Архивы за день : 03.03.2018

ҚАРАНФУЛ

karanful

ҚАРАНФУЛ (Syrygium aromaticum), мехак, қаранфур, қаранфули гардан, дарахтест ҳамешасабз; як навъ хушбӯиро гӯянд, ки аз ғунчаи хушконидаи гулҳои Қ. ҳосил мекунанд. Баргаш дурушти чармгун, гулаш майдаи чорбаргаи сафед, гулобӣ ё сурх. Хӯшагулаш чатршакл. Мевааш арғувонӣ, яктухма, ба ангури сагак монанд аст. Ватани Қ. ҷаз-ҳои Молукка маҳсуб мешавад. Онро дар бисёр …

Муфассал »

ҚАРАТОБОН

karatobon

ҚАРАТОБОН, чашмаи минералӣ. Дар нишебии ҷан. қ.-кӯҳи Ҳисор, 15 км шарқтари деҳаи Зиддӣ ҷойгир шудааст. Баландиаш аз с. б. 2050 м. Дебиташ – 0,6 л/сон., ҳарор. обаш 900С, минералнокиаш – 3,6 г/л. Таркиби оби чашма аз кислотаҳои силикат, метаборат, манган, никел, кобалт, мис, руҳ, литий, гази карбонат (90,6%), нитроген (7,8%), …

Муфассал »

ҚАРНИЯ

karniya

ҚАРНИЯ, қисми пеши пардаи берунии чашм, ки шаффоф аст. Қ. чашмро аз иллатёбӣ ва гарду чанг ҳифз мекунад. Қ. аз 5 қабат иборат аст: 1) эпителияи пеш; 2) ғишои асосии пеш ё пардаи Боумен; 3) моддаҳои хоси Қ. ё танаи бофтаи пайвандӣ; 4) ғишои ақиб ё дессемет (қабати дохилии марзии …

Муфассал »

ҚАРОБОДИН

zakoi

ҚАРОБОДИН, ақрободин, ақрабодин, ақрабозин, қаробозин, дар истилоҳи тиб як қисм аз илми дорушиносист, ки қонуну қоида, тариқаи таҳия, анвоъ ва барои кадом бемориҳо ба кор бурдани доруҳои мураккабро меомӯзад. Ҳамчунин китобҳоеро, ки оид ба ин соҳа таълиф шудаанд, Қ. меноманд. Қ. муарраби юнонии «graphidion» буда, маънои лафзияш «рисолаи мухтасар» аст. …

Муфассал »

«ҚАРОБОДИНИ АЪЗАМ ВА АКМАЛ»

kabir

«ҚАРОБОДИНИ АЪЗАМ ВА АКМАЛ», дастуруламали илмиест доир ба тиб. Муаллифи китоб Муҳаммад Акмалхон (тав. номаълум; ваф. – тақр. 1907) илми тибро аз бобояш Ҳаким Муҳаммади Аъзамхони Ромпурӣ (ваф. 1902) омӯхтааст. Азбаски ба ин асар қисме (693 номгӯи бемориҳо ва табобати онҳо) аз «Қарободини Аъзам» дохил аст, китоб номи худи муаллиф …

Муфассал »