Главная / Гуногун / Писари шоҳ дар шогирдии муаллим

Писари шоҳ дар шогирдии муаллим

Подшоҳе писареро ба адибе доду гуфт:
– Ин фарзанди туст, тарбияташ ҳамчунон кун, ки яке аз фарзандони хеш. Адиб хидмат кард ва мутақаббил шуд ва соле чанд бар ў сайъ карду ба ҷое нарасид ва писарони адиб дар фазлу балоғат мунтаҳӣ шуданд. Малик донишмандро муохазат карду муотабат, ки ваъда хилоф кардӣ ва ваъда ба ҷо наовардӣ!
Гуфт:
– Бар раъи худованди рўи замин пушида намонад, ки тарбият яксон асту табоеъ мухолиф.

5a7442b218356129718b4567Гарчи симу зар зи санг ояд ҳаме,
Дар ҳама санге набошад зарру сим.
Бар ҳама олам ҳаметобад Суҳайл,
Ҷое анбон мекунад, ҷое адим.

– Эй писар, чандон ки таалуқи хотири одамизод ба руўист, агар ба рўзидеҳ будӣ, ба мақом аз малоика даргузаштӣ!

Фаромушат накард эзад дар он ҳол,
Ки будӣ нутфае матфуну мадҳуш.
Равонат доду табъу ақлу идрок,
Ҷамолу нутқу рою фикрату ҳуш.
Даҳ ангуштат мураттаб кард бар каф,
Ду бозуят мураккаб сохт бар душ.
Кунун пиндорӣ, эй ночиз ҳиммат,
Ки хоҳад карданат рўзе фаромўш.

Инчунин кобед

mongolia_during_the_manchu_rule

Вазъи иқтисодӣ ва сиёсии Муғулистон

Дар нимаи дуюми асри XIX ҳукумати Чин дар Муғулистон баъзе дигаргуниҳои иқтисодию сиёсиро ба амал …