Архивы за день : 29.03.2018

Барасмиятдарорӣ, низоми вақти корӣ ва вақти истироҳат ҳангоми сафари хизматӣ

moddai-175-kodeksi-mehnat

Моддаи 175-и Кодекси Меҳнат. Барасмиятдарорӣ, низоми вақти корӣ ва вақти истироҳат ҳангоми сафари хизматӣ Сафари хизматӣ бо санади корфармо ва додани шаҳодатномаи сафари хизматии шакли муқарраршуда ба расмият дароварда мешавад. Дар вақти сафари хизматӣ низоми вақти корӣ ва истироҳати дар маҳалли сафари хизматӣ муқарраргардида амал мекунад.

Муфассал »

Сафари хизматӣ

moddai-174-kodeksi-mehnat

Моддаи 174-и Кодекси Меҳнат. Сафари хизматӣ Бо супориши корфармо корманд барои иҷрои уҳдадориҳои хизматӣ берун аз ҷойи кори доимӣ ба маҳалли дигар ба муҳлати муайян ба сафари хизматӣ фиристонида мешавад. Сафари корманде, ки кораш ба таври доимӣ дар роҳ мегузарад ё хусусияти ҳаракаткунандаю сайёр дорад, инчунин дар ҳудуди маҳалли аҳолинишине, …

Муфассал »

Ҷуброни хароҷоти иҷрои кор

moddai-173-kodeksi-mehnat

Моддаи 173-и Кодекси Меҳнат. Ҷуброни хароҷоти иҷрои кор Хароҷоти иловагии кормандро, ки бо иҷрои уҳдадориҳои меҳнатӣ вобаста аст, бояд корфармо тибқи шарту тартиби муқарраркардаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаи меҳнатӣ ҷуброн намояд.

Муфассал »

Тартиби ҳисоб кардани музди миёнаи меҳнат

moddai-172-kodeksi-mehnat

Моддаи 172-и Кодекси Меҳнат. Тартиби ҳисоб кардани музди миёнаи меҳнат Тартиби ҳисоб кардани музди миёнаи меҳнати кормандро дар ҳамаи ҳолатҳо (пардохти кафолатнок ҳангоми иҷрои вазифаҳои давлатӣ ё ҷамъиятӣ, ҳангоми пардохти музди муҳлати рухсатӣ, ҳангоми пардохти музди меҳнати давраи гузаронидан ба кори дигар, дар ҳолати ҷуброни зарар), ба ғайр аз музди …

Муфассал »

Кафолатҳо барои гурўҳи алоҳидаи кормандон

moddai-171-kodeksi-mehnat

Моддаи 171-и Кодекси Меҳнат. Кафолатҳо барои гурўҳи алоҳидаи кормандон Кафолатҳо ба гурўҳи алоҳидаи кормандон: донорҳо, ихтироъкорон, навоварон, кормандоне, ки барои такмили ихтисос фиристода мешаванд ва кормандони дигар тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд.

Муфассал »

Кафолат барои роҳбарони ташкилот ва кормандоне, ки вазифаи умумии идоракунии ташкилотро ба ҷо меоранд

moddai-170-kodeksi-mehnat

Моддаи 170-и Кодекси Меҳнат. Кафолат барои роҳбарони ташкилот ва кормандоне, ки вазифаи умумии идоракунии ташкилотро ба ҷо меоранд Ҳангоми қатъ намудани шартнома бо роҳбари ташкилот ва кормандоне, ки вазифаи умумии идоракунии ташкилотро иҷро мекунанд, молики нав вобаста ба иваз шудани молик уҳдадор аст ба ҳар кадоми онҳо на камтар аз …

Муфассал »

Кафолат ва имтиёзҳо барои кормандони аз кор озодшаванда

moddai-169-kodeksi-mehnat

Моддаи 169-и Кодекси Меҳнат. Кафолат ва имтиёзҳо барои кормандони аз кор озодшаванда Ба кормандоне, ки бинобар ихтисор шудани воҳиди корӣ ё тағйир ёфтани шароити меҳнат аз ташкилот озод мегарданд, кафолатҳои зерин дода мешаванд: – кумакпулии аз корравӣ дар ҳаҷми на камтар аз музди миёнаи якмоҳа; – нигоҳ доштани музди миёнаи …

Муфассал »

Кафолат барои корманде, ки барои ташхис ба муассисаи тиббӣ фиристода мешавад

moddai-168-kodeksi-mehnat

Моддаи 168-и Кодекси Меҳнат. Кафолат барои корманде, ки барои ташхис ба муассисаи тиббӣ фиристода мешавад Дар давраи ташхис дар муассисаи тиббӣ қарор доштани корманд, ки бояд аз чунин ташхис гузарад, музди меҳнати моҳонаи ў дар ҷойи кораш нигоҳ дошта мешавад. Ҳангоми ташхиси корманд дар марказҳои бемориҳои касбӣ музди меҳнати моҳонаи …

Муфассал »

Кафолат ҳангоми гузаронидани корманд ба кори дигари доимии каммузд

moddai-167-kodeksi-mehnat

Моддаи 167-и Кодекси Меҳнат. Кафолат ҳангоми гузаронидани корманд ба кори дигари доимии каммузд Ҳангоми дар ҳамон ташкилот ба кори доимии каммузд гузаронидани корманд музди меҳнати пешинаи ў дар муҳлати ду моҳ аз рўзи гузаронидан нигоҳ дошта мешавад. Ҳангоми гузаронидани корманд мутобиқи хулосаи тиббӣ бинобар осеби меҳнатӣ, бемории касбӣ ё осеби …

Муфассал »

Кафолатҳо ҳангоми иҷрои уҳдадориҳо ба манфиати кормандони ташкилот

moddai-166-kodeksi-mehnat

Моддаи 166-и Кодекси Меҳнат. Кафолатҳо ҳангоми иҷрои уҳдадориҳо ба манфиати кормандони ташкилот Шарти аз кор озод намудани кормандро ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳое, ки ба манфиати ҳамаи кормандони ташкилот мебошад, инчунин андозаи пардохтҳои кафолатнокро дар ин муддат созишнома ва шартномаҳои коллективӣ ё корфармо бо мувофиқаи намояндагони кормандон муқаррар мекунанд.

Муфассал »