Главная / 2018 / March / 27 (страница 2)

Архивы за день : 27.03.2018

Муҳлати амали ҷазои интизомӣ

moddai-65-kodeksi-mehnat

Моддаи 65-и Кодекси Меҳнат. Муҳлати амали ҷазои интизомӣ Муҳлати амали ҷазои интизомӣ ба ғайр аз ҳолатҳои пешбининамудаи сархати чоруми қисми 1 моддаи 62 Кодекси мазкур аз шаш моҳ зиёд буда наметавонад. Агар дар давоми ин муҳлат ба корманд ҷазои нави интизомӣ татбиқ нагардад, он гоҳ ў ҷазои интизомӣ надошта ҳисоб …

Муфассал »

Муҳлати татбиқи ҷазои интизомӣ

moddai-64-kodeksi-mehnat

Моддаи 64-и Кодекси Меҳнат. Муҳлати татбиқи ҷазои интизомӣ Ҷазои интизомӣ ба корманд ҳангоми содир кардани кирдори интизомӣ, на дертар аз як моҳ аз рўзи ошкор шудани он, ба ғайр аз ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 5 моддаи 63 Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи …

Муфассал »

Тартиби татбиқи ҷазои интизомӣ ва шикоят нисбати он

moddai-63-kodeksi-mehnat

Моддаи 63-и Кодекси Меҳнат. Тартиби татбиқи ҷазои интизомӣ ва шикоят нисбати он Ҷазои интизомӣ аз ҷониби корфармо бо роҳи қабули санад татбиқ карда мешавад. Корфармо уҳдадор аст баёноти хаттии кормандро то татбиқ намудани ҷазои интизомӣ талаб намояд. Дар ҳолати рад намудани корманд аз додани баёнот санади дахлдор тартиб дода мешавад. …

Муфассал »

Ҷазои интизомӣ

moddai-62-kodeksi-mehnat

Моддаи 62-и Кодекси Меҳнат. Ҷазои интизомӣ Барои аз ҷониби корманд вайрон кардани интизоми меҳнат, корфармо ҳуқуқ дорад чунин намудҳои ҷазои интизомиро татбиқ намояд: – сарзаниш; – танбеҳ; – танбеҳи қатъӣ; – қатъ намудани шартномаи меҳнатӣ бо ташаббуси корфармо дар ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон. Бо …

Муфассал »

Ҳавасмандгардонӣ барои меҳнат

moddai-61-kodeksi-mehnat

Моддаи 61-и Кодекси Меҳнат. Ҳавасмандгардонӣ барои меҳнат Корфармо ҳуқуқ дорад намудҳои гуногуни ҳавасмандгардониро барои дастовардҳои меҳнатӣ татбиқ намояд. Намудҳои ҳавасмандгардонии кормандон ва тартиби татбиқи онҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои корфармо, шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ муайян менамоянд.

Муфассал »

Таъмини интизоми меҳнат

moddai-60-kodeksi-mehnat

Моддаи 60-и Кодекси Меҳнат. Таъмини интизоми меҳнат Интизоми меҳнат аз ҷониби корфармо бо роҳи муҳайё намудани шароитҳои зарурии ташкилӣ ва иқтисодӣ барои меҳнати фардӣ ва коллективӣ, муносибати бошууронаи кормандон ба меҳнат, усулҳои боваркунонӣ, ҳавасмандгардонӣ барои меҳнати содиқона, ҳамчунин татбиқи ҷазои интизомӣ барои вайрон намудани интизоми меҳнат таъмин мегардад.

Муфассал »

Қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ

moddai-59-kodeksi-mehnat

Моддаи 59-и Кодекси Меҳнат. Қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ Қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ дар асоси Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби корфармо дар мувофиқа бо намояндагони кормандон тасдиқ карда мешаванд. Дар қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ тартиби қабул ба кор, аз кор озод намудан, вақти корӣ, вақти …

Муфассал »

Ҳуқуқҳои корманд бо мақсади таъмини ҳифзи маълумотҳои шахсӣ, ки корфармо нигоҳ медорад

moddai-58-kodeksi-mehnat

Моддаи 58-и Кодекси Меҳнат. Ҳуқуқҳои корманд бо мақсади таъмини ҳифзи маълумотҳои шахсӣ, ки корфармо нигоҳ медорад Бо мақсади таъмини ҳифзи маълумотҳои шахсӣ, ки корфармо нигоҳ медорад, корманд ҳуқуқ дорад: – ба дастрасӣ ба маълумотҳои шахсии худ, ҳамчунин ҳуқуқ барои гирифтани нусхаи қайдҳое, ки дорои маълумотҳои шахсии ў мебошанд, ба ғайр …

Муфассал »

Уҳдадории корфармо вобаста ба ҷамъоварӣ, коркард ва ҳифзи маълумотҳои шахсии корманд

moddai-57-kodeksi-mehnat

Моддаи 57-и Кодекси Меҳнат. Уҳдадории корфармо вобаста ба ҷамъоварӣ, коркард ва ҳифзи маълумотҳои шахсии корманд Корфармо уҳдадор аст: – ҷамъоварӣ, коркард ва ҳифзи маълумотҳои шахсии кормандро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намояд; – бо мақсади таъмини риояи талаботи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мусоидат барои ба …

Муфассал »

Беэътибории шартномаи меҳнатӣ

moddai-56-kodeksi-mehnat

Моддаи 56-и Кодекси Меҳнат. Беэътибории шартномаи меҳнатӣ Шартномаи меҳнатӣ аз тарафи суд беэътибор дониста мешавад, агар дар ҳолатҳои зерин баста шуда бошад: – бо фиреб, зўроварӣ, таҳдид, созиши бадқасдонаи намояндаи як тараф бо тарафи дигар ё шароити вазнин; – ошкоро бар хилофи қонун, асосҳои тартиботи ҳуқуқӣ ва ахлоқ; – рўякӣ …

Муфассал »