Главная / Илм / ГЕЙНИТС Александр Владимирович

ГЕЙНИТС Александр Владимирович

geynitsГЕЙНИТС Александр Владимирович (тав. 29. 09. 1952, нох. Вахши вил. Хатлон), чаррох, доктори илми тиб (1994), проф. (1998). Хатмкардаи факултаи муоличавии ДДТТ (1975). Ординатори клиникии кафедраи чаррохии госпиталии ДДТТ (1975 – 77), чаррохи Беморхонаи клиникии чумхуриявии №1-и ш. Душанбе (1977 – 80), ассистент, дотсенти кафедраи чаррохии госпитали (1980 – 88), чонишини декани факултаи муоличави ва котиби масъули Шурои хамохангсозии илми назди ноиби ректор оид ба илми ДДТТ (1988 – 92). Ходими илми, рохбари шуъбаи клиники (1994 – 97) ва аз с. 2007 директори Маркази илмии давлатии тибби лазерии Вазорати тандурустии Федератсияи Россия. Дар мавзуи «Шифои захмхои гуногун дар шароити баландкух зери таъсири афканишоти лазери» рисолаи доктори дифоъ намудааст. Муаллифи 125 кори илми, аз чумла 4 монография, хамчунин 7 ихтироот ва зиёда аз 20 навоварист. Раиси Шурои диссертатсиявии назди Маркази илмии давлатии тибби лазери, раиси Шурои илми оид ба тибби лазерии АИТ ФР, муовини сармухаррири мачаллаи илмию амалии «Лазерная медицина», узви бюрои Ассотсиатсияи европои оид ба тибби лазери.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …