Главная / Маданият ва санъат / Шеърхои бехтарин дар васфи Падар

Шеърхои бехтарин дар васфи Падар

Падарчон

Чи махбуби, чи чонони, падарчон!
Гули, ишки, дили, чони, падарчон.
Ба чашми ман зи хар чизе ки гуянд:
– Чи хуб аст ин! – бех аз они, падарчон.

Шафику дилпазиру мехрубони,
Рафики некмардони, падарчон.
Дар ин даврони торики ба дунё
‘Гу чун шамъи фурузони, падарчон.

nasihati-farzand

Хабиби мардуми аз по фитода,
Табиби дардмандони, падарчон.
Ба хар чое гарибе, мустамандест.
Ту хозир бахри эхсони, падарчон.

Ту садхо шахр аз ман дуру доим
Бари чашмам намоёни, падарчон.
Бувад зохир аз ин шоди, ки дорам,
Ки дар рухам ту пинхони, падарчон.

Навишти рузу шаб дар фуркати ман,
Зи чашмон гавхарафшони, падарчон.
Ту дони, умри ин дунё ду руз аст,
Чаро дигар парешони, падарчон.

Ба мардум хидмат афзунтар кун, ин ранч
Намеорад пушаймони, падарчон.
Ватанхохию мардумдустиро
Зи ту омухтам. Дони, падарчон –

Бидуни чун ту мардоне мухаккак.
Чахон фони шавад, фони, падарчон.

(Абдулкосим Лохути)

Мероси падар

Завк меангезадам табъи баландат, эй падар,
Шуъла меборад нигохи гулписандат, эй падар.
Хар мукофоте, ки аз фазлу хунар бигрифтаи,
Чилва дорад аз забони мехрхандат, эй падар.

Дидаам дар вакти падруду видои дустон,
Хотири ошуфтаву холи нажандат, эй падар.
Гусаат афзояд аз нокомии ахли башар,
Аз гами олам бисузад банд-бандат, эй падар.

Дар сафархо тушаи рохи чигарбандони туст,
Хар дуои тозаи хотирписандат, эй падар.
Укдаи дил мекушояд чораи тадбири ту.
Давлати сармад дихад андарзу пандат, эй падар.

Дар макоми одамият барнаоям аз рахат,
Дар чахон ин аст расми арчмандат, эй падар.
Номи некатро барам мерос бар авлоди худ.
Хам мабод асло сари сабзу баландат, эй падар.

 

Шеъри Падар

Чашмхои аз мухаббат нуршарар дорад падар,
Синаи монанди оташ шуълавар дорад падар.
Бо нигохи пай барад аз холати фарзанди худ,
Аз хама рози нихони дил хабар дорад падар.

Дар вучудаш заррае номардуми мавчуд нест,
Чуз чавонмарди кучо фикри дигар дорад падар.
Бахри икболу саодат дар набарди зиндаги
Аз сари чони азизи худ гузар дорад падар.

Дар бинои хонадон бар шахсутун монад хаме,
Рузгору хастии моро ба сар дорад падар.
Бар камоли фитрати  у сар бурун орад Али,
Дар ниходаш оламе фазлу хунар дорад падар.

(Али Бобочон)

Падар Шеър

Ин кадар бошанд азизу муътабар модар – падар,
Дар азизи хар яке ширинтаранд аз хамдигар.
Баски махрумам зи хурди ман зи мехри модари,
З-ин сабаб дорам падарро ман дучандон дусттар.

Гар падар гуям, бибинам пегаи чашмонам хамон
Комати болову шахси хоксору мехрубон,
Бахри фарзандони худ дилсузу гамхору анис,
Ростгу, хозирчавоб, озодаву ширинзабон.

Дар шаби танхоиаш танхо калам ёри падар,
Тарчима, хачву суруду опера кори падар.
Бо мухаббат байни хар як сатр метозад мудом,
Хобро харгиз надонад чашми бедори падар.

Менишастам.  Кудакон дар пахлуям бозикунон,
Диктор номи падар бигрифт ногах бар забон.
Гарчи хурсанди басо дидам ба умри худ, вале
Бори аввал ашки шоди гашт аз чашмам равон.

Чун кабутар дил тапид аз номи некуи падар,
Пеши чашмам чилвагар шуд акси дилчуи падар.
То фишорам дасти мехнатдустро фарзандвор,
Табъи болупаркушода мекашад суйи падар.

3-ин сабаб имруз ман бо хотири шод омадам,
Бахри табрики падар бар мулки обод омадам.
Баски бахри мурги фулодии мо рах як кадам,
Хестам аз чойи худ озоду озод омадам.

(Озод Аминова)

Дубайти дар васфи падар

Падар рафту ба ман панди падар монд,
Ба дил чун шуълаи шамси сахар монд.
Наку дорам, наку панди падарро,
Ки хамчун тушаи рохи сафар монд.

(Мамадалишо Хайдаршо)

Падар

Падар мегуфт: «Фарзандам,
Туй бахтам, чигарбандам.
Самар аз умр гар хохи
Нишин пешам, шунав пандам.

Хамин аст орзуи ман,
Ту фахри Точикистон шав.
Ту баъди ман ба ин кишвар
Нигахбон шав, нигахбон шав.

Хамин аст орзуи ман,
Далеру сарбаланд ои.
Ба некуи, ба дилчуи
Ба халки худ писанд ои.

Ба рузи шодии ёрон
Биханди, базм орои.
Ба рузи кулфати мардум
Гами боши, наосои.

Ба ноахлон наомези,
Ба бадкорон набахшои.
Барои дустон, аммо,
Чу гул лабханда бикшои.

Барои хифзи ному нанг
Ту фарзанди Ватан боши.
Ба дасти дуст гул гарди,
Ба душман нешзан боши.

Шави бедору бо ёрон
Шиносу хешу «ман» гуи.
Кушои дил, кушои чашм
Ватан гуй, Ватан гуй.

Садоят кухсоронро
Биларзонад, биларзонад.
Дили мехнатпарастонро
Бишуронад, бишуронад.

Нидои худшиносиат
Дили пиру чавон гирад.
Ватан гуй, садои ту
Замину осмон гирад».

(Шохмузаффар Ёдгори)

Номи падар

Падар харгиз ба худ шухрат намекофт,

Бикард у зиндаги бо хоксори.

Хар он чи ёфт, аз обу замин ёфт,

Замин омухт бар у бурдбори.

 

Ба чуз номаш, ки ман бо худ гирифтам,

Надорам ман аз у мероси дигар.

Шавам он лоики номи баландаш

Барам имруз умри хеш бар сар.

(Саидали Маъмур)

Падарам

Дасти пурмехри навозиш  ба сарам

Самари умраму умри писарам.

Хама ободии даргоху дарам…

Офтоби сари куху камарам,

 

Сузад аз бахри ту чону чигарам,

Надарам, эй падарам, эй падарам!

 

Хона асг аз туву мехмони мани,

Хотири чамъу парешони мани,

Порас абри гузар бар сари ман,

Абр не, ашк ба мижгони мани.

 

Шабнами субхию файзи сахарам,

Падарам, эй падарам, эй падарам!

 

Хама огози ту огози ман аст

Рухи ту шахпари парвози ман аст.

Такя бар давлати мехри ту, падар,

Такя бар давлати мехри Ватан аст.

 

Точи тиллоии давлат ба сарам,

Падарам, эй падарам, эй падарам!

(Хакназар Гоиб)

Ёди падар

Хар гах кунам ёди падар,

Бар ларза меояд дилам.

Гуё ки ларзон мешавад

Хар чубу санги манзилам.

 

Ман ёфтам чоху чалол,

Хастам зи неъмат бениёз.

 

Ояд садои нушбод

Аз гирди дастархони боз.

 

Аз хони ман аммо падар

Як бурда нон нохурда рафт.

То ин ки ман одам шавам,

Дарду гамамро хурда рафт.

 

Гар зинда мебуд ин замон

Бар душ мебардоштам.

Нуклу навои хешро

Болои каф медоштам.

 

Хайхот, ки илму амал

Кодир ба ин эъчоз нест.

Чун умр саранчом ёфт,

Онро дигар огоз нест.

 

Фарзандхо, доред азиз

Як умр гуфтори падар.

То ки нагардад як замон,

Дар зиндаги бори падар.

 

Бошад гаронтар, сахттар,

Зарби сухан аз зарби тег.

Харфи хушеро бахри у

Харгиз мадоредаш дарег.

 

То ки зи андоми шумо

Худро чавон бинад мудом.

Бовар кунад, ки дар чахон

Дорад нишоне бардавом…

Падар

Давлати ноёб хастед, эй падар,

Махзани одоб хастед, эй падар.

Харфатон дилро ба дил пайваст боз,

Чавхари камёб хастед, эй падар.

Мушикофи мекунед аз рохи дил,

Чун тавону дод хастед, эй падар.

Чун китоби панд бошад умратон,

Пири хар устод хастед, эй падар.

Умри ман бошад агар як сафхае,

Матлаи хар боб хастед, эй падар.

Давлати дунё ба мо ноёб не,

Давлати ноёб хастед, эй падар.

(Чонибек)

Панди падар

Падар рузе зи боби хикмату панд

Хадисе карду гуфто: -Эй чигарбанд,

Сипоси кадри инсон кори хайр аст,

Иноят бар ятимон кори хайр аст.

Ба дил накши сатире аз мазорест,

К-аз он дастур гирам рузгорест.

Навишта, к-эй хариси ганчи дунё,

Нигар бар санги руйи турбати мо.

Маноз аз ганчу чою хашмати хеш,

Бигир аз мо сабак бар киёмати хеш!

(Абдулло Кодири)

Буйи падар

Ёд омад пеши ру руйи падар,

Мисли барфи ёлахо муйи падар.

Ду равоки чашми у бар чашми ман,

Барки чашми ман ба абруйи падар.

Боз гуё мешуниди хар ду гуш

Пандхои ту иди некуйи падар:

«Сад такопуйн падар созад писар.

Он наарзад бар такопуйи падар.

Ёри нони сад ба чонат нон шавад,

У  надорад кимати муйн падар».

Киблаи обову чаддам Каъба аст»

Киблаи ман, дустон, суйи падар.

Хизрчуйхои мо аз гумрахист.

Як вачаб дар пешамон куйи падар.

Гар зи наздаш то ба гардун меравам.

Бар машомам мерасад буйи падар…

(Усмон Олим)

Падарам гуфт ба ман

Падарам гуфт ба ман.

Чони ман,  пораи хоки Ватан обод бикун.

Дар сари кишти падар.

Хона бунёд бикун.

 

Гар тавони дари он.

Суйи хуршед бисоз.

То ки хар субх дарояд ба умед,

Зи дари ту хуршед.

Панчаи гарм бимонад ба дару деворат,

Гармтар боз кунад оташи оташдонат.

Хонаат хонаи хуршед шавад,

Гармтар боз кунад тифлонат.

 

Нури хуршед пур аз файз кунад хонаи ту,

Чой гирад ба чахони дили ту.

Хечгах тира нахохад гардид,

Баъди ин манзили ту.

 

Падарам гуфт ба ман,

Дари худ чониби хуршеди шарар боз бикун.

Ончуноие ки дарат боз куни чониби дуст.

Суйи хуршеди сахар боз бикун.

 

Падарам гуфту аз ин пас боз аст,

Хар сахар чониби хуршеди сахархез дарам.

Гуй хар субх ба нури хуршед.

Медарояд зи дари хонаи бахтам падарам.

(Амонбек Шохзода)

Падар

То дида ба дидори падар духтаам ман,

Аз ташнагии мехру хаё сухтаам ман.

Якрохагиву якравию мардию неки,

Маъни хама аз гуфти ту омухтаам ман.

То тира набини рахи мардони рахиро

Бо амри ту машъал ба дил афрухтаам ман.

Сархам набудан пеши хама-хар касу нокас

Аз гуфтаю рафтори ту омухтаам ман.

Дуои падар

Яке даъво кунад гуяд, ки уро

Факат дар руйи одам симу зар бех.

Дигар гуяд даме то зиндаам ман,

Ба ман мероси бобову падар бех.

Яке гуяд зи симу моли мерос

Маро касбу хунар, дасти хунар бех.

Яке оташ парастад хамчу сугди,

Дигар гуяд, ки калбам бешарар бех.

  • -Маро дар хар кадам чун рахкушое

Дуои хайри некуи падар бех.

(Махсум Олими)

 

Падарам, шахсутуни хонаи ман,

Дару дарвозаи кошонаи ман,

Равам аз хона бурун осуда,

Падарам, давлати шохонаи ман.

 

То шавад сер зи руят назарам,

Чехраи поки туро менигарам.

Ту ба ин синну рухи нурони,

Офтоби сари кухи, падарам.

 

Пора ман аз дили бебоки туям,

Гарди домону хуни поки туям.

Ман давоми рахи тайкардаи ту.

Умри садсола шарафноки туям…

 

Падарам, давлати болои сарам,

Падари мехнатию барзгарам.

Шарафи Рохатию хонаи ман,

Падарам, эй падари муътабарам.

ззатулло Хусайни)

Нони падар

Эй бародар, хурдаи нони падар,

3-ин сабаб ту бош хамчони падар.

Устухони ту ба мехраш сабз шуд,

Сабз кун ту доим армони падар.

Дод бар ту нури чашми хешро,

Бош андар ахду паймони падар.

Бахри ту у гашта буд хуни чигар,

Ту хамон тифле ба домони падар.

Дар шумори дустдорон донадат,

Чони худро соз курбони падар…

(Абдусаттори Самеыъзод)

 

 

 

Тушаи мехр

Боли парвози ман аз лонаи туст,

Падарам, лонаи давлат ба сарам,

Шуълаи мехраму файзи сахарам,

Аввалии рахбари рахомузам.

Падарам, эй падарам.

Машъали бахти ман афрухтаи.

Чашм бар зиндагиам духтаи.

Ту зи хушбахтии ман бишкуфта,

Ту зи нокомии ман сухтаи,

Падарам муътабарам.

Боли парвози ман аз лонаи туст,

Ибтидои рахам аз хонаи туст,

Зиндагонии худ омухтаам,

Барге аз киссаву афсонаи туст.

Падарам, болу парам.

Тифли дирузаи ту бохунар аст,

Навнихоли ту кунун борвар аст.

Дасти ту дард набинад харгиз,

Боги парвардаи ту пурсамар аст.

Падари пурхунарам.

(Мохтоа Закирова)

Падар

Туи нури ду чашмонам, падарчон,

Азизу бехтар аз чонам, падарчон.

Дарахти умри ман бунёд карди,

Калиди бахти хандонам, падарчон.

Шуди рузе, ки чашмонам кушодам,

Табиби дарду дармонам, падарчон.

Чу аз тифли намуди баркамолам,

Ба даргохат хиромонам, падарчон.

Чу модар ранчи бисёре кашиди,

Хама он мехнатат донам, падарчон.

Агар пеш оядам шабхои зулмат.

Туи хуршеди тобонам, падарчон.

Намоям хизмати халку Ватанро,

Хамеша ман зи вичдонам, падарчон.

Газалхое бароят ёдгори

Сароям аз дилу чонам, падарчон.

(Мирзо Восеъ)

Инсони нотакрор

Зи марги нобахангомат, падар, бисёр месузам,

Ба худ мепечам аз андуху оташвор месузам.

Дар ин айёми наврузи, дили фарзанди худ сузи,

Ба мисли як чароги лола дар кухсор месузам.

Зи хоки сарди гури ту ба дил афтод як сузе,

Миёни оташи андухи одамхор месузам.

Ба даври хеш чуз торикии андух намебинам,

Мисоли ахтаре дар осмони тор месузам.

Дили ту монд аз кору дили ман гашт гамбемор,

Барои он дили бекину беозор месузам.

Фаромуш кай шавад аз ёди ёрон хакталошиат,

Хамеша бахрат, эй инсони некукор, месузам.

(Рафоат Сайидахмадова)

Падар

Зиндаам хар лахза бо буйи падар,

Аз хама ру оварам суйи падар.

Чашми мах равшан шавад аз офтоб,

Чашми ман пурнур аз руйи падар.

Зар намехохам, ки андар панчаам

Зур дорам, зури неруйи падар.

Накш дар санг аст андарзаш ба ман,

Киммат аз нон панди некуйи падар.

То калон гаштам, чу мури лонакаш

Дидаам, эй бас таконуйи падар.

То шиносондам сияхро аз сафед.

Эй дарег, испед шуд муйи падар.

Хоки олам бар сарам ояд фуру,

По кашам гар аз сари куйи падар.

(Олимхон Исмати)

Хабибон

Аз навозишхою мехри модарам,

Руйи ман пардози алвони гирифт.

Аз саховатманди – мардии падар,

Мурги дил парвози кайхони гирифт.

 

Бо суруди «алла»-и худ модарам

Шодии тифлона бар ман ёд дод.

Бо талошу чидду чахди худ падар

Гайрате дар корзорон ёд дод.

 

Модарам бо нури чашми хирааш,

Рохи манро дар чахон равшан намуд

Дасти шахшули падар пур з-обила,

Дар дили ман шавки мехнатро фузуд.

 

Аз падар, модар ризо гардидаам.

Шуълахои мехри онхо дар дилам.

Ман ба хусни зиндаги дил бохта,

Бо таманнои хабибон зиндаам.

(Бобочон Нуров)

Ганчи волоям ту боши, эй падар

Нури маъвоям ту боши, эй падар,

Ганчи волоям ту боши, эй падар.

Хар нафас, хар рузи ту Навруз бод,

Оламороям ту боши, эй падар.

Бе ту андар зиндагони ташнаам,

Оби дарёям ту боши, эй падар.

Дасти ту сабз асту калби ту сафед,

Богу сахроям ту боши, эй падар.

Хонаам обод аз дидори туст,

Маъдани боям ту боши, эй падар.

Аз хама давлат, ки андар олам аст,

Хубу аълоям ту боши, эй падар.

Киблагохи мехрубонам, зинда бош,

Рохи фардоям ту боши, эй падар.

Панди ту волотар аз кони зар аст,

Пири хушроям ту боши, эй падар.

Падарчони азизи ман

Ба дидори ту пазмонам, падарчони азизи ман,

Намегарди ту мехмонам, падарчони азизи ман.

Зи ту омухтам дарси хадису ояти Куръон,

Чароги нури имонам, падарчони азизи ман.

Дарахти сабз бар кабри ту холо сояафкан шуд,

Сафои богу майдонам, падарчони азизи ман.

Зи панди беназират тору пудам дошт осоиш,

Ба сар хуршеди тобонам, падарчони азизи ман.

Ту рафтию чахон хусну зиёи хеш бо ту бурд,

Дурахши мохи кайхонам, падарчони азизи ман.

Ба хотир мерасад гуфтори неку китфу болоят,

Шукуху шавкату шонам, падарчони азизи ман.

Навиштам ар ду-се байте ба руйи сафхаи олам.

Туй огози девонам, падарчони азизи ман.

Зарифи бо дили пурдард дар ёди ту менонад,

Гулистони гулафшонам, падарчони азизи ман.

(Исмоил Зарифи)

Дарси падар

Бар хама хурду калон имдод мекарди падар.

Ту ятиму бекасонро шод мекарди падар.

Гандумат мемонд дар сахро агарчи нодарав,

Хирмани дармондахоро бод мекарди падар.

Дар вучуди тифдакони хеш бо аъмоли нек

Шеваи одамгари бунёд мекарди падар.

Чела мемондам ба рохи кабкхо дар чашмасор,

Кабкро аз чанги ман озод мекарди падар.

То алаф руяд ба моли халк дар куху даман,

Абрхоро аз фалак фарёд мекарди падар.

Чакмани ту буи борону гиёху зира дошт,

Козаи худро ту атробод мекарди падар.

Дафтари машкк ту буд авроки сайту пуштахо,

Бо асоят гуиё эчод мекарди падар.

Хеч кас чун ту саводи кухпаймои надошт,

Сатри хар пайрохаро азёд мекарди падар.

(Равшани Хамрох)

Дар чанозаи падар

Падарчон, аз гамат бо дидаи хунбор мегирям,

Ба калби пургаму бо синаи афгор мегирям.

Чу шамъи анчуман бо хасрати бисёр мегирям,

Мисоли булбули озурда дар гулзор мегирям,

Падарчоно, ба рузи мотамат ман зор мегирям.

Дарего, аз барои мо хамеша мехрубон буди,

Хирадманду латифу хушдилу ширинзабон буди,

Барои хотири мо чумла дар суду зиён буди,

Чу шамъи анчуман андар бари мо нурфишон буди,

Падарчоно, ба рузи мотамат ман зор мегирям.

 

Кучо шуд он назокатхову рафтори накуй ту,

Кучо шуд зеббахши мачлиси мо лола руи ту,

Кучо шуд комати , чун кофур муи ту,

Кучо шуд аз баром рохати мо гуфтугуи ту,

Падарчоно, ба рузи мотамат ман юр мегирям.

 

Дарего, аз миёни мо ту бо  чандин хунар рафти,

Дарего, чун кавокиб аз назархо дар сахар рафти,

Дарего, бевасият ногах аз пеши назар рафти,

Дарего, эй падар, танхо ба рохи пурхатар рафти,

Падарчоно ба рузи мотамат ман зор мегирям.

 

Намозатро бихонданд чумлаги бо расму бо ойин,

Туро бурлаид аз пеши назар бо маркаби чубин,

Ба суйи хонаи кабрат басе аз мардуми бодин,

Нихоламд он тани нозук миёни хок бо тамкин,

Падарчоно, ба рузи мотамат ман зор мегирям.

 

Дарего, эй падар, бурди ту бо худ хусни дунёро,

Тароватхои рузафзуни садри мачлиси моро.

Магар аз хонаи худ бехтар диди ту укборо,

Ки бинмуди тихи аз партави дидори худ чоро,

Падарчоно, ба рузи мотамат ман зор мегирям.

 

Ба ёдам мерасад хар дам тиловатхои оётат,

Дуои баъди фарзу нолахои дар муночотат.

Барои нотавонон доимо гам хурдани зотат,

Хам аз ихлосу калби пок буди хар ибодотат,

Падарчоно, ба рузи мотамат ман зор мегирям.

 

Худованд аз карам созад бихишти адн чойи ту,

Хама нозу наъими худ бубахшад аз барои ту,

Зи оби Салсабилу Кавсараш созад атои ту,

Мушарраф аз чамоли бемисолаш хам сазои ту,

Падарчоно, ба рузи мотамат ман зор мсгнрям.

 

Бароят марсия Наккош бо хуни чигар гуфта,

Ба сузи синаву бо оху ашки чашми тар гуфта,

Ба алфози малеху хубу бо чандин хунар гуфта,

Хам аз бахри тасаллои дили худ ин кадар гуфта,

Падарчоно, ба рузи мотамат ман зор мегирям.

(Иброхими Наккош)

Падарчонам, кучо рафти?

Ту буди куввати чонам, падарчонам, кучо рафти?

Чароги бахту имонам, падарчонам, кучо рафти?

Падиди як даме рохат дар ин дунёи пурхасрат,

Чудо ногашта аз гурбат, падарчонам, кучо рафти?

Ман он фарзанди нокобил, ки будам аблаху чохил,

Чаро гаштам зи ту гофил, падарчонам, кучо рафти?

Накардам хизматат бо чон, ту буди як дамам мехмон.

Кунун мирам ба сад армон, падарчонам, кучо рафти?

Бимонд хакки ту бар чонам, чунин хайрону сарсонам,

Чи гардад кандани чонам, падарчонам, кучо рафти?

Имоми, илтичо дорам, ба ёрии Рабби гаффорам,

Бубахшад чурму кирдорам, падарчонам, кучо рафти?

(Гарибии Падруди)

Падар

Эй падар, бо комати пирона болои асо.

Дар дилат уммеди неку дар лабат мавчи дуо,

Коматат меларзаду бикшода ду дасти дуо,

Хар сахар дар рохи фардо мегуселони маро,

Эй падарчон, доимо бошад нигахбонат Худо!

Эй падар, аз кудаки дасти ману дасти ту буд,

Хандаи тифлонаи ман хандаи масти ту буд,

Пеши чашмам аз хама зебо каду басти ту буд,

Дасти ман бар дасти ту, мебурди манро хар кучо,

Эй падарчон, доимо бошад нигахбонат Худо!

Хар шабе то ман наоям, менишини пушти дар,

Бо дуоят мерасам пеши ту хар гах аз сафар,

Нахли умрам раста андар сояи умрат, падар.

То ту хасти, бар сари ман соябон хасти маро,

Эй падарчон доимо бошад нигахбонат Худо!

(Хидоятулох Рахмони)

Гилеми падар

Карда серам гушаи хони падар,

Устухонам сахт аз нони падар.

Кард мардам дар талоши зиндаги,

Боварии сахту имони иадар.

Гарчи дар дунё намегунчам дигар.

Дастаму пайванди домони падар.

Касри шоханшохи аз ман дил набурд.

Чун гилеми руйи айвони падар.

Дар димогам мерасад буйи бихишт.

Aз нумуи богу майдони падар.

Осмон во мегузорад бар фалак,

Дил кунад парнози кайхони падар.

Эй Худовандо. талабгорам зи ту,

Бод неку хотиру чони пддар.

(Абдухалим Самадзода)

 

Махбуби дилхо

Будаи махбуби дилхо, эй падар,

Кахрамону махфилоро, эй падар.

Хуфтаи имруз дар Дашти Адод,

Лек хасти бо ману мо, эй падар.

Шабчароги синаи тори мани,

Ходии бар суйи фардо. эй падар.

Нек донистам, ки буди бахри ман

Чашмасору руду дарё, эй падар.

Буд андарзат бароям чун шакар

Дилкашу хубу гуворо, эй падар.

То нафас бокистт, бо ман зиндаи,

Хасти чун нури хувайдо, эй падар.

Ёдгори умри ту Шайдои туст,

Дарди у сози мудово, эй падар.

(Мулло Курбони Шайдо)

 

Давлати бедор

Кош боши ба барам, давлати бедор, падар,

Марди пурзахмату нурхикмату пуркор, падар.

Аз сари субх пайи хизмати мардум буди.

Чоннисори рахи ашхоси фидокор, падар.

Хосили ранчи ту чун богу гулистон гардид,

Ошики сабзаю себаргаю гулзор, падар.

Шахси бадкеш зи лутфи суханат шармин буд,

Эй сахопешаю бекину накукор, падар.

Рафтию номи ту дар сахфаи таърих бимонд,

Сохиби шухрату хам дафтари ашъор, падар.

(Хикмат Розик)

 

Зиёи дил

Эй палар. эй равшании калбу хам кошонаам,

Дасти ту харгиз набошад дур зи руи шонаам!

Пеши руям чилвагар бошал кади дилчуи ту,

Шамъию дар пеши шамъи руи ту парвонаам.

Мехри ту дар синаам чун руд тугён мекунад,

Гарм бошад аз шуои нури руят хонаам.

Аз тy дорам дар тамоми руи олам ифтихор,

Зинда боши, раххнамои окилу фарзонаам.

Ман тасаввур менамоям дустдории туро,

Чунки хохи зиндагии шоду бедардонаам.

Хохамат умри дарози дар сарои рузгор.

Бо ту ширин аст, андар дахр хар афсонаам.

Дех дуо хар субх бар Шахнозаи наврохи худ,

То шавад саршор аз шодии дил паймонаам.

(Шахнозаи Сугди)

 

Гулхои савоб

Дар он чашмон, ки ин сон тутиёяш нест

Ва андар он на мардум мардумакхоянд,

Падар, эй оламе бо сирати обод,

Чу дору менамои сурататро банд.

Дар ин щахре, ки одамро набошад кадр,

Рухи одамгари чун бадр бинмои.

Ки то одамгари ёбанд чун тилло,

Ту эъчози шабони кадр бинмои.

Нихоли умрат аз одамгари бар дод,

Ба ин шахри калон ори варо савгот.

Барои хар калону хурд мебахши,

Кушода хони ру, бо лутфхо савгот.

Дар ин шахри рахгум ходиву рохи.

Ту имруз, эй падар, рохи гузар дори.

Ки то аз он суроги рохро донанд.

Ту гулхои савобе рах ба рах кори.

 

Ба ин шахри надида накши пойи Хизр,

Якин донам, назири Хизр меои.

Зи даргохи умедам хайр мехохам

Умелеро, ки мисли Хизр мепои.

(Искандари Рахмон)

 

Нони каноат

Роххои зиндаги дар чини ту,

Коматат пурхам зи бори зиндаги.

Гардхо дар чехраву рухсори ту.

Дар нигохат дарду доги зиндаги.

Умри худро карди сарфи ину он.

То надонем мо камию кости.

Рохи сахро, кори хона, богу рог.

Бас давиди, сухтию сохти.

Дар намозат аз Худо дори талаб

Файзу эхсон, хотири чамъи касон.

То ки боши аз шаётин дуртар.

Аз балою аз бади мони амон.

Доимо бардошта дасти дуо

Бар рахи неки хидоят мекуни.

То ки бошад ризки мо поку халол

Бар лаби ноне каноат мекуни.

(Саъдуллох Пардаев)

 

             Давлату икболи мо

 

Рахбару шахболи мо буди падар,

Давлату икболи мо буди падар.

Хурраму хандону шодон доимо

Бахри истикболи мо буди падар.

Зиндаги, т-осуда бошад бемалол.

Парвариш бинмуди бо нони халол.

Кор мекардию дар чор фасли сол,

Бехабар, к-аз холи мо буди падар.

Басти ногах бегумон рахти сафар,

Карди рехлат ту ба дунёи дигар.

Дар намозам ёд орам хар сахар,

Киблаи аъмоли мо буди падар.

(Давлатмурод Шарифи)

Дарси камолот

Хар  бахорон падарам дар ташвиш.

То ки дар бог биншонад.

Руйи хавли бе таманнову хавас

Гулу гулбуттаи нав руёнад.

Падарам гох китоб мехонад.

Гохи дигар нигарам, у ба намоз.

Як нафас нест бурун аз шугле.

Умри у дарси камол aсту ниёз.

Падарам буду набуди дунё.

Хама кораш, ки бувад тозу давс.

Бехтарин кор дар ин олами дун

Сабз гардонидани боги наве.

(Бибииззат Солехова)

 

Мероси падар

Эй падар, буду набуди сархати афсонаам.

Ифтихору муттакоям, шахсугуни хонаам,

Хонадорам, хонабонам, киблагохам, рахбарам.

Аз ту буд файзи хаётам, сарвати кошонаам.

Сояи дастат, дараго рафт ногах аз сарам,

Гашт пур паймонаи ту, пора шуд паймонаам.

Рафтани модар-палар мерос бошад гap ба кас,

Монд мерос аз ту бар ман олами фарзонаам.

Сзи торам чур буду авчи овозам баланд.

Тори торам канда гашту мавчи овозам шикаст.

Шохбайти досгонам буди андар ин чахон.

Лутфи байни зиндагони дар ба руйи ман бибаст.

Аз барам рафтию аммо монд андар хотирам.

Панду андарзат, ки бошад рахкушою рахбарам,

Бо дуоят сайр дорам дар масири зиндаги.

Ибрати рохи туро якумр бо худ мебарам

Дар намозат бахти  ман буд максади мавчи дуо-т.

То намоял нурборон рохи максуди маро.

Илтичо дорам зи даргохи Худо ин орзу.

То насиби тy бигардид чаннати дорулбахо.

 

Васфи падар

Агар модар сифоти чумла оламро сазовор аст.

Падар бо захмати чонаш хаётатро сабабгор аст.

Агар модар гами худро сабук аз ашк месозад.

Падар дар дил нихон дорад гами худ, гарчи саршор acт.

Кунад тифлони худро рахнамоиву саробони,

Падар бахти худододи ба фарзандон талабгор аст.

Хар он кас аз падар гирад дуои рохи умри худ.

Хамеша дар панохи сояи алтофи Додор аст.

Насихат инчунин гуям, шунав онрову панде гир;

Писар як качнигохе суяш андозад, гунахкор аст.

Агар кадри палар дони, писар кадри туро донад.

Касе донад агар инро, Худовандаш мададгор аст

 (Султонмуроди Одина)

 

Падарчон

Падарчонам, Худо ёрат, падарчон.

Фидои чашми беморат, падарчон.

Зи Додор илтичо дорам, ки дорад,

Маро бо файзи дидорат, падарчон.

Ду дасти ман чу аз домони дунё,

Зи домони ту медорад, падарчон.

Бупарварди ту бо нони халолам,

Зи ту чонам сафо дорад, падарчон.

Ба душат дафтари тифлони махтоб,

Гузашт умри сафоборат, падарчон.

Хазорон дил мунаввар гашту рушан,

Зи нури чашми бедорат, падарчон.

Зи инсон сохти ин сон ту инсон,

Муборак касби додорат, падарчон.

Басо бa  одам одам офариди,

Бакои умри подорат, падарчон.

Накуиро сафо доли ба гуфтор.

