Главная / Маданият ва санъат / Шеърхо дар васфи истиклолияти Точикистон

Шеърхо дар васфи истиклолияти Точикистон

Шеърхо дар бораи Истиклолияти Точикистон

БЕХТАРИН МАКТАБ

Чилваи парчами мо Истиклол,
Фарахи хар дами мо истиклол.
Максаду матлаби мо Исткилол.
Бехтарин мактаби мо Истиклол.

Хама фирузии мо Истиклол,
Рузи мо, рузии мо Истиклол.
Бод зебо Ватани номии мо,
Рамзи хушрузим мо Истиклол!
Муаллиф: Хаким Гуё

САНОИ ИСТИКЛОЛ

Хумоюн бод итиклоли точик,
Дили аз фахр молмоли точик.
Паёми сабз орад кафтари ишк,
Ба гуши миллати хушфоли точик.
Чахони точикон ранг дар ранг,
Хучаста мешавад икболи точик,
Тулуи тозааш омад дубора,
Зи баъди Оли Сомон, Оли точик.
Рахи фардои миллат гашт пурнур,

Зи файзи хандаи атфоли точик.
Ватандоро! Ватанро дуст медор,
Ватандори бувад омоли точик.
Ба Чоми Чам биёва бодаи мехр
Ки дар вахдат бувад икболи точик.
Кухансолу куханачдоду дахрем,
Набошад миллате амсоли точик.
Чахон донад, ки аз рузи азал буд,
Самарканду Бухоро моли точик,
Ба сар бояд давидан, эй азизон,
Ба побусии Истиклоли точик.
Муаллиф: Шахрия

ИСТИКЛОЛ

Бод истиклол човид
Дар фазои Точикистон.
Дар дили ман дар дили ту,
Хамватан, чун ишку дармон.

Сози Истиклол эъчод аст,
Миллати мо бас сарфароз аст.
Кафтари умеди зебояш,
Дар фазои сабзи парвоз аст.

Хандаи хуршеди Истиклол,
Файз мерезад ба чони мо.
Зиндаву поянда медорад,
Парчами сабзу забони мо.

Илму фарханг аст Истиклол,
Тахти авранг аст Истиклол.
Хамватан, бахри ману ту,
Парчами нанг аст истиклол
Муаллиф: Шахрия

ОРЗУИ ХОМ

Дар гами номуси миллат
Камтарин точик агар чун ман бисузад,
Аз фуруги рузи миллат
Бемухобо хонаи душман бисузад!
Бахри истиклоли миллат
Камтарин точик агар чун ман бисузад,
Аз тулуъи фоли миллат
Решаи манхуси Ахриман бисузад!
Дар рахи фардои миллат
Камтарин точик агар сидкан бисузад,
Бо сару савдои миллат
Кошки, эй кошки чун ман бисузад!
Муаллиф: Лоик Шерали (10.3.1996)

ИСТИКЛОЛ

Навин руз аст Истиклол,
Ки пируз аст Истиклол.
Зи кулли рузго вакт
Бехин руз аст Истиклол.
Муаллиф: Хаким Гуё

МУБОРАК ЧАШНИ ИСТИКЛОЛ

Чахондонис Истиклол,
Чахонхонист Истиклол,
Чахонсозит Истиклол.
Чахонибонист Истиклол.

Зи нури поки Истиклол
Саропо мо дурахшонем.
Ба рахи худшиносихо
Кадам мардона мемонем.

Ба амри поки Яздони,
Насиби мост Истиклол.
Хушо, имрузхам фардо
Хабиби мост Истиклол.

ИСТИКЛОЛИЯТ ЧИСТ?

Зиндаги дар ватанам озодист,
Нафаси дил ба танам озодист.
Мезанад болу бувад болида,
Маънии хар суханам озодист.
Гунча-гунча-ст хама вораста,
Бар-барги чаманам озодист.
Гулфишонист ба фасли дили манн,
Самари илму фанам озодист.
Дар Ватан пойгахи ачдодо
Гуй,Гуё, саханам озодист.
Муаллиф: Хаким Гуё

НИЁИШИ ИСТИКЛОЛ

Ба Истиклоли механ сачда орам,
Намозамро ба даргохаш гузорам.
Бихонам ояти шукронааш беш,
Ки хаст он хадяи Парвардигорам.

Бибусам парчами сабзи Ватанро,
Хазони дил равад, ояд бахорам.
Шабонгах бодаи мохаш бинушам,
Сабохаш бод доруи хуморам.

Агарчи баргу борам борхо рехт,
Хамоно такдарахти устуворам.
Зи шеъри ноби илхоми Худованд,
Маонии накуро Интизорам.

Шаходатномаи ман «Шохнома»-ст,
Ватан огози сабзи рузгорам.
Хуросони суханро шоире бод,
Чу Фирдавси бигуяд з-ифтихорам:

Ки оре, ориёиям ба олам,
Ва бошад Зардухишту Чам таборам.

—————-

ВАСФИ ИСТИКЛОЛ

Нурест ба дидагони мо Истиклол,
Зуре ба тану равони мо Истиклол.
Як миллати пошхурдаро чамъ овард,
Пайвандгарди чахони мо Истиклол.

