Главная / Илм / ГЕМАТОЛОГИЯ

ГЕМАТОЛОГИЯ

gematologyГЕМАТОЛОГИЯ (Haematologia; аз гемато… ва … логия), илми хуншиноси. Г. сохту вазифаи узвхои хунофар ва хунро дар холати эътидол ва беморихои мухталиф меомузад. Г. чараёни хунофари ва усулхои танзими онро тадкик намуда, ба омузиши масоили ташхис ва муоличаи системаи хун ва лахтабандии он машгул аст. Г. бо сохахои гуногуни тиб, аз чумла бо илми чаррохи, илми муолича (терапия), омосшиноси сахт алокаманд буда, комёбихои тибби назари ва амали, усулхои махсуси муоина (мас., пунксияи гиреххои лимфа, сипурз, чигар), инчунин воситахои тиббии замонави ва адвиёти аз хуни донор хосилшударо кор мефармояд.
Пайдоиши Г. ба кашфи хучайрахои хун – эритроситхо (М. Малпиги, 1661; А. Левенгук, 1673), лейкоситхо (У. Хюсон, 1673) ва тромбоситхо (Ж. Гайём, 1878; Ч. Биссотсерро, 1882) вобаста аст. С. 1892 олими рус И. И. Мечников фагоситоз ва сонитар олими немис А. Ашофф мавчудияти системаи ретикуло – эндотелиро кашф карда, дар омузиши хучайрахои хун сахми босазо гузоштанд. Давраи ибтидоии Г. ба тахкики камхуни (А. Аддисон, 1855; А. Бирмер, 1872) ва сафедхуни – лейкоз (Р. Вирхов, 1845; Э. Нейман, 1870) равона шуда буд.
Дар Точикистон Г. солхои 70-уми а. 20 ру ба таракки ниход. Олимони точик хусусиятхои холати муътадил ва номуътадили хун ва аъзои хунофарро дар шароити иклими гарму баландкух омухтанд. Дар чумхури Маркази илмии хун фаъолият дорад, ки корхои тадкикоти ва табобати мебарад. Бо унсурхои асосии хун таъмин намудани муассисахои тандурусти, кумаки трансфузиологи ба беморон, тайёр намудани мутахассисон, муоинаи маризон ва г. аз вазифахои асосии марказ аст.
Нишондодхои муоинаи гематологи барои ташхиси амрози чаррохиталаб, гинекологи, дохилибатни ва сирояти зарур мебошанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …