфи ҳолаш ба ҳам баромад ва мурувват надидам дар чунон ҳоле реши дарунаш ба маломат харошидану намак пошидан.
Пас бо дили худ гуфтам:

«Ҳарифи сифла дар поёнии мастӣ
Наяндешад зи рўзи тангдастӣ.
Дарахт андар баҳорон бар фишонад,
Зимистон, лоҷарам, бебарг монад».

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …