Главная / Илм / ВЕЗИКУЛОПУСТУЛЁЗ

ВЕЗИКУЛОПУСТУЛЁЗ

vezikulopustulezВЕЗИКУЛОПУСТУЛЁЗ, илтихоби фасодии пуст. Ангезандаи он стафилококкхо, стрептококкхо, пневмококкхо, каламчамикроби руда ва г. мебошанд. В. бештар дар кудакони ширмак ба мушохида мерасад. Дар пуст обила (1 – 2 мм; пустула)-хои сершумори сурхранг пайдо мешаванд, ки даруни онхо моеъи тирагун дорад. Обилачахо дар чинхои зери каш, кадкашак, кисми муйдори сар, пушти гардан ва бадан падид меоянд; баъди 2 – 3 руз кафида ба захм табдил меёбанд, баъдан карахш мебанданд. Барои пайдоиши В. чалла (норасида) ба дунё омадан ва вазни кам доштани тифл, серараки, гизои сунъи ва г. мусоида мекунанд.
Кудаки беморро оббози дорондан мумкин нест; бо махлули гандзудои таъсираш суст чойхои солими пустро тоза мекунанд. Ба обилачахо махлули спирти ва обии рангхои анилини мемоланд.
М.С. Исоева.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …