Главная / Ҷамъият / Уҳдадории корфармо вобаста ба ҷамъоварӣ, коркард ва ҳифзи маълумотҳои шахсии корманд

Уҳдадории корфармо вобаста ба ҷамъоварӣ, коркард ва ҳифзи маълумотҳои шахсии корманд

Моддаи 57-и Кодекси Меҳнат. Уҳдадории корфармо вобаста ба ҷамъоварӣ, коркард ва ҳифзи маълумотҳои шахсии корманд

  1. Корфармо уҳдадор аст:

– ҷамъоварӣ, коркард ва ҳифзи маълумотҳои шахсии кормандро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намояд;

– бо мақсади таъмини риояи талаботи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мусоидат барои ба кор таъмин намудан, омўзиш ва пешравӣ дар кор, таъмини амнияти шахсӣ, ҷамъоварӣ, коркард ва ҳифзи маълумотҳои шахсии кормандро амалӣ намояд;

– ҳангоми муайян намудани ҳаҷм ва мазмуни маълумотҳои шахсии корманд талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба роҳбарӣ гирад;

– маълумотҳои шахсии аз ҷониби корманд шахсан ё аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ пешниҳодшударо бо огоҳкунии пешакӣ ва гирифтани розигии ў коркард намояд;

– бо талаби корманд тағйирот ва иловаҳоро ба маълумотҳои шахсии корманд тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намояд;

– тартиби нигоҳдории маълумотҳои шахсии кормандро бо риояи талаботҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намояд;

– тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба санадҳои корфармо шинос намудани кормандро таъмин намояд;

– бе розигии хаттии корманд дар бораи маълумотҳои шахсии ў ба шахсони сеюм хабар надиҳад, ба ғайр аз ҳолатҳое ки Кодекси мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд;

– дастрасиро ба маълумотҳои шахсии корманд танҳо ба шахсони барои ин кор ваколатдор иҷозат диҳад. Дар чунин ҳолат шахсони мазкур ҳуқуқи гирифтани танҳо ҳамон маълумотҳои шахсии кормандро доранд, ки барои иҷрои амалҳои мушаххас ва бо риояи реҷаи махфӣ заруранд;

– паҳнкунии маълумотҳои шахсии кормандро дар ҳудуди ташкилот тибқи талаботи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намояд;

– шахсонеро, ки ба онҳо иҷозати дастрасӣ ба маълумотҳои шахсии корманд дода шудааст, дар бораи чунин маълумотҳоро бо риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода бурдан ва ба шахсони сеюм надодани онҳо, ба ғайр аз ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, огоҳ намояд.

  1. Корфармо ҳуқуқ надорад:

– аз корманд дар бораи ақидаҳои сиёсӣ, динӣ ва дигар ақидаҳо, инчунин дар бораи ҳаёти шахсиаш маълумот талаб намояд;

– аз корманд дар бораи аъзогӣ ё фаъолияташ дар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла дар иттифоқҳои касаба, маълумот талаб намояд.

  1. Ҷамъоварӣ, коркард ва ҳифзи маълумотҳои шахсии корманд ба зиммаи роҳбари ташкилот гузошта мешавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …