Главная / Чугрофия / КОМПЛЕКСХОИ ТАБИИИ МАХАЛ ВА ОНХОРО ТАГЙИРДОДАНИ ИНСОН

КОМПЛЕКСХОИ ТАБИИИ МАХАЛ ВА ОНХОРО ТАГЙИРДОДАНИ ИНСОН

Шумо медонед, ки комплексхои табий дар натичаи робита ва таъсири мутакобилаи чинсхои кухй, хаво, об, наботот, хайвонот ва хок ташаккул ёфтаанд. Комплексхои табиии махали шумо хам хамин тавр хосил шудаанд. Аммо комплексхон табии то маскун шудани ахоли намуди зохирии худро кам тагйир дода буданд.

Баробари афзудани микдори ахоли, зиёд шудани талаботи одамон ба хама гуна сарватхои табии (замин, об, дарахтони чубдиханда, сузишворй, хайвонотн шикорй ва гайра) ва инкишоф ёфтани олотхои нави истехсоли (мошину механизмхо) таъсири одам ба комплексхои табии торафт афзун гардид. Дарахтон бурида, хайвонот шикор карда шуданд.

zamin

Заминхоро обёри намуда, ба замини кишт ва богу токзор табдил доданд. Дар заминхои ба кор андохта шахру дехоти нав бино карда, ба суи онхо рох кушоданд ва симхои барку алока кашиданд. Дар натича намуди зохири (ландшафти табии)-и комплексхои табий тагйир ёфт. Онро комплекси табиии антропогени (бо дасти инсон бунёдшуда) меноманд. Хамаи ин тагйиротхоро мушохида карда, ба саволхои зерин чавоб дихед:

  1. Дар махали шумо кадом сохахои кишоварзи инкишоф ёфтаанд?
  2. Корхонахои махали шумо бо кадом намудхои ашёи хом кор мекунанд?
  3. Кадом намудхои сарвштхои табиии махали шумо бештар ба кор андохпш шудаанд?
  4. Истифодаи сарватхои табий ба табиати махали шумо чи гуна таъсир расондааст?
  5. Барои хифзи табиати махалапюн чи чорабинихо ба чо оварда мешаванд?

Инчунин кобед

xona

МАХАЛХОИ АХОЛИНИШИН

Хелхои махалхои ахолинншин. Давраи дуру дароз инсон аз табиат зич вобаста буд. Одамон гурух-гурух дар …