Главная / Гуногун / Хирқапуше дар корвони Хиҷоз

Хирқапуше дар корвони Хиҷоз

Хирқапуше дар корвони Хиҷоз ҳамроҳи мо буд. Яке аз умарои араб мар ўро сад динор бахшид, то қурбон кунад. Дуздони хафоҷаҳ ногоҳ бар корвон заданд ва пок бибурданд. Бозаргонон гиряву зори кардан гирифтанд ва фарёди бефоида хондан.

unnamedГар тазаррўъ кунию гар фарёд,
Дузд зар бозпас нахоҳад дод.

Магар он дарвеши солеҳ, ки бар қарори хеш монда буд ва тағьир дар ў наёмада. Гуфтам:
– Магар маълуми туро дузд набурд?
Гуфт:
– Бале, бурд, валекин маро бо он улфате чунон набуд, ки ба вақти муфориқат хастадилӣ бошад.

Набояд бастан андар чизу кас дил,
Ки дил бардоштаи корест мушкил.

Гуфтам:
– Муносиби ҳоли ман аст он чӣ гуфтӣ, ки маро дар аҳди ҷавони бо ҷавоне иттифоқи мухолитат буд ва сидқи маваддат то ба ҷое, ки қиблаи чашмам ҷамоли ў будӣ ва суду самояи умрам висоли ў.

Магар малоика дар осмон вагарна башар
Ба ҳусни сурати ў дар зами нахоҳад буд.
Ба дўстӣ, ки ҳаром аст баъд аз ў сўҳбат,
Ки хеҷ нутфа чун ў одами нахоҳад буд.

То гаҳе пои вуҷудаш ба гили аҷал фурў рафт ва дуди фироқ аз дудмонаш баромад, рўзҳо дар хокаш муҷовират кардам ва аз ҷумла бар фироқи ў гуфтам:

«Кош, к-он рўз, ки дар пои ту шуд хори аҷал,
Дасти гети бизади теғи ҳалокам бар сар.
То дар ин рўз ҷаҳон бе ту надидӣ чашмам,
Ин манам бар сари хоки ту, ки хокам бар сар.

***
Он ки қарораш нагирифтию хоб,
То гулу насрии нафишонди нахуст.
Гардиши гети гули рўяш нахуст,
Хорбунон бар сари хокаш бируст.

Баъд аз муфориқати ў азм кардаму ният ҷазм, ки бақияти зиндагони фарши ҳавас дарнавардам ва гирди муҷолисат нагардам».

Суди дарё нек будӣ, гар набудӣ бими мавҷ,
Сўҳбати гул хуш будӣ, гар нести ташвиши хог
Душ чун товус менозидам андар боғи васл,
Дигар имрўз аз фироқи ёр мепечам чу мор.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …