Главная / Илм / КАҶШАВИИ СУТУНМӯҲРА

КАҶШАВИИ СУТУНМӯҲРА

kachshavii-sutunmuhraКАҶШАВИИ СУТУНМӯҲРА (Gibbositas), як навъ иллати сутунмӯҳра. К. с. cе навъ мешавад: паҳлӯӣ – сколиоз (ба паҳлӯ каҷ шудани сутунмӯҳра), аз пеш – лордоз (барҷастагии сандуқи сина) ва аз ақиб – кифоз. Ин гуна каҷиҳо бо мурури инкишофи организм, хусусан баъди ба пой истодану роҳгардиро омӯхтани тифл, ташаккул меёбанд. Ҳодисаи мазкурро на каҷшавӣ, балки ҳолати физиологӣ меноманд (лордози физиологӣ дар қисми гардан ва сутунмӯҳра, кифози физиологӣ дар қисми гардан ва сутунмӯҳра, кифози физиологӣ дар сина ва чорбанд). Ҳангоми аз пеш каҷ шудани сутунмӯҳра аз ақиб хилофи онро мебинем; ба ҷои инкишофи мураттаби физиологӣ дар қисмҳои қафаси сина ва тахтапушт кӯзапуштию барҷастагии қафаси сина ё акси он ба амал меояд. Азбаски сколиози физиологӣ вуҷуд надорад, бинобар ин ҳар гуна К. с. – ро дар кадом ҳиссаи он набошад, каҷпаҳлӯи меноманд.
Сколиоз бисёр вақт модарзодӣ (аз инкишофи нодурусти мӯҳраи аррапушт) бошад ҳам, ба он бештар кӯдакони синнашон аз 5 то 15-сола, хусусан мактаббачагон гирифтор мешаванд. Тарзи нишасти нодурусти кӯдакон дар мактаб боиси нобаробар тақсим шудани вазнинӣ ба сутунмӯҳра ва мушакҳои тахтапушт мегардад. Сустии мушакҳои тахтапушт, тарзи нишасти нодуруст, барҷастагии шона – ин ҳама нишонаҳои ба як тараф каҷ шудани сутунмӯҳра мебошанд. Баъдтар дар бандаки сутунмӯҳра дигаргунӣ ба амал омада, К. с. шакли устуворро мегирад. Сколиоз оқибати дар кӯдакӣ аз сар гузаронидани бемории рахит аст. Одамони калонсол ба он аз вазни беҳад зиёду тӯлонии нобаробар ба мушакҳои тахтапушт (ба ном иллати касбии ғиҷҷакнавоз, дӯзанда, ҳаммол) гирифтор мешаванд. Дар интиҳои инкишофи устухонбандӣ К. с. суст ривоҷ меёбад ва то дараҷае, ки дар кӯдакон мебинем, рафта намерасад. Сколиоз баъзан аз шикастани сутунмӯҳра ё бинобар беморӣ тағйир ёфтани он (хусусан аз бемории сил) бештар рух менамояд. Инчунин аз кӯтоҳии пой маҷбуран ба як тараф каҷ шуда роҳ рафтан сабаби пайдоиши сколиози амалӣ мегардад.
К. с. ҳангоми такрор ёфтани шаклҳои сколиози ғайриирсӣ аз он оғоз мегардад, ки аснои хаста шудани мушакҳои тахтапушт сутунмӯҳра андак ба як тараф каҷ мешавад. Пас аз истироҳат он барҳам мехӯрад. Ин марҳалаи аввал аст. Дар марҳалаи дуюм шакли қафаси сина тағийр меёбад, китфу шонаи тарафи барҷаста нисбат ба фурӯрафта болотар буда, каҷӣ бетағийр мемонад; фаъолияти сутунмӯҳра якбора маҳдуд мегардад. Ҳар як фишори ҷисмонӣ хастагиовар буда, одам аз дарди мушаку байни қабурғаҳо (невралгия) шикоят мекунад. Ғайр аз ин сколиози вазнин боиси тағийр ёфтани узвҳои дарунӣ гардида, кори онҳоро мушкил месозад.
Пешгирии сколиоз назар ба табобати он самарабахш аст. Баробари пайдо шудани нишонаҳои аввалини сколиози модарзод барои кӯдак бояд тартибе таъин шавад, ки кори тарафи ноқиси сутунмӯҳраро осон кунад. Машқҳои ҷисмоние, ки духтур тавсия кардааст (масҳ, бозиҳои серҳаракат ва ғ.), бояд қатъиян риояву иҷро шаванд; ғайр аз ин қабули ваннаҳои офтобӣ ва ҳавоӣ, истеъмоли хӯроки серғизоро пешбинӣ мекунанд. Барвақт муайян намудани сколиози модарзод ва дар давоми муолиҷа пурсаброна иҷро кардани ҳамаи тавсияҳои духтур, натиҷаҳои хуб мебахшанд.
Барои пешгирии сколиози бачаҳо, аз ҷумла хонандагон, ҷои хоби ҳамвор, дуруст нишастан дар паси парта ва миз, равшан кардани ҷои кор, гаштугузор дар ҳавои тоза, бозиҳои серҳаракат, хӯроки серғизо, хоби осуда, варзиши пагоҳирӯзӣ ва ғ. зарур мебошанд.
Пешгирии сколиозҳои касбӣ аз дуруст риоя кардани тартиби меҳнату истироҳат ва варзиши бадан дар вақти кор иборат буда, машғул шудан бо тарбияи ҷисмонӣ ва спорт нафақат ба обутоби организм мусоидат мекунад, балки боиси пурқувватии мушакҳо мегардад. Барои боздоштани авҷи сколиози амалӣ пӯшидани пойафзори махсуси ортопедӣ, истифодаи асбобҳое, ки кӯтоҳии пойро номаълум мекунанд, зарур аст.
Муолиҷаи сколиоз асосан тавассути машқҳои умумии тақвиятбахш ва махсус, ки шакли сутунмӯҳраро ислоҳ мекунанд, ба роҳ монда шудааст. Машқҳои мазкур таҳти назорати духтур ва методист гузаронда мешаванд. Баъзан истифодаи корсет (миёнбанди махсуси муолиҷавӣ)-ро низ тавсия медиҳанд. Агар беморӣ кӯҳна шуда бошад, онро таъҷилӣ табобат бояд кард.
Кифоз метавонад камоншакл шавад (дар сурате, ки ягон қисми сутунмӯҳра аз ақиб то андозае ё якбора чанд ҷои он андаке каҷ шуда бошад). Кифози камоншакл асосан дар қисмати қафаси синаи сутунмӯҳра пайдо мешавад, ки онро кӯзапуштӣ низ меноманд.
Сабаби инкишофи кӯзапуштӣ сустии модарзоди мушакҳои тахтапушт, рахити вазнини айёми кӯдакӣ, хамшуда нишастан (дар сари дастгоҳ ё миз ва ғ.) мебошанд. Он нафақат қомати одамро нуқсдор мекунад, балки ба озод нафас гирифтан ва гардиши хун низ таъсири манфӣ мерасонад. Одами кӯзапушт китфони хаму ба пеш ҷаста ва шиками овезон дорад.
Пешгирии кӯзапуштӣ ҳамаи он тадбирҳоеро дарбар мегирад, ки нисбати сколиоз гуфта гузаштем. Ғайр аз он, машғул шудан бо варзиши махсус, иҷрои таъиноти физиотерапевтӣ ва муолиҷаи санаторию курортӣ заруранд. Сари вақт ба духтур муроҷиат карда, пеши роҳи авҷи К. с. – ро бояд гирифт.
Кӯзапуштии яктарафа бештар дар қисми қафасисинагии сутунмӯҳра пайдо мешавад, ки онро кӯз меноманд. Сабаби асосии кӯз бемории сил (ниг. Спондилит) ва тазйиқи он бинобар вазнинии узвҳои болоии бадан аст, ки дар натиҷа тана кӯтоҳ гардида, сандуқи сина ҷаста мебарояд. Ин навъ иллат ба фаъолияти узвҳои дарун, қобилияти корӣ ва ҳаёти шахсии мариз таъсири сахт мерасонад. Муолиҷаи дурусту саривақтии спондилити силӣ, одатан, ба пайдоиши кӯз монеъ мешавад, зеро он ба нигоҳ доштани шакли дурусти сутунмӯҳра то шифои ҷароҳати сил ва барқарор гардидани устувории сутунмӯҳра имкон медиҳад. Аксари кӯзапуштҳо ашхосеанд, ки аз бемории сил шифо ёфта бошанд ҳам, лекин кӯз мешаванд (сабаби ин ба муолиҷаи спондилит дер шурӯъ кардан аст). Барҳам додани кӯзапуштӣ ҳатто бо роҳи ҷарроҳӣ низ ҳамеша имконпазир нест.
Лордоз сабабҳои бисёр дорад. Вай бештар дар натиҷаи беҷошавии ирсии буғумҳои косу рон ба вуҷуд меояд: вақте ки маркази вазни бадан ба пеш меафтад, барои нигоҳ доштани мувозанат бадан ба ақиб хам гашта, миён каҷ мешавад. Дар шикам ҷамъ шудани равғани зиёд низ боиси авҷ гирифтани каҷии миён мегардад.
Лордоз бо тағйири шакли сутунмӯҳра ва дард, ки сабаби он тақсимоти вазнинӣ ба мӯҳраҳо ва аз нав кашиш хӯрдани мушакҳои сутунмуҳра аст, зуҳур меёбад. Ҳаракати қисми осебдидаи сутунмӯҳра маҳдуд мешавад. Аксаран ҳангоми лордоз узвҳои дарун (меъда, рӯда, гурда) поён мефароянд, аз ин рӯ кори онҳо ба таври гуногун халал меёбад.
Табобати лордоз аз бартараф намудани сабабҳои пайдоиши он, варзиши махсус ва масҳ иборат аст (онҳоро духтур таъин мекунад). Аксаран дар маҷмӯи тадбирҳои муолиҷавӣ истифодаи бандаж (миёнбанди махсус), ки кори узвҳои даруни шикамро осон карда, мушакҳои девораи пеши шикамро мустаҳкам нигоҳ медорад, ба назар гирифта мешавад.
Барои роҳ надодан ба шиддати лордоз ҳама таъиноти духтурро риоя кардан зарур аст. Баҳри пешгирии К. с., ки ба иллат ё касалии устухону буғумҳо вобастагӣ надоранд, ба дуруст нишастан тарғиб намудани бачагон, вақти хондану навиштан рост нигоҳ доштани қомат, машғул шудан бо варзиш, хусусан иҷрои машқҳое, ки баданро обутоб дода, ба мустақимии сутунмӯҳра кӯмак мерасонанд, аҳамияти калон доранд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …