Главная / Илм / АНГИОМА

АНГИОМА

angiomaАНГИОМА (Angioma; аз ангио… ва …ома), омосест гайрисаратони. Аз рагхои хунгузар (гемангиома) ва лимфави (лимфангиома) ба вучуд меояд. А. дар узву бофтахои гунгогун (пуст, насчи зери пуст, чигар, мушакхо, устухон, майна, гурда) пайдо мешавад; баъзан ба микдори зиёд нуму меёбад. Дар мавриди бисёр будани А. онро ангиоматоз меноманд. Бемори бештар дар кудакон ба мушохида мерасад. А. омоси шаклу андозааш гуногун аст. Ранги гемангиома сурх ё сурхи кабудча мешавад; лимфангиома омоси беранг мебошад. А.-е, ки бофтахои пайвандии бисёр дорад, ангиофиброма меноманд.
Муоличаи А. бо усули чаррохи аст. Агар бурида дур кардани он имконнопазир бошад, аз термо- ва электрокоагулятсия, криотерапия, табобат бо изотопхои фосфор, кобалт ва сезий истифода мебаранд. Ниг. низ Омос.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …