Архивы за день : 20.03.2018

ЛАПАРОТОМИЯ

laportamiya

ЛАПАРОТОМИЯ (юн. lapara – қадкашак, шикам ва tome – буридан), як навъи амалиёти ҷарроҳӣ, ки дар мавриди он ҷавфи шикам чок карда мешавад. Л.-ро бо мақсади гузарондани амалиёти ҷарроҳӣ дар узвҳои ҷавфи шикам, аз ҷавфи шикам баровардани хуну зардоб, ҳамчунин бо мақсади ташхис иҷро менамоянд.

Муфассал »

ЛАРИНГИТ

laringit

ЛАРИНГИТ (Laryngitis; аз юн. larynx – ҳалқ), газаки ҳанҷара, илтиҳоби луобпардаи ҳалқ. Л. шадид ва музмин мешавад. Л.-и шадид бештар ҳангоми илтиҳоби роҳҳои болоии нафас, грипп, сурхча, махмалак, сурфакабутак ва ғ. ба вуҷуд меояд. Хунук хӯрдани бадан, хусусан тавассути даҳон нафас кашидани ҳавои сард, ҳангоми сармо муддати дароз ва бо …

Муфассал »

ЛАРИНГОСПАЗМ

laringospazm

ЛАРИНГОСПАЗМ (Laryngospasmus; юн. larynx, laryngos – ҳанҷара ва спазм), ташаннуҷи ногаҳонӣ ва хуруҷмонанди мушакҳои ҳанҷара, ки боиси танг ва баста шудани роғи нафаскашӣ мегардад. Сабаби Л. ангезиши сахти дастгоҳи асабу мушакии ҳанҷара аст. Л. бештар дар кӯдаконе, ки ғизои сунъӣ истеъмол мекунанд, ҳангоми ихтилоли мубодилаи моддаҳо, дар организм нарасидани намакҳои …

Муфассал »

ЛАРИНГОСТЕНОЗ

laringostenoz

ЛАРИНГОСТЕНОЗ (Laryngostenosis; юн. larynx, laryngos – ҳанҷара ва stenosis – танг шудан), беҳад танг шудани сӯрохи ҳанҷара, ки боиси бо душворрӣ гузаштан ё умуман гузашта натавонистани ҳаво мегардад. Л. модарзодӣ ва ғайримодарзодӣ мешавад. Сабаби Л.-и модарзодӣ калон будани ғадуди ҷоғар, тератома ва диг. омосҳое, ки дар назди ҳанҷара ҷой гирифтаанд, …

Муфассал »

ЛАТЕРГИЯ

latergiya

ЛАТЕРГИЯ (Latergia), марги дурӯғин, як ҳолати хоби ғайримуқаррарӣ. Дар мавриди Л. падидаҳои физиологии ҳаёт суст шуда, мубодилаи моддаҳо хеле коҳиш меёбад, нисбати таъсири ангезаҳо аксуламал нест мегардад. Дараҷаи амиқии Л. гуногун аст. Дар ҳолатҳои сабук фақат беҳаракатӣ, нафасгирии бомаром, сустии мушакҳо ба назар мерасанд; дар ин маврид чашмҳо пӯшида мебошанд. …

Муфассал »

Доруву даво: Дидани таъбири хоб – китоби хобнома бо маънояш

tabletky

Меъроҷиддини Камол менависад: Доруву даво ба хоб дидан, Ë тарзи табобате шунидан, Эҳсони ту буд ба мардуми хеш, Ҳам аз асари ҷазо раҳидан.

Муфассал »

Дард дар чашм: Дидани таъбири хоб – китоби хобнома бо маънояш

dardi-chashm

Меъроҷиддини Камол менависад: Дард дар чашмат бубинӣ вақти хоб, Нозаву афғон намоӣ беҳисоб. Дон, хабар бишнида ту аз кӯи дур, Ашкрезон мешавӣ андар чавоб.

Муфассал »

Деҳа: Дидани таъбири хоб – китоби хобнома бо маънояш

deha

Меъроҷиддини Камол менависад: Деҳа, ки ҷои сукунат будааст, Мардумонаш ҳам ба ҳиммат будааст, Дидани деҳи калон дар хоби кас, Хайру некиро намояд дастрас. Ҳам халосӣ оварад аз фитнагар, Хони ободат шавад ободгар.

Муфассал »

Рӯзи шанбе: Дидани таъбири хоб – китоби хобнома бо маънояш

subbota

Меъроҷиддини Камол менависад: Рӯзи душанбе ба хоби нози кас, Як нишон аз зиндагии беҳавас. Чун бубинӣ рӯзи шанберо ба хоб, Илм ёбӣ, ҳам шавӣ соҳибкитоб.

Муфассал »

Девона: Дидани таъбири хоб – китоби хобнома бо маънояш

devona

Меъроҷиддини Камол менависад: Девона, ки аз ақл ба иллат бошад, Бечораву худ дур зи хидмат бошад. Дар хоб бидидани каси девона, Худ хизмати мардона ба миллат бошад.

Муфассал »