Главная / Гуногун / Оқибати пирӣ

Оқибати пирӣ

Бо тоифае донишмандон дар ҷомеи Димишқ баҳсе кардам, ки ҷавоне даромаду гуфт:
– Дар ин миён касе ҳаст, ки забони порсӣ бидонад?
Ғолиб ишорат ба ман карданд. Гуфтамаш:
– Хайр аст?
Гуфт:
– Пире саду панҷоҳсола дар ҳолати назъ аст ва ба забони порси чизе ҳамегўяд ва мафҳуми мо намегардад. Агар ба карам ранҷа шавӣ, музд ёбӣ, шояд, ки васияте ҳамекунад.

Даме чанд, гуфтам, барорам ба ком,
Дареғро, ки бигирифт роҳи нафас.
Дареғро, ки дар хони алвони умр
Даме хўрда будему гуфтанд: «Бас!».

Маони ин суханро ба араби ба шомиён ҳаме гуфтаму тааҷуб ҳаме карданд ва умри дарозу таасуфи ў ҳамчунон бар ҳаёти дунё.
Гуфтам:
– Чӣ гуннаӣ дар ин ҳолат?
Гуфт:
– Чӣ гўям аз ин вартаи холи маҳуф.

Надидаи, ки чӣ сахти ҳаме расад ба касе,
Ки аз даҳонаш бадар мекунанд дандоне.
Қиёс кун, ки чӣ ҳолат бувад дар он соат,
Ки аз вуҷуди азизаш бадар равад ҷоне.

Гуфтам:
– Тасаввури марг аз хаёлат бадар кун ва ваҳмро бар табиат муҷтавли магардон, ки файласуфони Юнон гуфтаанд: «Мизоҷ гарчи мустақим бувад, эътимоди бақоро нашояд ва мараз гарчи хоил, далолати кулли бар ҳалок накунад». Агар фармоӣ табиберо бихонам, то муолиҷат кунад. Дида бар кард, бихандид ва гуфт:

«Даст бар ҳам занад табиби зариф.
Чун ҳариф бинад ўфтода ҳариф.
Хоҷа дар банди нақши айвон аст,
Хона аз пойбаст вайрон аст.
Пирмарде зи назъ менолид,
Пирзан сандалаш ҳаме молид.
Чун муҳаббат шуд эътидоли мизоҷ,
На азимат асар кунад, на илоҷ!».

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …