Главная / Гуногун / Шикоят ба Падар

Шикоят ба Падар

Яке аз фузало таълими маликзодае ҳамедод ва зарби бемуҳобо задӣ ва заҷри беқиёс кардӣ. Боре аз бетоқати шикоят пеши падар бурд ва ҷома аз тани дардманд бардошт. Падарро дил баҳам баромад, устодро бихонду гуфт:
Писарони оҳоди раиятро чунин ҷафову тавбих раво намедорӣ, ки фарзанди маро! Сабаб чист?
Гуфт:
skazka– Сабаб он, ки сухан андешида бояд гуфтан ва ҳаракат писандида кардан ҳама халкро алалумум, ва подшоҳонро, алалхусус. Ба муҷиби он ки бар дасту забони эшон ҳар чӣ рафта шавад, ҳароина ба афвоҳ бигўянд ва қавлу феълиавомунносро чандон эътиборе набошад.

Агар сад нописанд ояд зи дарвеш,
Рафиқонаш яке аз сад надонанд.
В-агар як базла гўяд подшоҳе,
Аз иқлиме ба иқлиме расонанд!

Пас воҷиб омад муаллими подшоҳзодаро дар таҳзиби ахлоқи худовандзодагон: анбатаҳуму-л-лоҳу наботан ҳасанан (худо онҳоро ниҳоли нек рўёнад) ичтиҳод аз он беш кардан, ки дар ҳаққи авом.

Ҳар ки дар хурдияш адаб накунанд,
Дар бузургӣ фалоҳ аз ў бархост.
Чўби тарро, чунон ки хоҳи, печ,
Нашавад хушк ҷуз ба оташ рост!

Маликро ҳусни тадбири фақеҳ ва тақрири ҷавоби ў мувофиқи рой омад, хилъату неъмат бахшид ва пояи мансаб баланд гардонид.

Инчунин кобед

Бахтиёр Иброхимов

Бахтиёр Иброҳимов – Тарҷумаи ҳол, сурат, мусиқӣ – MP3 скачать

Овозхони шоистаи Тоҷикистон Бахтиёр Иброҳимов соли 1972 дар шаҳри Исфара ба дунё омада, яке аз овозхонҳои маъруфи …