Бо пайки хушаш хама Ватансоз шудем,
Ному насабу забони мо Истиклол.
Сохибватанему сохиби кисмати хеш,
Муъчизаи шаъну шони мо Истиклол.

Равшан шуда аз чароги чашмаш рохи мо,
Мохест дар осмони мо Истиклол.
Эй хамклами азиз, васфаш бисаро,
Зебоии достони мо Истиклол.

Шукрона, ки дар канори у масрурем,
Ободии хонадони мо Истиклол.
Шахномаву Шахриёру Шахрия турост,
Точи шарафу нишони мо. Истиклол.
Муаллиф: Шахрия

РУДХОИ КУХИСТОН

Рудхо чун кудакони бепанох
Бемурабби хар кучо сарсон буданд.
Чун ятимон, чун гарибон ку ба ку
Дар талоши бахт саргардон буданд.

Сар ба сангу сахрахо мекуфтанд,
Нола мекарданд бар ахволи худ.
Аз миёни тангно мекофтанд
Рохи истиклолу истикболи худ.

Дар сарогози табодулхои давр,
Дар гузаргохи кадамхои замон
Бахрахо бурданду касб омухтанд
Рудхо хам мисли кухистониён.

Рудхо хам мисли фарзандони кух –
Чун сагирон дар сагирахонахо
Донишу фазлу хунар омухтанд
То шуданд имруз чун фарзонахо.

Гар Зарафшон зарфишони мекунад,
Вахш дар хар куй нурафшон шуда,
З-оби Ому даштхои сухта
Буда хушкистону богистон шуда.

Алгараз, хар руди саргардони кух
Ёфта ному нишони хешро.
Чун ятимоне, ки чумла хокиманд,
Ёфта як пора нони хешро…
Муаллиф: Лоик Шерали

МЕХРИ ВАТАН

Мероси азизи Оли Сомон дорад,
Ин равза, ки ном Точикистон дорад.
Нарм аст чу обу гили дилхо хокаш,
Мардони тузурги сахтпаймон дорад.

Вандори, борад, бо чахонист,
Вандори, борад, бо чахонист.
Вандори, борад, бо чахонист,
Вандори, борад, бо чахонист.

Точикистон кишвари хушманзар аст,
Бар сараш дар осмон хафт ахтар аст.
Мардумонаш мардуми бонангу ор,
Бо бузургон шухраи бахру бар аст.

Точикистони азизам, кишваи хушманзарам,
Аз дилу чонам туро, то хаст чон, мепарварам.
Хастии ту, хастии ман решапайванди хаманд,
То ки хастам, боги хастиро туи баргу барам.

Точикистони туй дорад, туйи истиклол,
Мекунад ёрони чонии худ истикбол.
Мешиносад кадрихудро дар хама холл,
месарояд сулху вахдатро зи икбол.

Точикистон, ту мулки озоди,
Точикистон, ту мулки ободи.
Точикистон, ту мулки шодоби,
Точикстон, ту худ худододи.

Точикистони азизам, манзилам,
Мехри ту бошад хамеша дар дилам.
Обу хоки ту бувад обу гилам,
Хар кучо бошам, ту хасти хосилам.

Ватан чун офтобе бар сари мост,
Ватан хам нону хону хам дар мост.
Ватан хам ифтихори хастии мо,
Ватан хам нури чашму модари мост.

Ватандорист истклол,
Ватансозист истклол.
Ватанро дуст медорем,
Ватанбонист истиклол.

Шукронаи нони Точикистон,
Шукронаи хони Точикичтон
Шукронаи обу хуш хавояш.
Шукронаи шони точикистон,

Точикистон сарзаминам,
Кишвари зарофаринам.
Мехри ту чун мехри модар
Хат доим дар замирам.

Ватан модар, хамеша мехрубони,
Чу мехри модарон дорам туро дуст,
Ба мисли модарон дорам туро дуст,
Ки мисли модарон бехтар зи чони.

Душанбе, дар барии ту манзили ман,
Бувад обу гилат обу гили ман.
Ба зебои туи зеботарин шахр,
Ту хасти шахри уммеди дили ман.
Муаллиф: Хаким Гуё

ВАСФИ ИСТИКЛОЛИЯТ

Месароям маснади волои истиклол,
Медамат хуршед аз фардои истиклол.
Зери бари минати гайре будан талх аст,
Коми мо ширин шуд аз хавлои истиклол.
Хафт шахри ишкро Аттор гашту лек,
Аз чахони ишк буд чуёи истиклол.
Пири Туси кард эхё то Хурусонам

Шохнома худ бувад эхёои истиклол.
Миллати мо зист бо фарханги андеша,
То музаффар гашт ба дунёи истиклол.
Кисса шуд шеъру забони шакари моро,
Шеъри мо дорад хама маънои истиклол.
Сурахои ишк орам ман ба номаш беш,
Оят-оят мекунам ифшои истиклол,
Хамватан ! Ай чони ман, дастобадаст имруз,
Сачда бояд кард хоки пои истиклол.

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …