Главная / Гуногун / Маҷнун ва Лайли – ҳадис

Маҷнун ва Лайли – ҳадис

Якеро аз мулуки араб ҳадиси Маҷнун ва Лайли ва шуриши ҳоли ў бигуфтанд, ки бо камоли фазлу балоғат сар дар биёбон ниҳода ва зимоми ақл аз даст дода. Бифармудаш, то ҳозир оварданд. Маломат кардан гирифт, ки дар шарафи нафси инсон чи халал дидӣ, ки хуи баҳоим гирифтӣ ва тарки ишрати марудм гуфтӣ?
Гуфт:
layli-majnunКош, к-онон, ки айби ман ҷустанд,
Рўят, эй дилситон, бидидандӣ.
То ба ҷои турунҷ дар назарат
Бехабар дастҳо буридандӣ.

То ҳақиқати маъни бар сурати даъви гуноҳ омадӣ.
Маликро дар дил омад ҷамоли Лайлӣ мутолиа кардан, то чӣ сурат аст, ки муҷиби чандин фитнааст. Бифармудаш талаб кардан. Дар аҳёи араб бигардиданд ва ба даст оварданд ва пеши малик дар саҳни сароча бидоштанд. Малик дар ҳайати ў назар кард, шахсе дид сияҳфом, борикандом. Дар назараш ҳақир омад ба ҳукми он ки камтарини худоми ҳарами ў ба ҷамол аз ў дар пеш буданд ва ба зинат беш. Маҷнун ба фаросат дарёфт, гуфт: – Аз даричаи чашми Маҷнун бояд дар ҷамоли Лайлӣ назар кардан, то сирри мушоҳидаи ў дар ту таҷало кунад.

Тандурустонро набошад дарди реш,
Ҷуз ба ҳамдаре нагўям дарди хеш,
Гуфтан аз занбурбеҳосил бувад,
Бо яке дар умри худ нохўрда неш.
То туро ҳоле набошад ҳамчу мо,
Ҳоли мо бошад туро афсона беш
Сузи ман бо дигаре нисьат макун,
Ў намак бар дасту ман бар узви реш!

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

hayot

Панди беҳтарин аз Саъдии Шерозӣ

Илм аз баҳри дин парвардан аст, на аз баҳри дунё хурдан! Ҳар кӣ парҳезу илму …