Главная / Илм / КАҶГАРДАНӣ

КАҶГАРДАНӣ

kachgardaniКАҶГАРДАНӣ (Tortucollis), гарданкаҷӣ, вазъи нодурусти сарро гӯянд, ки дар натиҷаи яктарафа таранг шудани мушакҳо ва бофтаҳои нарми бадан ба вуҷуд меояд. Иллати қисми гардани сутунмӯҳра низ метавонад боиси К. шавад. К. бештар модарзодӣ (аз инкишофи нодурусти ҷанин) аст. Он инчунин ҳангоми таваллуди душвор бинобар осеб дидани бофтаҳои нарми гардани кӯдак ё дар ҳар синну сол аз осори сӯхтагӣ, захм, газаки бофтаҳои гардан ба вуҷуд меояд.
Аломати асоии К.-и модарзодӣ ба тарафи мушаки осебдида хам гаштани сар ва ба китфи ҳамон ҷониб наздик будани пушти он аст; дар ин маврид манаҳ андак ба боло майл дошта ба тарафи муқобил тоб мехӯрад. Ҳаракати сари кӯдаки каҷгардан маҳдуд бошад ҳам, дардовар нест. Пӯсти тарафи осебдидаи гарданро палмосида, дӯнгичаи сахти мушаки кашишхӯрдаро пай бурдан мумкин аст. Дар сурати К.-и модарзод ба ин ё он тараф хамидани сари кӯдак аз рӯзҳои аввали ҳаёт маълум мешавад. Агар чунин К. сари вақт табобат карда нашавад, пас каҷ шудани қисми гардании сутунмӯҳра низ аз эҳтимол дур нест.
Сари аксар тифли навзод дароз буда, гӯё паҳлӯҳояш фишорхӯрда бошанд. Вале он минбаъд тағйир меёбад. Бо вуҷуди ин чунин кӯдак доимо сарашро ба тарафе гардонда хоб меравад. Ин ҳолат боиси пайдоиши К. шуданаш мумкин аст. Барои каҷ нашудани гардан ба таги сари кӯдак ҳалқаболишти пахтагин гузоштан лозим. Муолиҷаи дуруст ва барвақтӣ натиҷаи дилхоҳ меорад. Модар баробари дар кӯдак номутаносибии хурдеро пай бурдан, бояд фавран ба духтур муроҷиат намояд. Табобати К.-ро аз думоҳагии кӯдак сар мекунанд (агар иллатро сари вақт ошкор намоянд). Ба модар қоидаҳои илоҷи К. (варзиши шифоӣ ва масҳи гардан)-ро меомӯзанд.
Варзиши шифоиро чунин мегузаронанд. Ҳангоми К.-и тарафи рост ба манаҳи кӯдак дасти рост ва ба пушти сар дасти чапро (дар аснои К.-и тарафи чап, баръакс) гузошта, манаҳро ба ҷониби мушаки тарангшуда моил ва сарро ба тарафи дигар (муқобили деформатсия) хам мекунанд. Ин машқҳоро нафис ва сабук иҷро карда, сари кӯдакро дар ҳолати дастдода чанд сония (ҳатталимкон дертар) нигоҳ медоранд. Кӯдак бояд дард ҳис накунад. Чунин машқро рӯзе 4 – 5 маротиба (дар муддати 10 дақ.) гузаронидан лозим. Баъди ҳар як сеанс сари кӯдакро ба ҳолати дастдодаи пешина меоранд. Аввалин машқҳоро модар дар ҳузури духтур иҷро мекунад. Баъди ба охир расидани сеанси варзиши шифоӣ тарафи иллатёфтаи гарданро бо ангушти калон нарм – нарм ва тарафи муқобилро сахттар масҳ бояд кард. Ин амалиётро то пурра бартараф шудани деформатсия ва ҳатто баъди шифо ёфтани кӯдак ҳам чанд моҳ давом медиҳанд.
Дар ин давра сари кӯдакро вақти хоб ба тарафи беиллат гардондан лозим. ӯро бояд тавре хобонид, ки баъди гарданашро тоб додан, одамони дар хона бударо дида тавонад; ба муқобили тарафи иллатнок бозичаҳои назарфиреб меовезанд. Баъзе кӯдакони каҷгарданро ҷарроҳӣ кардан зарур аст. Баъди ҷарроҳӣ падару модар зери назорати духтур масҳ ва варзиши шифоиро давом медиҳанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …