Главная / Гуногун / Қозие бо наълбанди сархуш

Қозие бо наълбанди сархуш

Қозии ҳамадонро ҳикоят кунанд, ки бо наълбандписаре сархуш буд ва наъли дилаш дар оташ. Рўзгоре дар талабаш муталлахиф буд ва пуёну мутарассид ва ҷуёну бар ҳасби воқиа гуён:

Дар чашми ман омад он сиҳӣ сарви баланд,
Бирбуд дилам зи дасту дар пой фиканд.
Ин дидаи шўх мекашад дил ба каманд,
Хоҳӣ, ки ба кас дил надиҳӣ, дида бубанд.

Шунидам, ки дар гузаре пеши қози омад бархе аз ин муомила ба самъаш расид ва зоид-ул-васф ранҷида, дашноми бетаҳоши доду сақат гуфт ва санг бардошту ҳеҷ аз беҳурмати нагзошт. Қози якеро гуфт аз уламои муътабар, ки ҳамъинони ў буд:

Он шоҳидию хашм гирифтан бинаш,
В-он уқда бар абрўи турушширинаш.

Дар билоди араб гўян: зарбу-л-ҳабиби забибун (зарбаи маҳбуби чун мавиз аст).
Аз дасти ту мушт дар даҳон хўрдан
Хуштар, ки ба дасти хеш нон хўрдан.

Ҳамоно, к-аз вакоҳати ў бўи самоҳат ҳаме ояд:

Ангури навоварда туруштаъм бувад,
Рўзе ду-се сабр кун, ки ширин гардад.

Ин бигуфту ба маснади қазо бомдод. Тане чанд аз бузургон удул дар маҷлиси ҳукми ў буданд. Замини хидмат бибўсиданд, ки ба иҷозат сухане бигўем, агарчи тарки адаб аст ва бузургон гуфтаанд:

На дар ҳар сухан баҳс кардан равост,
Хато бар базургон гирфитан хатост.

Аммо ба ҳукми он ки савобиқи инъоми худованди мулозими рўзгори бандагон аст, маслиҳате, ки бубинанду эълом накунанд, навъе аз хиёнат бошад. Тариқи савоб он аст, ки бо ин писар гири тамаъ нагарди ва фарши валаъ дарнавардӣ, ки мансаби қазо поёгоҳе манеъ аст, то ба ин гоҳе шанеъ мулаввас нагардони ва ҳариф ин аст, ки дидию ҳадис ин, ки шунидӣ.

Яке карда беобрўӣ басе,
Чи ғам дорад аз обрўи касе.
Басо номи некўи панҷоҳ сол
Ки як номи зишташ кунад поймол.

Қозиро насиҳати ёрони якдил писанд омад, бар ҳусни рои қавм офарин хонду гуфт:
– Назари азизон дар маслиҳати ҳоли ман айни савоб аст ва масъалаи беҷавоб. валекин:

Маломат кун ки маро чандон, ки хоҳӣ,
Ки натвон шустан аз занги сиёхӣ.

***
Аз ёди ту ғофил натавон кард ба ҳеҷам,
Саркуфта морам, натавонам, ки напечам.

Ин бигуфту касоно ба тафаҳҳуси ҳоли вай барангехт ва неъмати бекарон бирехт ва гуфтаанд: «ҳар киро зар дар тарозуст, зўр дар бозўст ва он ки бар динор дастрас надорад, дар ҳама дунё кас надорад».

Ҳар ки зар дид, сар фурўд овард,
В-ар тарозуи оҳаниндўш аст.

Филҷумла, шабе хилвате муяссар шуд ва ҳам дар он шаб шаҳнаро хабар шуд. Қози ҳама шаб шароб дар сару шоҳид дар бар аз танаъум наҳуфтӣ ва ба тараннум гуфтӣ:

Имшаб магар ба вақт намехонад ин хурўс,
Ушшоқ бас накарда ҳанўз аз канору бўс
Як дам, ки дўсти фитнаи хуфтаст, зинҳор.
Бедор бош, то наравад умр бар фусўс,
То нашави зи масҷиди одина бонги субҳ.
Ё аз дари сари атобак ғиреви кўс,
Лаб аз лабе чу чашми хурўс аблаҳи бувад
Бардоштам, ба гуфтани беҳудаи хурўс.

Қози дар ин ҳолат, ки яке аз мутаалиқон даромад ва гуфт:
– Чӣ нишинӣ, хезу то пой дорӣ, гурез, ки ҳасудон бар ту даққе гирифтаанд, балки ҳаққе гуфта. Магар оташи фитна, ки ҳанўз андак аст, ба оби табдире фурў нишонем, мабодо, ки фардо чу боло гирад, оламе фаро гирад.
Қози мутабассим дар ў назар карду гуфт:

«Панҷа дар сайд бурда зайғамро
Чӣ тафовут кунад, ки саг лояд,

Пистони ёр дар хами гесўи тобдор
Чун гўи оҷ дар хами чавгони обнўс
Рўй дар рўи дўст кун, бигзор.
То аду пушти даст мехояд!» .

Маликро ҳам дар он шаб огаҳи доданд, ки дар мулки ту чунин мункире ҳодис шудааст, чӣ фармоӣ?
Малик гуфт:
– Ман ўро аз фузалои аср медонам ва ягонаи рўзгор. Бошад, ки муонидон дар ҳаққи вай ҳавзе карданд. Ин сухан дар самъи қабули ман наёяд, магар он гаҳ ки муояна гардад, ки ҳукамо гуфтаанд:

«Ба тунди сабук даст бурдан ба теғ,
Ба дандон бурад пушти дасти дареғ».

Шунидам, ки саҳаргоҳе бо тане чанд хосон ба болини қози фаро омад. Шамъро дид истода ва шоҳид нишаста ва май рехтаву қадаҳ шикаста ва қози дар хоби мастию бехабар аз мулки ҳастӣ. Ба лутф андак-андак бедор кардаш, ки «хез, офтоб баромад!».
Қози дарёфт, ки ҳол чист, гуфто:
– Аз кадом ҷониб баромад?
Гуфт: «Аз қабили машриқ».
Гуфт:
– Алҳамдулиллоҳ, ки дари тавба ҳамчунон боз аст.

Ин ду чизам бар гуноҳ ангехтанд:
Бахти нофарҷому ақли нотамом.
Гар гирифторам кунӣ, муставҷибам,
В-ар бубахши, авф беҳтар к-интиқом.

Малик гуфто:
– Тавба дар ин ҳолат, ки бар ҳалок иттилоъ ёфтӣ, суде накунад:

Чӣ суд аз дуздӣ, он гаҳ тавба кардан,
Ки натвони каманд андохт бар коҳ?
Баланд аз мева, гў, кўтоҳ кун даст,
Ки кўтаҳ худ надорад даст бар шоҳ.

– Туро бо вуҷуди чунин мункирӣ, ки зоҳир шуд, сабили халос сурат набандад.
Ин бигуфт ва муваккилони уқубат дар вай овехтанд. Гуфто, ки маро дар хидмати султон яке сухан боқист. Малик бишунид ва гуфт: «Он чист?» гуфт:
Ба остини малоле, ки бар ман афшонӣ,
Тамаъ мадор, ки аз доманат бидорам даст.
Агар халос муҳол аст аз ин гунаҳ, ки марост,
Бад-он карам, ки ту дорӣ, умедворӣ ҳаст.

Малик гуфт:
– Ин латифа бадеъ овардӣ ва ин нуқта ғариб гуфтӣ, валекин муҳоли ақл аст ва хилофи шаръ, ки туро фазлу балоғат имрўз аз чанги уқубати ман раҳои диҳад. Маслиҳат он бинам, ки туро аз қалъа ба зер андозам, то дигарон насиҳат пазиранду ибрат гиранд!
Гуфт:
– Эй худованди ҷаҳон, парвардаи неъмати ин хонадонам ва ин гуноҳ на танҳо кардам, дигареро бияндоз, то ман ибрат гирам!
Маликро ханда гирифту ба афв аз хатои ў даргузашт ва мутааннитонро, ки ишорат ба куштани ў ҳамекарданд, гуфт:

Ҳар ки ҳаммоли айди хештанед,
Таъна бар айби дигарон мазанед.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …