Главная / 2018 / March / 27 (страница 5)

Архивы за день : 27.03.2018

Муваққатан ба кори дигар гузаронидан бинобар зарурати истеҳсолӣ (корӣ)

moddai-35-kodeksi-mehnat

Моддаи 35-и Кодекси Меҳнат. Муваққатан ба кори дигар гузаронидан бинобар зарурати истеҳсолӣ (корӣ) Бинобар зарурати истеҳсолӣ (корӣ) кормандро бе розигии ў ба муҳлати то як моҳ муваққатан ба кори дигар гузаронидан мумкин аст. Дар ин ҳолат кормандро ба коре, ки ба вазъи саломатии ў мувофиқ намебошад, муваққатан ба кори дигар …

Муфассал »

Маҳдуд кардани гузаронидан ба корҳои ғайритахассусӣ

moddai-34-kodeksi-mehnat

Моддаи 34-и Кодекси Меҳнат. Маҳдуд кардани гузаронидан ба корҳои ғайритахассусӣ Дар вақти бекористӣ ва ҳолатҳои муваққатан иваз намудани корманди ҳозирнабуда, кормандони ихтисоснокро бе розигии онҳо ба корҳои ғайритахассусӣ гузаронидан мумкин нест.

Муфассал »

Муваққатан боздоштани истеҳсолот (кор)

moddai-33-kodeksi-mehnat

Моддаи 33-и Кодекси Меҳнат. Муваққатан боздоштани истеҳсолот (кор) Агар ташкилот душвориҳои дорои хусусиятҳои истеҳсолӣ, иқтисодӣ, технологӣ ё ташкилиро пешбинӣ намояд, дар ин ҳолат корфармо метавонад бо розигии намояндагони кормандон кори воҳидҳои (сехҳо, участкаҳо, бригадаҳо) алоҳидаро бе гузаронидани ихтисори шумора ё штати кормандон муваққатан боздорад. Муваққатан боздоштани ташкилот ҳамчун бекористӣ бе …

Муфассал »

Муваққатан ба кори дигар гузаронидан ҳангоми бекористӣ

moddai-32-kodeksi-mehnat

Моддаи 32-и Кодекси Меҳнат. Муваққатан ба кори дигар гузаронидан ҳангоми бекористӣ Ҳангоми бекористӣ кормандон бо назардошти ихтисос ва дараҷаи касбашон дар худи ҳамон ташкилот дар тамоми давраи бекористӣ ба кори дигар ва бо розигии онҳо ба ташкилоти дигар, вале дар ҳамон маҳал ба муҳлати то як моҳ гузаронида мешаванд, агар …

Муфассал »

Тағйир ёфтани шароити меҳнат

moddai-31-kodeksi-mehnat

Моддаи 31-и Кодекси Меҳнат. Тағйир ёфтани шароити меҳнат Корфармо ҳуқуқ дорад шароити меҳнатро тағйир диҳад, агар чунин тағйирот дар технология ва ташкили истеҳсолии меҳнат пешакӣ муқаррар шуда бошад. Бо шартномаҳои коллективӣ мумкин аст машварати пешакӣ бо намояндагони кормандон оид ба тағйирёбии шароити меҳнат барои гурўҳҳои алоҳидаи кормандон пешбинӣ карда шавад. …

Муфассал »

Гузаронидан ба кори дигари доимӣ

moddai-30-kodeksi-mehnat

Моддаи 30-и Кодекси Меҳнат. Гузаронидан ба кори дигари доимӣ Ба кори дигари доимӣ гузаронидан (тағйир ёфтани вазифаи меҳнатии корманд), супоридани кор аз рўи ихтисоси дигар, тахассус ва вазифаи дигар танҳо бо розигии корманд мумкин аст. Супоридани коре, ки ҳангоми иҷрои он шароити меҳнати дар созиши тарафҳо муайяншуда моҳиятан тағйир меёбад …

Муфассал »

Шартномаи шогирдӣ

moddai-29-kodeksi-mehnat

Моддаи 29-и Кодекси Меҳнат. Шартномаи шогирдӣ Корфармо ҳуқуқ дорад ба шахсоне, ки кор меҷўянд, барои муҳлати дар шартнома муқарраргардида оид ба таълими касбӣ шартномаи шогирдӣ бандад. Шартномаи шогирдӣ бо мақсади омўхтани ихтисоси ибтидоӣ доир ба соҳаи ташкилот баста мешавад. Баъд аз ба итмом расидани муҳлати шартнома бо шахсоне, ки омўзишро …

Муфассал »

Санҷиш ҳангоми қабул ба кор

moddai-28-kodeksi-mehnat

Моддаи 28-и Кодекси Меҳнат. Санҷиш ҳангоми қабул ба кор Шартномаи меҳнатӣ метавонад бо санҷиши пешакӣ баста шавад. Санҷиш бо созиши тарафҳо муқаррар гардида, ба ғайр аз ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, наметавонад аз се моҳ бештар бошад. Дар давраи санҷиш ба корманд меъёрҳои Кодекси мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии …

Муфассал »

Маҳдудияти якҷоя кор кардани хешовандони наздик

moddai-27-kodeksi-mehnat

Моддаи 27-и Кодекси Меҳнат. Маҳдудияти якҷоя кор кардани хешовандони наздик Дар як ташкилоти давлатӣ (воҳидҳои сохторӣ) ба вазифаи роҳбар, сармуҳосиб (муовинони ў) ва хазинадор якҷоя кор кардани шахсоне, ки байни худ алоқаи хешутаборӣ (падару модар, зану шавҳар, бародарон, хоҳарон, писарон, духтарон, ҳамчунин бародарону хоҳарони падару модар, фарзандони зану шавҳар) дошта …

Муфассал »

Бастани шартномаи меҳнатӣ ва барасмиятдарории он

moddai-26-kodeksi-mehnat

Моддаи 26-и Кодекси Меҳнат. Бастани шартномаи меҳнатӣ ва барасмиятдарории он Шартномаи меҳнатӣ дар шакли хаттӣ баста шуда, дар ду нусха тартиб дода мешавад ва аз ҷониби тарафҳо имзо карда мешавад. Як нусхаи шартномаи меҳнатӣ ба корманд дода шуда, нусхаи дигарро корфармо маҳфуз медорад. Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба шартномаи меҳнатӣ, …

Муфассал »