Ба рафтору ба пиндорат, падарчон.

Сутуни адл кардь комататро.

Ки дунёро нигах дорад, падарчон.

Надида халк бекорат даме хам,

Надида мур озорат падарчон.

Хама дар кор буди, буд даркор,

Сафои дасти заркорат падарчон.

Накарди хор умратро Худованд.

Насозад кошки хорат, падарчон.

амол Насрлло)

 

Рахнамои зиндаги

Нурн чашму сабри дил, хуршеди тобонам падар,

Муггакои рузгори нобасомонам падар.

Бахри фарзандон шуда хуни чигар он некном.

Дар хаёли зинлаги хотирпарешонам падар.

Рохи душвор аст бахри одами дунёи дун.

Мохтоби рохи мо хам дар шабистонам падар.

Муйи cap карда сафед ин гамгусори зинлаги,

Мехрубони ман дар ин дунёи армонам падар.

Бе падар авчу бароре нест дар тули хаёт,

Рахнамои зиндаги, зеби гулистонам падар.

Хар гахе, ки хотири уро парешон дидаам,

Бахри фардои писар хотирпарешонам падар.

Номи покат дар чахон машхур мебинам мудом,

Зеби дунёи хама фарзанди инсонам падар.

Аз  вафою мехри ту гуяд Рачабзод ин газал,

Булбули хушгуйи ман дарбогу бустонам падар.

 

Падар, маро дуо кун

 

Дар вакти навбахорон, падар, маро дуо кун.

Чуй файзи резаборон, падар, маро дуо кун.

Бо дидахои зорам хар лахза интизорам.

Чун барги сабзазорон, падар, маро дуо кун.

Ман дар гарибихоям дур аз канори ёрон,

Хангоми базми ёрон падар, маро дуо кун.

Ин шоми мо гарибон гуё сахар надорад,

Дар вакти субхгохон, падар, маро дуо кун.

Сад роз дар дили ман дар махфили гарибон,

Чун сузи роздорон, падар, маро дуо кун.

Ман ташнаи дуоям бо мехру бо вафоям,

Чун мехри дустдорон, падар, маро дуо кун.

Ман хоки пот хастам як умр, эй падарчон.

Дар сухбати бузургон, падар, маро дуо кун.

Аз рахмати Худо панд дунё, ки сабзазор аст.

Дар вакти навбахорон, падар, маро дуо кун.

(Ибод Рачаби)

 

Фирокномаи падар

Бо сактаи дил ту аз чахон бигзашти,

Шуд хасрати мо, падар, чавон бигзашти.

Гар зиндагият ба дахр осон нагузашт,

Осон ту вале, фариштасон бигзашти.

Хар гах, падар, аз ту бо алам ёд кунем.

Дар олами хок рухи ту шод кунем.

Гар сактаи дил бурд чавонат зи чахон,

Уммеди чавонии ту обод кунем.

 

Холо, ки падар шудем, худ бепадарем,

У кулфати мо кашиду мо бехабарем.

Дунё, дунё, ба мо бигу, эй дунё.

Бо карзи падар чи сон зи олам гузарем?!

 

Мехости, эй падар, ки шоир бошам,

Аз табъи баланди хеш шокир бошам.

Харгиз ба дилат набуд, ки аз гусса ба ту

Maн марсиягуйи рузи охир бошам.

(Аскар Хаким)

 

Чилои зиндаги

Хамчу хуршеди гуруби шомгох

Бо ду-се рузи ганимат мондаат,

Зиндагониро дихи рангу чило

Бо хама панди басо арзандаат.

 

Хаст дар ёдам зи панди гуфтаат:

«Душмани кас олами фони, на дуст».

Киштахои шодият рустанд, лек

Донахои кишти армонат наруст.

 

Дар набарди гарму сарди зиндаги,

Калби ту чун руди дех дар чуш буд.

То шавад пуробтар чуйи хаёт,

Умри ту хамсони тарма об шуд.

 

Бо накухохии беандозаат

Дар дили мардум бимони бархаёт.

Гар чу як афсона мегарди тамом,

Киматат хам поини афсона бод.

 

Накши ту бо неки монад баъди ту,

Во дуохои ту покам аз гунох.

Ту ганимат дар самои умри ман,

Хамчу хуршеди гуруби шомгох.

(Хусейнбой Додобой)

 

 

Хотири сабзи падар

Дар чахоне, ки на суду на зиён хохад монд.

Хар чи карди амали хайр, хамон хохад монл.

Дар сарои дудари омадану рафтани мо

Номи неки ту, падар, вирди забон хохад монд,

Оташи ишки барафрухтаат аз сари мехр

Дар диду дидаи мо шуълафишон хохад монд.

Рахкушоии ту дар синаи куху дарахо

Мухри мехри ту дар авроки замон хохад монд.

Чуйхое, ки ба азми ту пайи рузии халк

Аз дили санг равон гашт, равон хохад монд.

Хар нихоле, ки кад афрохт зи файзи амалат,

Дар бари куху камар аз ту нишон хохад монд.

Хотири сабзи ту бар мазраи ёди дигарон

Ёдгори ту зи умри гузарон хохад монд.

Баски аз давлати руйи ту хуморам нашикаст,

Догхо дар чигари реш нихон хохад монд.

Нигахи хасрати ман дар хаваси дидани ту

То ба фардои киёмат нигарон хохад монд.

(Хасани Султон)

 

Нома ба падар

Эй падар, кай мебиёй аз сафар?

Аз сафар кай мебиёй, эй падар?

Гуфта буди, зуд меои, вале

Дер карди, дер карди ин кадар?!

Зуд боз о, чон падар, чонон падар!

 

Гушу хуши додарам доим ба дар,

Хохарам дар интизорат зортар,

Ман худам хуниндил аз дурии ту,

Модари бечораам хунинчигар!

Зуд боз о, чон падар, чонон падар!

 

Эй барои мо зи чон арзандатар.

Бар Ватан боз о, ки дури бас дигар!

Бе сутуни коматат дар хонадон

Зиндаги моро гарон омад ба cap.

Зуд боз о, чон падар, чонон падар!

 

Дидани дидори ту армони мо,

Канда шуд дар рохи ту чашмони мо,

Гар биёи, аз фарах гул мекунад

Хонаю бому дару айвони мо.

Зуд боз о, чон падар, чонон падар!

(Чура Хошими)

 

Рузи мавлуди падар

Рузи мавлуд муборак, падарам,

Падари кобилу сохибназарам.

Чун хумо соя фикан бар сари ман,

Бо дуохои ту сохибзафарам.

Падаро, умр бубини чун Хизр,

Дасти таскини ту бодо ба сарам.

Нури чашм аст агарчи фарзанд,

Падарам, хасти ту нури басарам.

Рохати мо бувадат арзони,

Чон дихам, чони азизат бихарам.

Мо асои дами пирии туем,

Падарам, эй падари муътабарам.

Бо каду талъати пиронаи худ.

Солиён гард ба пеши назарам.

 

Падарчоно, муборак зодрузат,

Мунаввар бод субху шому рузат.

Тихи бод аз хазон бустони умрат,

Бувад пургул зимистону тамузат.

 

Муборак бод чашнат, эй падарчон,

Ба олам омади фасли зимистон.

Алайхи ин чахони гирдгардон

Шукуфон боши монанди гулистон.

  • *

Муборак зодрузат, эй падарчон,

Шуди тавлид айёми бахорон.

Хама лугфу хуши бодо ба комат,

Чахон бодо бароят богу бустон.

  • * *

Муборак солчашнат, эй падарчон,

Ба дунё омади дар тирамохон.

Набинад нахли умри ту хазонро,

Бимонад човидон сабзу шукуфон.

*        *        *

Падар, бо ин бузурги хоксори,

Муборак бод мавлуде, ки дори.

Ба тобистон ба дунё омади ту,

Аз ин ру, гармдил, хуршедвори.

 

 

 

Дар 63-солаги

Бидиди, эй падар, синни Паямбар,

Зи лугфу кисмати Аллохи акбар.

Бубини рохати фарзандхоро,

Фарогат бахшадат ин хонаву дар.

 

Муборак синни Хазрат, киблагохам,

Туй дар зиндагони Хизри рохам.

Бихохам бардаму хушнуд боши,

Азобу ранчхоятро нахохам.

 

Ба Рузи Артиши милли

Падар, бодо муборак Рузи Артиш,

Музаффар мони дар майдони санчиш,

Ба номи ту бихандад бахт хар чо,

Ба коми ту фалак ояд ба гардиш.

(Равшани Хамрох)

 

Падар

Падар, хастед шахси бехтаринам,

Шумо худ киблагохе дар каминам.

Шабе хобидаму хобам хамин аст:

Падар гуё ки дар Арши барин аст.

Падар исми наку асту мукаддас,

Барои ман хамин унвони у бас.

Падар зебандаи хар тую сур аст,

Ду рухсори падар саршори нур аст.

Чу ояд мушкиле «астагфируллох»,

Забон бо зикри Аллоху Сабур аст.

Падар, эй ибтидои номаи ман,

Шуморо меситояд хомаи ман.

(Гулафзо Саиди)

 

Чони ман падар

 

Эй ганчу давлату сару сомони ман падар,

Хун шуд дилам зи дарду ту дармони ман, падар.

Рохи сироти мустакимам додаи нишон.

Баъд аз Худой киблаи имони ман падар.

Гулхои нозбуй хама хубанду хушгиланд,

Чун чехраи ту, эй гули хандони ман, падар.

Яъкубро ду дида зи хасрат сафед гашт,

Чун гавхари ду дида нигахбони ман падар.

Бар гуссаву гаме, ки баногах расад маро,

Хар киммате, ки хаёт, харад чони ман падар.

Калбат шафику дидани руят бихишти ман,

Шодии ту чу Кавсару Ризвони ман, падар.

Парвардгор, умри накуяш ато намо,

Точи зарину шуълаи чашмони ман падар.

(Мехрафзои Сухроб)

 

Ёде аз падар

Падар, рафтиву ёди ту ба дил монд,

Пас аз ту харду пойи ман ба гил монд.

Тамоми муштахо, ки бидравиди,

Парешон дар бари зову чакил монд.

Нарафтам сархисоби зиндагони,

Ду гови чуфтиат охир сабил монд.

Барои хотира то рузи махшар

Сари гури падар санге Вакил монд.

(Абдувакил Рачаби)

 

                          Мехрнома

 

Падарчоно, чу месозам мазора,

Лаби кишту замини богу пушта,

Хати ризки тамоми хонавода,

Ба белу бо каланди ту навишта.

 

Туро аз файзи мехнат ризк афзун,

Хамеша чехраву хонат кушода.

Дар ин майдони разми зиндагони

Наяфти ту зи по, эй боирода.

 

Ба хар хатти чабину чехраи ту

Чи маънихои хасти гашта пинхон.

Чи догеву алам андар дили ту,

Бидонад кас, вале гуфтан-ш натвон.

 

Ба вакти фориг аз мехнат, падарчон,

Варак гардони осори ниёгон.

Дихи пандам, ки: «Эй чону чигарбанд,

Ба чуз неки намонад номи инсон».

(Фирузшохи Фароби)

 

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …