Архивы за день : 06.01.2018

ГЕЛМИНТОЗХО

gelmintozi

ГЕЛМИНТОЗХО (Helminthosis), беморихои одам, хайвонот ва растани, ки гелминтхо (кирмхои паразит) ба вучуд меоранд. Г.-и одам вобаста ба ангезанда ба чунин гуруххо чудо мешаванд: трематодозхо (ангезандаашон трематодахо – киччахои маканда), сестодозхо (ангезандаашон сестодахо – тасмакирмхо), наматодозхо (ангезандаашон нематодахо – лундакирмхо) ва акантосефалёзхо (ангезандаашон акантосефалахо – кирмхои хорсар). Одам бештар ба …

Муфассал »

ГЕЛИОТЕРАПИЯ

gelioterapiya

ГЕЛИОТЕРАПИЯ (аз юн. helios – офтоб ва терапия), бо максади муолича ва пешгирии беморихо ба организми одам таъсир расондан ба тавассути нурхои офтоб; яке аз усулхои климатотерапия. Омили таъсирбахши Г. энергияи афканишоти электромагнитии Офтоб аст. Спектри афканишоти мазкурро ба ултрабунафш (УБ), рушнои ва инфрасурх (ИС) чудо мекунанд. Нурхои ИС-и спектри …

Муфассал »

ГЕЙНИТС Александр Владимирович

geynits

ГЕЙНИТС Александр Владимирович (тав. 29. 09. 1952, нох. Вахши вил. Хатлон), чаррох, доктори илми тиб (1994), проф. (1998). Хатмкардаи факултаи муоличавии ДДТТ (1975). Ординатори клиникии кафедраи чаррохии госпиталии ДДТТ (1975 – 77), чаррохи Беморхонаи клиникии чумхуриявии №1-и ш. Душанбе (1977 – 80), ассистент, дотсенти кафедраи чаррохии госпитали (1980 – 88), …

Муфассал »

ГЕМОБИЛИЯ

gemobiliya

ГЕМОБИЛИЯ (Haemobilia; аз гемо… ва bilis – талха), аз талхароха ба рохи меъдаю рудахо шоридани хун. Дар мавриди осеби пушидаи талхадон ва чигар, бемории санги талха, холесистит, саратон, думбал ва гемангиомаи чигар, аневризмаи артерияи чигар ва г. мушохида мешавад. Г. имкон дорад дар вакти пунксия (биопсия)-и чигар низ рух намояд. …

Муфассал »

ГЕМЕРАЛОПИЯ

gemeralopiya

ГЕМЕРАЛОПИЯ (Hemeralopia; аз юн. hemera – руз, alaos – кур, opos – чашм), шомгохон ва дар торики дида натавонистан; ниг. Шабкури.

Муфассал »

ГЕМАТУРИЯ

gematuriya

ГЕМАТУРИЯ (аз гем… ва uron – пешоб), бо пешоб хорич шудани хун; хунпешоби. Агар дар таркиби пешоб хунро бо чашм дидан мумкин бошад, пас онро макрогематурия меноманд; дар мавриди дар зери микроскоп ба мушохида расидани эритроситхо сухан аз боби микрогематурия меравад. Г. аломати бисёр беморихои рохи пешоб аст, мас., омос …

Муфассал »

ГЕМАТОМА

gematoma

ГЕМАТОМА (Haematoma; аз гем… ва …ома), хуномос, дар натичаи хунрави дар бофтахо ба дарачаи махдуд гун шудани хун. Г. хангоми кафидани раги хун, зарб хурдани он, ихтилоли лахтабандии хун ба вучуд меояд. Г. дар зери пуст, устухонпарда, мушакхо, пардахои луоби ва г. пайдо мешавад. Г.-и хурди сатхи окибати латхурии бофтахои …

Муфассал »

ГЕМАТОЛОГИЯ

gematology

ГЕМАТОЛОГИЯ (Haematologia; аз гемато… ва … логия), илми хуншиноси. Г. сохту вазифаи узвхои хунофар ва хунро дар холати эътидол ва беморихои мухталиф меомузад. Г. чараёни хунофари ва усулхои танзими онро тадкик намуда, ба омузиши масоили ташхис ва муоличаи системаи хун ва лахтабандии он машгул аст. Г. бо сохахои гуногуни тиб, …

Муфассал »

ГЕМАТО

gemato

ГЕМАТО…, гемо…, кисми таркибии калимахои мураккаб, ки ба хун нисбат доранд, мас., гематология, гематома, гематурия.

Муфассал »

ГЕМАРТРОЗ

gemartroz

ГЕМАРТРОЗ (Haemarthrosis; аз гемо… ва arthron – банд), хуншори дар чавфи банд. Бештар дар натичаи зарбу лат хурдан, гохо хангоми баъзе беморихо, мас., гемофилия ва зангила падид меояд. Дар аснои Г. бандхо варам карда, дардманд мешаванд; фаъолияти онхо махдуд мегардад. Бо максади расондани кумаки аввалин банди иллатиро сахт мебанданд, ба …

Муфассал »