Главная / Ҷамъият / Тартиби татбиқи ҷазои интизомӣ ва шикоят нисбати он

Тартиби татбиқи ҷазои интизомӣ ва шикоят нисбати он

Моддаи 63-и Кодекси Меҳнат. Тартиби татбиқи ҷазои интизомӣ ва шикоят нисбати он

  1. Ҷазои интизомӣ аз ҷониби корфармо бо роҳи қабули санад татбиқ карда мешавад.
  2. Корфармо уҳдадор аст баёноти хаттии кормандро то татбиқ намудани ҷазои интизомӣ талаб намояд. Дар ҳолати рад намудани корманд аз додани баёнот санади дахлдор тартиб дода мешавад. Рад намудани корманд аз додани баёноти хаттӣ наметавонад барои татбиқи ҷазои интизомӣ монеъ гардад.
  3. Ҳангоми муайян намудани намуди ҷазои интизомӣ, корфармо бояд мазмун, хусусият ва дараҷаи вазнинии кирдори интизомии содиршуда, ҳолатҳои содир шудани он, рафтори пештара ва минбаъдаи корманд ва муносибати ўро ба меҳнат ба эътибор гирад.
  4. Ба корманд барои ҳар як кирдор танҳо як ҷазои интизомӣ татбиқ карда мешавад.
  5. Санади корфармо дар бораи ба корманд додани ҷазои интизомӣ дар давраҳои зерин татбиқ карда намешавад:

– ҳангоми муваққатан корношоям будани корманд;

– ҳангоми озод будани корманд аз кор дар вақти иҷрои уҳдадориҳои давлатӣ ё ҷамъиятӣ;

– ҳангоми дар рухсатӣ ё истироҳати байнивахтавӣ қарор доштани корманд;

– ҳангоми дар сафари хизматӣ будани корманд.

  1. Санади корфармо оид ба татбиқи ҷазои интизомӣ ба корманде, ки ба ў ҷазои интизомӣ дода шудааст, бо гирифтани имзои ў дар давоми се рўзи баъд аз қабули санад эълон карда мешавад. Дар ҳолати радкунии корманд барои гузоштани имзо дар санад барои шиносоӣ бо он, дар ин бора дар санад оид ба татбиқи ин ҷазо қайди дахлдор карда мешавад. Ҳангоми ғайриимкон будани шинос кардани корманд бо санад, корфармо уҳдадор аст санадро ба воситаи номаи огоҳкунӣ ба ў равон намояд.
  2. Нисбати санад оид ба татбиқи ҷазои интизомӣ корманд метавонад бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят намояд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …