Главная / Илм / КАШНИЗ

КАШНИЗ

kashnizКАШНИЗ (Coriandrum sativum), гашниҷ, кашнич, сабзавотест маъмул. То 120 см қад мекашад. Пояи сершохча, барги пармонанд, хӯшагули чатрнамо, гули майдаи сафед, гулобӣ, зард, меваи зардчаи бӯр дорад. К.-ро дар таом меандозанд, тару тоза истифода мебаранд. Аз тухми К. равғани эфир мегиранд. Ғӯраи К. дар нонпазӣ, саноати консерв ва ғ. аҳамияти калон дорад. Дар таркиби сабзаи он витаминҳои С, А, В1, В2 ва рутин мавҷуданд. Дар тибби қадим К. ба сифати сабзавот ва растании давобахш васеъ истифода бурда мешуд. Ба гуфтаи Абӯалии Сино К. мизоҷи хушку гарм дорад. Шираи он набзи тез, аз ҷумла париши рагҳои чашмро таскин мебахшад, хунравии бинӣ ва хунпартоиро бозмедорад, ҳангоми сарчархӣ ёрӣ мерасонад. К.-и зирбонда қайро рафъ мекунад, оруғи туршро таскин мебахшад. Абӯалии Сино омехтаи К., сирко, равғани садбарг, асал ва мавизро барои муолиҷаи саглес ва сӯхтанӣ, омехтаи К.-и сабз, асал ва мавизро ҳангоми омосҳои табноки хоя тавсия додааст. Ба ақидаи Муҳаммад Ҳусайни Шерозӣ баргу шохчаи сабзи К. ё шираи он хусусияти таскинбахшӣ дорад, зуҳуроти буғшавиро дар мағзи сар пешгирӣ менамояд. Агар онро хоянд ё бо шираи К. ғарғара кунанд, бусурот ва сӯзиши даҳонро рафъ месозад. Табибони ҳинд ғӯраи К.-ро чун воситаи таскинбахш, пешоброн, афзояндаи шираи меъда ва тақвиятбахш ба кор мебаранд.
Дар тибби мардумии тоҷик К. ғизои иштиҳоовар ва беҳсозандаи ҳазми хӯрок маҳсуб мешавад. Онро ҳангоми хунравии милки дандон, барои муолиҷаи камхунӣ ва ғалаёни хун, баъзан чун давои таскинбахш тавсия медиҳанд. Шираи барг ва ҷӯшоби ғӯраи онро ба сифати омили талхарон, пешоброн ва зидди сурфа ба кор мебаранд. Ҷӯшоби решаи К. барои муолиҷаи бемории сурхча ва заъфарма нафъ дорад. Бо шираи К. чайқондани даҳон бемории стоматитро даво мекунад. Ғӯраи К.-ро ҳангоми асабоният, дарунравӣ ва заъфи пешобдон истифода мебаранд.
Ба ақидаи табибони халқӣ агар оби К.-ро дар чашм чаконанд, намегузорад, ки дар он сурхакон барояд, агар он обро дар даҳон гардонанд, дард ва ҷӯшишҳои гуногуни даруни даҳонро дур мекунад, дарди дандонро таскин медиҳад. К.-ро нимкӯфта ба дандон ва милкҳои он бимоланд, онҳоро мустаҳкам мекунад, аз милки дандон рафтани хунро манъ менамояд. Ошомидани оби бо шакар ширинкардаи К. иштиҳоро мекушояд, хоб меоварад. Истеъмоли К.-и тару тоза қувваи боҳро суст ва агар бардавом бихӯранд, ҳатто нест мекунад. К.-и кӯфтаро ба варамҳо банданд, онҳоро ба зудӣ таҳлил медиҳад, агар онро бо орди ҷав хамир карда, ба ханозир (хукак) гузошта банданд, даво мешавад.
Тухми К.-ро кӯфта бихӯранд, ба дил фароҳ мебахшад, дил ва мағзи сарро қавӣ мегардонад, исҳолро мебандад, беихтиёр равон гаштани маниро ислоҳ мекунад. Аз тухми К. шарбат тайёр карда биёшоманд, иллатҳои сиёҳ задани чашм ва чарх задани сарро дафъ менамояд.
Дар тибби муосир истеъмоли К. ба сифати давои талхарон ва парҳезӣ, ки ҳазми хӯрокро беҳтар мегардонад, тавсия шудааст. Равғани эфири К. хусусияти талхаронӣ ва зиддиуфунатӣ дорад, ҷароҳатҳоро шифо мебахшад. К.-и сабз тарашшӯҳи шираи меъда, ғадуди зери меъда, роҳи талхаю пешобро беҳтар мекунад. Равғани эфири ғӯраи К. барои узвҳои ҳозима ва талхароҳа муфид аст.
Ад.: Нуралиев Ю., Лекарственные растения, Д., 1988; Зоҳидов Ҳ., Канзи шифо, Д., 1998.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …