Архивы за день : 11.03.2018

ЛИНЗАҲОИ ТАМОСӣ

linzai-tamosi

ЛИНЗАҲОИ ТАМОСӣ, линзаҳое, ки барои беҳтар шудани неруи босира истифода мебаранд. Л. т. бевосита ба рӯи ғӯзаи чашм гузошта мешаванд. Л. т.-ро аз масолеҳи шаффоф месозанд. Бино ба баъзе маълумот дар ҷаҳон 125 млн наф. одамон аз Л. т. истифода мекунанд. Аксари онҳо ҷавонони 18 – 25-сола мебошанд. То с-ҳои …

Муфассал »

ЛИПЕМИЯ

lipemiya

ЛИПЕМИЯ (Lipaemia; юн. lipos – чарбу ва haima – хун), дар хун мавҷуд будани равған. Л. баъди 3 – 6 соати истеъмоли ғизои равғанин ба мушоҳида мерасад (Л.-и ғизоӣ); Л.-и муқаррарӣ ҳангоми ҳомилагӣ ба вуқӯъ мепайвандад. Л.-ро метавон дар мавриди баъзе бемориҳои ирсӣ ва ғайриирсии ихтилоли мубодилаи чарбу низ ошкор …

Муфассал »

ЛИПИДҲО

lipidho

ЛИПИДҲО (аз юн. lipis – чарбу), як гурӯҳи пайвастҳои органикӣ (моддаҳои равғанмонанд), ки сохт ва хосиятҳои гуногун доранд. Л. дар эфир, хлороформ, атсетон, бензин ва диг. ҳалкунандаҳои органикӣ ҳал мешаванд. Л. дар бофтаҳо вуҷуд дошта, дар раванди оксиду барқароршавӣ организм иштирок мекунанд, сарчашмаи неруи ҷисм мебошанд. Фосфолипидҳо, холестерин ва эфирҳои …

Муфассал »

ЛИПОМА

lipoma

ЛИПОМА (Lipoma; юн. lipos – чарбу ва oma – омос), омоси ғайрисаратониест, ки аз бофтаҳои чарбу инкишоф меёбад. Бештар дар занҳо дар синни 30 – 50-солагӣ ба вуҷуд меояд. Л.-ҳо бисёр вақт саршумор буда, ба таври симметрӣ ҷой мегиранд. Диаметри Л. 5 – 10 см (баъзан бештар) мешавад. Л.-и сатҳӣ …

Муфассал »

ЛИСТЕРИОЗ

listerioz

ЛИСТЕРИОЗ (Listeriosis), листереллёз, як навъ бемории сироятӣ, ки асосан бо осеби силсилаи асаби марказӣ, ғуддаҳои лимфавӣ ва тағйироти хун падид меояд. Ангезандаи Л. Listeria monocytogenes аст; он қаламчамикроб буда, спора ҳосил намекунад. Дар хок, об, ҷасади ҳайвонот афзоиш меёбад. Дар натиҷаи ҷӯшондан баъди 3 дақ., ҳамчунин зери таъсири моддаҳои гандзудо …

Муфассал »