Архивы за день : 21.03.2018

ЛАКНАТИ ЗАБОН

laknati-zabon

ЛАКНАТИ ЗАБОН (Mogilalia pselismus), тутилагӣ, сақавӣ, ихтилоли суръат ва низоми нутқ, ки ҳангоми он садо ва ҳиҷоҳо муддати кӯтоҳ боздошта ё такрор мешаванд. Одатан, забони кӯдакони синни томактабӣ (бештар писарбачаҳо) лакнат пайдо мекунад. Тарс, ҷанҷолҳои оилавӣ, бемориҳои сироятӣ, осеби сар ва ғ. боиси Л. з. мегарданд. Баъзан тақлид ва нутқи …

Муфассал »

ЛАКТАТСИЯ

lakatsiya

ЛАКТАТСИЯ (Lactatio; лот.las, lactis – шир), ҳосил ва ҷудошавии шир дар ғадуди шир. Ғадуди шир дар давраи ҳомилагӣ дучори тағйирот мегардад. Дар моҳҳои 2 – 3-юми ҳамл он усора хориҷ менамояд, роҳҳои ширгузар васеъ мешаванд, алвеолаҳои ғадуд инкишоф меёбанд. Дастгоҳи олие, ки фаъолияти ғадуди ширро танзим мекунад, қишри мағзи сар …

Муфассал »

ЛАКТОЗА

laktoza

ЛАКТОЗА (лот. lac, lactis – шир), қанди шир, C12H22O11, карбогидрат аз гурӯҳи дисахаридҳо. Дар шири ҳайвоноти ширмак (2 – 8,5%) мавҷуд аст; дар гарднайчаи баъзе растаниҳо низ ошкор карда шудааст. Л. моддаи беранг буда, се шакли кристаллӣ дорад; аз ҷиҳати оптикӣ фаъол аст. Дар об, спирти этил ва пиридин ҳал …

Муфассал »

ЛАКТОНҲО

lakton

ЛАКТОНҲО, моддаҳои органикӣ, эфирҳои сиклии дохилии оксикислотаҳо. β–, γ– ва диг. Л. мавҷуданд. Аз рӯи хосияти химиявӣ ба эфирҳои мураккаби асиклӣ монанд мебошанд. Л.-ро дар натиҷаи сиклизатсияи галогену оксикислотаҳо бо иштироки катализаторҳо ҳосил мекунанд. Л. дар синтези органикӣ, истеҳсоли моддаҳои хушбӯй ва доруҳо истифода мешаванд. Баъзе Л. (мас., клавосин) моддаҳои …

Муфассал »

ЛАПАРОСКОПИЯ

laparoskapiya

ЛАПАРОСКОПИЯ, яке аз усулҳои табобат, ки дар мавриди он узвҳои дарун аз сӯрохии хурд (одатан 0,5 – 1,5 см) ҷарроҳӣ карда мешавад. Л.-ро одатан ҳангоми бемориҳои узвҳои ҷавфи шикам ва кос кор мефармоянд. Л. ба тавассути лапароскоп амалӣ мегардад. Он ғулбаи телескопӣ буда, аз системаи линзаҳо иборат аст ва ба …

Муфассал »