Главная / Илм / КАҶДАСТӣ

КАҶДАСТӣ

kachdastiКАҶДАСТӣ, каҷ шудани соид ва панҷаи даст. К. оринҷӣ, соидӣ, модарзодӣ, ғайримодарзодӣ мешавад. К.-и бо тағйири устухон ва бе тағйири устухон низ ба мушоҳида мерасад. К.-и модарзодӣ бисёр вақт дутарафа буда, якҷоя бо дигар нуқси инкишоф падид меояд. Сабаби К.-и ғайримодарзодӣ осеб (мас., дар вақти таваллуд) ва бемориҳо аст.
Ҳангоми К.-и модарзодии соидӣ панҷа ба берун каҷ буда, устухони соид деформатсия ё кӯтоҳ шудааст; бисёр вақт устухонҳои хурди банди дасту панҷа ва мушакҳои бозу низ нуқс пайдо мекунанд. Соид кӯтоҳ буда, ҷониби бозу тоб мехӯрад; панҷа бо бозу дар як самт аст. Дар мавриди К.-и оринҷӣ панҷа ба белпойҳои тюлен монанд мешавад, зеро бисёр вақт аз ангуштони V ва IV маҳрум аст. Соид кӯтоҳ буда, ба ҷониби оринҷ хам мехӯрад. Фаъолияти даст нисбат ба К.-и соидӣ камтар халал меёбад. Дар аснои ҳама гуна К. панҷа ягон чизро дошта наметавонад.
К.-ро, одатан, бо усули редрессатсия ва гачбандии минбаъдаи он ислоҳ мекунанд. Барои рафъ сохтани К. ва барқарор гаштани фаъолияти панҷа масҳ, варзиши шифоӣ, физиотерапия низ муҳим аст. Дар мавридҳои зарурат ба ҷарроҳӣ низ рӯ меоранд. Ҳангоми ҷой надоштани ихтилоли вазнини фаъолияти асаб натиҷаи табобат, одатан, хуб аст.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

Лисейи Хилол

Лисейи “Ҳилол” дар ш. Душанбе

Лисейи ҲИЛОЛ ё худ онро низ гимназия ҳам меноманд, аз солҳои 2000-ум фаъолият намуда талабагонро …