Главная / Ҷамъият / Ҳуқуқҳои корманд бо мақсади таъмини ҳифзи маълумотҳои шахсӣ, ки корфармо нигоҳ медорад

Ҳуқуқҳои корманд бо мақсади таъмини ҳифзи маълумотҳои шахсӣ, ки корфармо нигоҳ медорад

Моддаи 58-и Кодекси Меҳнат. Ҳуқуқҳои корманд бо мақсади таъмини ҳифзи маълумотҳои шахсӣ, ки корфармо нигоҳ медорад

Бо мақсади таъмини ҳифзи маълумотҳои шахсӣ, ки корфармо нигоҳ медорад, корманд ҳуқуқ дорад:

– ба дастрасӣ ба маълумотҳои шахсии худ, ҳамчунин ҳуқуқ барои гирифтани нусхаи қайдҳое, ки дорои маълумотҳои шахсии ў мебошанд, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст;

– ба талаби ворид намудани тағйироту иловаҳо, нобудсозии маълумотҳои шахсие, ки ҷамъоварӣ ва коркарди онҳо бо вайрон намудани талаботи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардидаанд;

– оид ба амали (беамалии) корфармо, ки ба ҷамъоварӣ, коркард ва ҳифзи маълумотҳои шахсии ў алоқамандӣ дорад, ба суд шикоят намояд.

Инчунин кобед

laylatulqadr

Шаби қадр c 2023 ба шоми 17- ба 18-уми Апрел рост меояд

Шаби қадр, лайлатулқадр (ар. لَيْلَةُ الْقَدْر‎) — шаби муайяншавии тақдир, ғолибан шаби 27-уми моҳи Рамазон, ки беҳтарин шаб барои ибодат …