Главная / Ҷамъият / Ҷазои интизомӣ

Ҷазои интизомӣ

Моддаи 62-и Кодекси Меҳнат. Ҷазои интизомӣ

  1. Барои аз ҷониби корманд вайрон кардани интизоми меҳнат, корфармо ҳуқуқ дорад чунин намудҳои ҷазои интизомиро татбиқ намояд:

– сарзаниш;

– танбеҳ;

– танбеҳи қатъӣ;

– қатъ намудани шартномаи меҳнатӣ бо ташаббуси корфармо дар ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

  1. Бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, оиннома ва низомномаҳои интизоми меҳнат барои гурўҳи алоҳидаи кормандон, дигар намудҳои ҷазои интизомӣ низ пешбинӣ шуда метавонанд.
  2. Татбиқи ҷазоҳои интизомие, ки дар Кодекси мазкур, дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, оиннома ва низомномаҳо оид ба интизом барои гурўҳи алоҳидаи кормандон пешбинӣ нагардидаанд, манъ аст.
Загрузка...

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

jyudoshavo-oila

Сабаби ҷудошавии оилаҳо: 10-тои асосӣ

Вайрон шудани оилаҳо дар замони ҳозира боз ҳам зиёд шуда истодааст ва сабаби он Падару …