Архивы за день : 16.05.2020

Оқибати пирӣ

piri

Бо тоифае донишмандон дар ҷомеи Димишқ баҳсе кардам, ки ҷавоне даромаду гуфт: – Дар ин миён касе ҳаст, ки забони порсӣ бидонад? Ғолиб ишорат ба ман карданд. Гуфтамаш: – Хайр аст? Гуфт: – Пире саду панҷоҳсола дар ҳолати назъ аст ва ба забони порси чизе ҳамегўяд ва мафҳуми мо намегардад. …

Муфассал »

Ҷавони покизакор ва ҳадиси ишқ

800px-keshan_01

Ҷавоне покбозу покрав буд, Ки бо покизарўе дар гарав буд. Чунин хондам, ки дар дарёи аъзам, Ба гирдобе дарафтоданд бо ҳам. Чу маллоҳ омадаш, то даст гирад, Мабодо, к-андар он ҳолат бимирад. Ҳаме гуфт аз миёни мавҷу ташвир: «Маро бигзору дасти ёри ман гир!» Дар ин гуфтан ҷаҳон бар вай …

Муфассал »

Қозие бо наълбанди сархуш

aspi-arab

Қозии ҳамадонро ҳикоят кунанд, ки бо наълбандписаре сархуш буд ва наъли дилаш дар оташ. Рўзгоре дар талабаш муталлахиф буд ва пуёну мутарассид ва ҷуёну бар ҳасби воқиа гуён: Дар чашми ман омад он сиҳӣ сарви баланд, Бирбуд дилам зи дасту дар пой фиканд. Ин дидаи шўх мекашад дил ба каманд, …

Муфассал »

Маҷнун ва Лайли – ҳадис

layli-majnun

Якеро аз мулуки араб ҳадиси Маҷнун ва Лайли ва шуриши ҳоли ў бигуфтанд, ки бо камоли фазлу балоғат сар дар биёбон ниҳода ва зимоми ақл аз даст дода. Бифармудаш, то ҳозир оварданд. Маломат кардан гирифт, ки дар шарафи нафси инсон чи халал дидӣ, ки хуи баҳоим гирифтӣ ва тарки ишрати …

Муфассал »

Хирқапуше дар корвони Хиҷоз

unnamed

Хирқапуше дар корвони Хиҷоз ҳамроҳи мо буд. Яке аз умарои араб мар ўро сад динор бахшид, то қурбон кунад. Дуздони хафоҷаҳ ногоҳ бар корвон заданд ва пок бибурданд. Бозаргонон гиряву зори кардан гирифтанд ва фарёди бефоида хондан. Гар тазаррўъ кунию гар фарёд, Дузд зар бозпас нахоҳад дод. Магар он дарвеши …

Муфассал »