Архивы за день : 06.03.2018

ЛӯБИЁИ ХИРСАК

lubiyoi-khirsak

ЛӯБИЁИ ХИРСАК (Vikna erecta), гули гург, растаниест бисёрсола. Пояаш рост (15 – 20 см қад мекашад), баргаш дарозрӯя, гулаш бунафши сафедтоб, тоҷгулаш мехчашакл, тухмаш махрутшакли қиррадор. Апр. – июл гул карда, май – авг. мева мебандад. Л. х. дар мавзеъҳои арчазор, марғзорҳои субалпӣ ва даштҳо, юғану камолзор мерӯяд. Дар тибби …

Муфассал »

ЛЮМБАГО

lyumbago

ЛЮМБАГО (лот. lumbus – камар, миён), дарди сахти ногаҳонии миён, ки дар натиҷаи он мушакҳои камар таранг шуда, бемор наметавонад қоматашро рост нигоҳ дорад. Сабаби Л. асосан остеохондрози қурси байни мӯҳраҳои миён аст. Ниг. низ Камардард.

Муфассал »

ЛЯМБЛИОЗ

liamblioz

ЛЯМБЛИОЗ (Lambliasiasis), як навъ бемории узвҳои ҳозима, ки ламблияҳо (Lamblia intestinalis) ба вуҷуд меоранд. Лямблияҳо дар рӯдаи борик сукунат доранд. Ду шакли лямблияҳо мавҷуд аст: ҳаракатнок (дар шакли вегетативӣ) ва беҳаракат (дар шакли систа). Ламблияи ҳаракатнок 4 ҷуфт камчинак ва қурси ҷаббанда дорад, ки тавассути он ба луобпардаи рӯдаи борик …

Муфассал »

ҚАБЗ

kabz

ҚАБЗ (Spasmus), спазм, ғайрихтиёр кашиш хӯрдани мушакҳои кӯндаланграх ё суфта. Падидаҳои возеҳе, ки дар асоси онҳо Қ. аз шаклҳои гуногуни ташаннуҷ (ихтилоҷ, рагкашӣ) фарқ карда шавад, вуҷуд надоранд. Вобаста ба манбаи иллат Қ. мумкин аст мушакҳои алоҳидаро фаро гирад, мас., Қ.-и мушакҳои як қисми гардан (ниг. Каҷгарданӣ), пилки чашм (ниг. …

Муфассал »

ҚАБЗИ ПЕШОБ

kabzi-peshob

ҚАБЗИ ПЕШОБ (Retensio urinae), наомадани пешоб. Қ. п. аз сабаби бемориҳои гуногуни узвҳои шошаю таносул, ки дар ин ҳолат сӯрохии найи пешоброн пурра ё қисман баста мешавад (омос, аденомаи ғадуди простата, бемории санги пешоб ва ғ.), ба вуҷуд меояд. Он мумкин аст дар натиҷаи иллати асабҳои марказӣ, инчунин дар аснои …

Муфассал »

Қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амали он (Моддаи 2-и КА)

tanzim-kalid

Моддаи 2. Қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амали он Қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Кодекси мазкур, санадҳои меъёрии ҳуқуқии мутобиқи он қабулшуда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, ки муносибатҳои андозиро ба танзим медароранд, иборат мебошад. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1367) Мафҳумҳо ва истилоҳоти …

Муфассал »

Муносибатҳое, ки Кодекси андоз танзим менамояд (Моддаи 1-и КА)

tanzim-hisob

Моддаи 1. Муносибатҳое, ки Кодекси мазкур танзим менамояд  Кодекси мазкур муносибатҳои омиронаро оид ба муқаррар намудан, тағйир додан, бекор кардан, ҳисоб ва пардохт намудани андозҳо, инчунин муносибатҳои байни давлат ва андозсупорандаро (агенти андозро) вобаста ба иҷрои ўҳдадориҳои андоз (минбаъд – муносибатҳои андозӣ) танзим менамояд. Муносибатҳои вобаста ба ситонидани боҷҳои гумрукӣ, …

Муфассал »

КОДЕКСИ АНДОЗИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 

Кодекси андоз 2018

Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои омиронаро оид ба муқаррар намудан, тағйир додан, бекор кардан, ҳисоб ва пардохт намудани андозҳо, инчунин муносибатҳои байни давлат ва андозсупорандаро (агенти андозро) вобаста ба иҷрои ўҳдадориҳои андоз (минбаъд – муносибатҳои андозӣ) танзим менамояд. Муносибатҳои вобаста ба ситонидани боҷҳои гумрукӣ, андозҳо аз молҳо ва воситаҳои нақлиёти тавассути …

Муфассал »

Намудҳои андоз дар Тоҷикистон?

kormandi-shoista

Кадом намудҳои андоз ҳаст ва чанд намуд дорад? Намудҳои андоз дар ҳар як кишвари дунё ҳар хел мешавад. Дар Тоҷикистон 2-намуди андозҳо ҳастанд, аз ҷумла: Андозҳои умумидавлатӣ. Ин намуди андоз аз чунин номгӯ иборат аст: андоз аз даромад; андоз аз фоида; андоз аз арзиши иловашуда; аксизҳо; андози иҷтимоӣ; андозҳо барои …

Муфассал »

Тоҷикистон чанд ноҳия дорад?

xaritai-tojikiston

Савол: Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чандто ноҳия, вуҷуд дорад? Ҷавоб: Дар Тоҷикистон 67 ноҳияву шаҳр ҳаст, ки масоҳати умумии онҳо ба 143 ҳазор километри мураббаъ баробар аст. Ба назар гирифт, ки дар рақами 67 шаҳрҳои Тоҷикистон низ дахл доранд.   Ҳастанд шаҳрҳое ки ҳам ноҳия ҳастанду ва ҳам шаҳр. Масалан ноҳияи Ваҳдат …

Муфассал »