Главная / Илм / КАҶПОӣ

КАҶПОӣ

kachpoiКАҶПОӣ, деформатсияи мураккаби панҷаи по. К. модарзодӣ ва ғайримодарзодӣ мешавад. К.-и модарзодӣ дар писарон нисбат ба духтарон ду маротиба бештар дучор меояд. Осеб, одатан, дутарафа аст. Дараҷаи деформатсия ва аломатҳои он метавонанд хеле гуногун бошанд. Вақте ки кӯдак роҳрав мешавад, деформатсия авҷ мегирад. К.-ро дар асоси аломатҳои зоҳирӣ ташхис мекунанд. Ҳангоми гумонбар шудан аз К. кӯдакро бетаъхир ба назди духтур фиристодан лозим.
Муолиҷа чи қадаре ки бармаҳал оғоз шавад, натиҷааш ҳамон қадар хуб аст, зеро то давраи 4-моҳагии тифл деформатсияро метавон бартараф сохт. Табобатро мунтазам ва бурдборона гузарондан лозим. Ҳар рӯз то 5 дақ. эҳтиёткорона ҳаракатҳои ислоҳсозандаи деформатсия (редрессатсия)-ро такрор менамоянд (то даме ки попанҷа дар ҳолати дуруст қарор нагирад). Сипас попанҷаро гачбандӣ карда, онро баъди ҳар 7 – 10 рӯз иваз менамоянд (ин корро то шакли дуруст гирифтани попанҷа идома додан лозим аст). Қабл аз гачбандӣ ба пӯст марҳами нафталан молида, як қабат пахта мегузоранд. Баъд аз рафъ шудани К. боз 3 – 4 моҳи дигар панҷаи поро баста нигоҳ медоранд, масҳ мекунанд, машқ медиҳанд.
Сабаби К.-и ғайримодарзодӣ, ки намудҳои гуногун дорад, ихтилоли асаб (фалаҷ) ва осеби устухонҳо, мушакҳо, бандакҳои попанҷа ва соқи по мебошанд. Он бо ҷарроҳӣ муолиҷа карда мешавад. Баъзан пойафзори ортопедӣ таъин мекунанд.

Инчунин кобед

лицейи умари хаём дар Душанбе

Литсейи Умари Хайём дар шаҳри Душанбе

31 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон …